25 соли раҳбарии Ислом Каримов: «Субот, пешрафт ё ғафлат?»

Ба ҳукмронии Ислом Каримов дар Ӯзбакистон 25 сол пур шуд. Ӯро Маскав ба шеваи “гапзанон дар Политбюро” ба қудрат расонд, аммо кам монда буд, ки номзадияш нагузарад.

Ислом Каримови 76-сола чоряк қарн ба ин сӯ раҳбари Ӯзбакистон аст. Ба шеваи кори ӯ ва натиҷаи 25 соли раҳбарияш баҳои гуногун медиҳанд, вале бисёриҳо ҳамфикранд, ки ӯ тавонист субот, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти як кишвари паҳноварро, ки 30 миллион сокин дорад, таъмин намояд ва худ низ дар сари қудрат боқӣ бимонад. Ин дар ҳоле ки кам монда буд, номзадияш ба раҳбарии ҳизб аз тарафи Маскав пазируфта нашавад ва 23-юми июни соли 1989 санаи ба қудрат расиданаш нашавад.

“СОЛИ ҶАНГИ ЧАҲОРТАРАФА”

Тобистони соли 1989 барои Ӯзбакистон давраи душворе буд. Бозсозии горбачёвӣ на танҳо нерӯҳои хуфтаи сиёсиро бедор кардаву дар симои “Бирлик” ба саҳна овард, балки чандин низои қавмиро дар ин кишвар оташ дод. Танҳо дар “қазияи туркҳои месхетӣ” дар водии Фарғона дар моҳҳои май ва июни соли 1989 зиёда аз 100 нафар кушта ва беш аз 1000 тан захмӣ шуданд. Аз он пеш деҳқонони деҳаи Ҷумъабозори вилояти Самарқанд шӯриш бардоштанд ва барои саркӯб кардани онҳо аз артиш истифода шуд.

Худи Каримов дертар соли расиданаш ба қудратро “соли ҷанги чаҳортарафа” номид. Чанде баъд аз тасдиқ шуданаш дар мақоми Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ӯзбакистон, вай маҷбур шуд ба Намангон сафар кунад. Он ҳам дар ҳоле ки бинои кумитаи вилоятии ҳизб дар ин ҷо аз тарафи исломгароён ишғол шуда буд. Дар ин ҷо Тоҳир Юлдош ба рӯйи ӯ давид ва бо таҳқир “талабҳои мардум”-ро барояш расонд. Ин давраи шинохтани хатарҳо ба суботи кишвар ва қудрати шахсии Каримов буд.

"МАН БА ТУ, ТУ БА МАН"

Владимир Анишчев

Чандин манбаъ бар инанд, ки Каримовро аз анбӯҳи калоншавандаҳои Ӯзбакистон котиби дуюми Кумитаи Марказии ҳизби коммунист дар ин ҷумҳурӣ Владимир Анишчев боло кашид. Ин дар ҳоле буд, ки раҳбари Ӯзбакистон, Рафиқ Нишонов соли 1989 раиси Шӯрои миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуда ва курсияш холӣ монд. Наздиктарин шахс ба ин курсӣ котиби якуми вилояти Сурхондарë Солеҳҷон Мамарасулов буд. Аммо Анишчев раиси Госплан ё Кумитаи банақшагирии Ӯзбакистон Ислом Каримови 51-соларо бошитоб котиби вилояти Қашқадарë кард ва ӯро беҳтарин номзад донист. Анишчев, ки ҳоло бознишаста аст ва дар вилояти Воронежи Русия зиндагӣ мекунад, ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт: “Ман он вақт масъули кадрҳо будам. Масъалаи вориси Нишонов ҳанӯз хеле пеш аз кӯчидани ӯ ба Маскав баррасӣ шуда буд. Он вақт Ислом Каримовро, ки дар Госплан кор мекард, номзади муносиб донистем ва барои коромӯзӣ ба сифати котиби аввал ба обкоми Қашқадарë фиристодем.”

Ҷаҳонгир Муҳаммад, вакили пешини порлумони Ӯзбакистон ва муаллифи румони "ИАК" аз ҳаёти Каримов мегӯяд, Ислом Каримов ҳамеша аз Анишчев сипосгузор буд ва “қарзро ба қиёмат” намонд. Вақте Анишчев ба ришвахорӣ айбдор шуд, Каримов ӯро наҷот дод ва бесарусадо ба Русия гусел кард: “Каримов кадри Анишчев буд, аммо се нафари дигар ҳам ба курсии аввал номзад буданд ва яке аз онҳо Мамарасулов, ки бо сабабҳои номаълум аз номзадӣ даст кашид.”

Бино бар пажӯҳиши журналист Исмат Хушев котиби яукуми вилояти Сурхондарë Солеҳҷон Мамарасулов баъд аз ба қудрат расидани Каримов аз вазифа барканор шуд ва ба сахтиву машаққат зиста, аз ҷаҳон гузашт.

ХОТИРАҲОИ РАФИҚ НИШОНОВ

Раҳбари пешини Ӯзбакистон ва раиси собиқи Шӯрои миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Рафиқ Нишонов мегӯяд, дар Маскав бисёриҳо ба номзадии Ислом Каримов зид буданд: “Ҳатто Михаил Горбачёв ҳам гуфта буд, ки биёед, ин масъаларо ба таъхир гузорем.”

Рафиқ Нишонов

Нишонов, ки аз ин номзадӣ ҳимоят кардааст, пойи Эдуард Шеварнадзе ба миёна кашида, пуштибонии ӯро хостааст. Ин дар ҳоле ки котиби дигар Егор Лигачёв ҳам ба номзадии Каримов мухолиф будааст. Пас аз миёнаравии Шеварднадзе, Нишонов ба Горбчёв гуфтааст, ки вақт мегузарад, ҷумҳурӣ ноором аст ва ёфтани каси дигар мушкил ва ин шахсест, ки ба саволҳои пайдошуда ҷавоб дода метавонад. Он гоҳ Лигачев¸ Горбачев ва Разумовский ҷамъ шуда, машварат кардаанд ва бо назардошти вазъи рӯзи Ӯзбакистон ба таъин шудани Каримов “шартан” ризоият додаанд.

Вазири умури хориҷии СССР Эдуард Шеварднадзе он вақт аз тарафдорони сарсахти Каримов буд. Дар сӯҳбат бо Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ вай гуфт: “Ман ҳамон вақт ва ҳоло ҳам бар инам, ки интихоби ӯ кори дурусте буд. Он вақт чанд бор бо Каримов вохӯрда будам. Муносибат байни мо дӯстона буд.”

«ЗОЛИМИ БОМАЪРИФАТ»

Онҳое, ки он вақт аз сиёсатҳои Нишонов ва ҳабсу бадном шудани садҳо мансабори Ӯзбакистон, бӯҳрони туркҳои месхетӣ ва фишор ба исломгароёни навхоста норозӣ буданд, ба умеди ин буданд, ки Каримов сарвари беҳтар хоҳад буд. Яке аз раҳбарони Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон Муҳаммад Солеҳ танҳо баъд аз чандин соли сари қудрат омадани Каримов ба натиҷае расид, ки кишвар аз бад ба бадтар расидааст. Ин сабаб гашт, ки вай дар интихоботи президентии соли 1991 худро зидди Каримов номзад кард.

Бо гузашти айём ва зери фишори вазъият, ба гуфтаи президенти пешини Беларус Станислав Шушкевич, Каримов оқибат ба як «диктатори бомаърифат» табдил ёфт: «Каримов диктатор аст, аммо диктатори бомаърифат. Вай аз диктатори Беларус, ба назарам, каме беҳтар аст.»

Журналисти маскавӣ Александр Минкин, ки соли 1993 дар форуми Давос бо Каримов мусоҳиб шудааст, мегӯяд, аз ӯ пурсид, ки чаро ба равандҳои демократӣ дар Ӯзбакистон монеъ мешавад: «Ислом Каримов бо шунидаи вожаи «демократия» хашмгин шуд ва муште ба миз зада гуфт, «Шумо Ӯзбакистонро низ мисли Тоҷикистон оғушати хун дидан мехоҳед?»

КАРИМОВ ВА ТОҶИКИСТОН

Каримов ва Раҳмонов (1995)

Ин даврае буд, ки Каримов аввал бо номае барои Шӯрои амнияти Созмони Милал, сипас бо таблиғи сарони кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва махсусан раисиҷумҳури Русия Борис Елтсин, бо гуфтушунидҳои махфӣ бо чеҳраҳои сиёсӣ ва он гоҳ бо фиристодани нерӯ ва силоҳ ба Тоҷикистон дар ҷанги дохилии Тоҷикистон саҳм гирифт. Ҳарчанд мегуфт, ба хотири суботу оромии Тоҷикистон ин корро кард, вақте ҳукумат ва мухолифон дар Тоҷикистон бо ҳам сулҳ карданд, Тошканд ҳимояти худро аз ин созишнома дареғ дошт. Дар солҳои баъдӣ зимни муносибатҳои хусусии ду роҳбар ва тарҳи нерӯгоҳи Роғун равобити ду кишвари ҳамсоя ба сардтарин нуқта расид.

Каримов тавонист мухолифони худро ё аз кишвар ронад ё шикаст диҳад. Раиси Ҳизби демократии «Эрк»-и Ӯзбакистон Муҳаммад Солеҳ, ки дар ҳиҷрат ба сар мебарад, мегӯяд: «Биступанҷ сол пеш бо овардани Каримов ба сари қудрат мамлакат ва миллат фалаҷ шуд ё ки ба хоби ғафлат афтод. Хобе, ки 25 сол аст, давом дорад. Халқ аз хоб хезад, ин кобус ба поён хоҳад расид.