Наврӯзҳои Тоҷикистон дар як саф

Ман Қосимов Наврӯз Аҳлидинович 20-уми марти соли 1990 дар шаҳри Исфара дар деҳаи Ворух таваллуд шудаам! Номи маро падарам ва амаки калониам мондаанд. Барои он ки Иди Навруз буд. Номи худро дӯст медорам ва фахр мекунам, ки номи чунин зебо дорам! Ман иди Наврӯзро бениҳоят дӯст медорам ва ҳар сол пешвоз мегирам. Имсол дар шаҳри Новосибирски Русия таҷлил мекунам.

Салом Радиои Озодӣ Ин акси додарам Наврӯз аст, ки ҳоло 10 сол дорад ва хонандаи мактаби миёнаи рақами 1-и нохияи Шаҳритус мебошад. Наврӯзи мо 18-уми марти соли 2004 таваллуд шудааст ва дирӯз 10-солагиашро таҷлил кардем. Бо эҳтиром Шарофат Мамадназарова, муаллима, ш. Душанбе.