Тамрини бесарнишинҳо дар Лоҳур

Дафтари матбуоти Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гуфт, тамрини ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи «Гранат» ва «Застава» дар шароити кӯҳсор рӯзи 28 март дар размоишгоҳи Лоҳур, 30-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон бо муваффақият доир шуд. Дафтари матбуоти пойгоҳи Русия мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин дар муддати 10 дақиқа, ки аз фурсати барояшон пешбинишуда 2 маротиба камтар аст, тавонистаанд барои парвоз ва нобуд кардани ҳадаф омода шаванд.
Суръати ҳавопаймоҳои бесарнишине, ки ахиран пойгоҳи Русия дастрас кард, 120 километр дар соат буда, онҳо метавонанд дар баландии 3 ҳазор метр парвоз кунанд. Тамрини ҳавопаймоҳо ба хотири омодагӣ ба размоишгоҳи густардае, ки пойгоҳи 201-ум бояд дар авоили моҳи апрел баргузор кунад, анҷом шудааст.
Мақомоти Русия дар моҳи феврал хабар доданд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистонро бо ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи «Застава», «Гранат» ва «Леер» тақвият мекунанд. Ин ҳавопаймоҳо сохти корхонаи "Ижмаш"-и Русия будаанд. Пойгоҳи 201 бо зери 7000 аскару афсар дар Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия ба ҳисоб меравад.