Ҳимоятгари “Рубин” ба “Истиқлол” омад

Искандар Ҷалилов аз чап ва Муродҷон Умаров, мудири кулли бошгоҳи футболи «Истиқлол».

Ҳимоятгари бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон Искандар Ҷалилов дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад.
Ба иттилои Муродҷон Умаров, мудири кулли бошгоҳи футболи «Истиқлол», Искандар Ҷалилови 21-сола (қадаш 180 см, вазнаш 73 кг) то ахири сол ба иҷора гирифта шудааст. Вай 4-уми сентябр ба Душанбе омад ва дар ҳайати «Истиқлол» тамрин кард. Дар дастаи «Истиқлол» Искандар таҳти рақами 29 дар мобайни хатти дифоъ бозӣ хоҳад кард. Рӯзҳои наздик ӯ ба дархости бошгоҳ барои ширкат дар бозиҳои давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон ворид мешавад.

Искандар Ҷалилов 1-уми июни соли 1992 таваллуд шудааст. Маълумоти футболро вай дар мактаби варзишии бачагонаю наврасони бошгоҳи футболи ССКА –и Маскави Русия гирифтааст. Ӯ соли 2010 ба ҳайати ҷавонони «Рубин»-и Қазон шомил шуд ва дар муддати се сол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Русия 60 бозӣ анҷом дод. Ним соли ахир Искандар дар бошгоҳи «Турну-Северин»-и Руминия 11 бозӣ кардааст.