Ба думболи вуруди аҳзоби мухолифи тақвияти ҳамгироӣ ба Порлумони Аврупо, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки сиёсатҳои ин созмонро бознигарӣ мекунанд. Ҳерман Ван Ромпуи, раиси иттиҳодия баъди нишасти сарони кишварҳои узв дар шаҳри Брюссел дар рӯзи 27-уми май гуфт, дар интихобот ба порлумони Аврупо, раъйдиҳандагон “паёми қавие” ба онҳо фиристоданд. Ҳерман Ван Ромпуи афзуд, дар ҳоле ки Аврупо аз бӯҳрони иқтисодӣ берун мешавад, бояд рушди иқтисодӣ офаридани ҷойҳои корӣ ва рақобатпазирӣ аз дастурҳои аслии кори Иттиҳодияи Аврупо бошад. Дар интихоботи ҳафтаи гузашта ба Порлумони Аврупо, аҳзоби миллатгаро ва гурӯҳҳои чапу ростгарои ифротӣ назар ба гузашта курсиҳои бештарро ба даст оварданд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон нишондиҳандаи хашми мардуми Аврупо аз бекории густурда, муҳоҷират ба ин минтақа ва ба шиддат коҳиш додани имтиёзҳои иҷтимоии дар кишварҳои узв аст.