Музокира барои раҳоии нозирони САҲА оғоз ёфтааст

Як ҳайати музокираи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо вориди шаҳри Славянски Украина шудааст, то дар бораи раҳоии 8 нозири ин созмон музокира анҷом диҳад. Ин 8 нафарро нируҳои ҷонибдори Русия боздошт кардаанд.

Ин ҳайат бо Вячеслав Пономарёв-шаҳрдори худхондаи шаҳри Славянск вориди музокира шудааст. Пономарёв мегӯяд, гурӯҳи нозирони байналмиллалии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки дар гаравгонии афроди вай мебошанд, “асирони ҷанг” дониста мешаванд.

Ин 8 нафар нозирони САҲА-ро баътар бо рӯзноманигорон нишон додаанд. Аксел Шнайдер-сарҳанги олмонӣ гуфтааст, ки ба аъзои ин гурӯҳ “касе даст нарасондааст”. Вай дар ин маврид боздошткунандагонро дар назар доштааст. Нозирон аз 4 олмонӣ, як шведӣ, як лаҳистонӣ, як донморкӣ ва як чех иборатанд.

Нозирони САҲА бар асоси мувофиқатномае, ки моҳи апрел дар Женев ба имзо расида буд, барои назорат бар иҷрои ин мувофиқатнома омада буданд.