Дар Мурмански Русия як чархбол суқут кардааст

Дар натиҷаи суқути як чархболи русӣ дар вилояти Мурмански Русия бештар аз 10 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, чархболи Ми-8 бо 19 мусофир ва сарнишинонаш бинобар ҳавои номусоид шаби 1-уми июн суқут кардааст. Дар ин фалокат ду нафар зинда мондаанд. Мудири як ширкат ва аз ҷумла вазири муҳити зисти вилояти Мурманск дар ин чархбол будаанд.