Ҷо Байден аз Полша ва Литва боздид мекунад

Ҷо Байден

Ҷо Байден-муоваини раиси ҷумҳури Амрико дар пасманзари бӯҳрони Украина вориди Варшава-пойтахти Полша шудааст. Боздиди вай ду рӯз аз Полша ва Литва идома меёбад. Вай бо Доналд Туск-нахуствазир ва Бронислав Коморовский-раиси ҷумҳури Полша мулоқот мекунад. Вай дар Варшава алоҳида бо Томас Ҳендрик Илвес-раиси ҷумҳури Эстония дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Байден дар идомаи боздиди худ рӯзи чаҳоршанбе дар Вилнюс-пойтахти Литва бо Далия Грибаускайте-раиси ҷумҳури Литва ва Андрис Берзинз-раиси ҷумҳури Латвия мулоқот хоҳад дошт.

Ин мулоқотҳо бо кишварҳои узви паймони НАТО бахше аз тавсеаи маъракаи ташвиқи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аст, ки аз таҷовуз ба Украина даст кашад. Латвия ва Эстония бо Русия марзи муштарак доранд. Полша ва Литва дар наздикии Русия ҷойгир шудаанд.