Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 42 медал (2 тилло, 8 нуқра ва 32 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Дар ин бозиҳо, ки бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шудаанд, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996 – 2000-ум аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш дохил аст. Варзишгарони наврас то рӯзи 20-уми сентябр мубориза мебаранд.
Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш дохил аст. Варзишгарони наврас то рӯзи 20-уми сентябр мубориза мебаранд.
Ҷой аз рӯи медалҳои тилло | Кишварҳо | Медалҳо | Ҷой аз рӯи шумораи медалҳо | |||
Тилло | Нуқра | Биринҷӣ | Ҳамагӣ | |||
1 | Русия | 95 | 52 | 21 | 168 | 1 |
2 | Қазоқистон | 49 | 62 | 32 | 143 | 2 |
3 | Беларус | 5 | 11 | 20 | 36 | 5 |
4 | Қирғизистон | 3 | 9 | 40 | 52 | 3 |
5 | Тоҷикистон | 2 | 8 | 32 | 42 | 4 |
Ҳамагӣ: | 154 | 142 | 145 | 441 |