Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, соли гузашта дар вилоятҳои Хатлон 400, Суғд 130, Бадахшон 9 ва дар шаҳри Душанбе 26 синфхонаҳои фаннӣ таъсис ёфтааст.
Вақте мо ба озмоишгоҳи кимиёии мактаби 24-и шаҳри Душанбе ворид шудем, муаллим Азизбек Зумрадов таркиши бихроматия ва сар задани вулқонро ба хонандагони синфи 8 намоиш медод. Хонандагон дар атрофи муаллим ҷамъ омада, ин “мӯъҷиза”-ро бо шавқ тамошо мекарданд.
Ҳарчанд таҷҳизоти лаборатории мактаб аз соли 1978 боқӣ мондааст, муаллим талош мекард, дарси амалияш хотирмон ва шавқовар ҷараён гирад. Вай мегӯяд, барои таҷрибаҳои лабораторӣ на ҳамаи шароит мавҷуд аст ва зарур меояд, бо ончӣ дастрас аст, иктифо кард ва бисёре аз озмоишҳо маводи кимиёӣ намерасад.
Муаллим Зумрадов мегӯяд, маҷбур аст бисёре аз таҷрибаҳоро ба гунаи дигар анҷом диҳад. Вай бисёре аз реаксия ё вокунишҳои кимиёиро дар шакли навори видеоӣ аз шабакаи интернет гирифта, тавассути тахтаи электронӣ пешкаши хонандагон мекунад. Ба ақидаи ӯ, вазъ чандон бад нест, вале метавонист хеле беҳтар низ бошад: «Дар соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ» дар мактаби мо синфхонаи кимиёвӣ аз нав барқарор карда шуд ва бо компютер, принтер ва доскаи электронӣ таъмин гардид. Мо аз набудани маводи кимиёӣ танқисӣ мекашидем, зеро ҳамин гуна завод дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Солҳои пештар ин мавод барои дарсҳои лабораторӣ аз Узбакистон ворид мешуд, ки солҳои охир, ба фикрам, сарҳад иҷозат намедиҳад, то маводи кимёвӣ вориди кишвар шавад.»
Мактаббачагон низ шавқи зиёди худро ба дарсҳои амалӣ баён карда, мегӯянд, агар дигар фанҳо низ дар синфхона ва озмоишгоҳҳои махсус баргузор шаванд, таваҷҷӯҳи эшон ба омӯзиш бештар хоҳад гашт.
Шукрона Сафарова, хонандаи синфи 8-и мактаби таҳсилоти умумии 24-и шаҳри Душанбе қаноатмандии худро аз дарсҳои лабораторӣ баён карда мегӯяд, рӯзҳои дарси амалӣ ҳама ҳамсабақонаш ба дарс ҳозир мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, мактабиён мехоҳанд, озмоишгоҳи физика низ дошта бошанд: «Cинфхонаи физика дар мактаби мо ҳоло омода нашудааст ва моҳи сентябр омода мешавад. Муаллими физика ҳам дарсҳои амалӣ мегузаронанд, аммо на бо таҷҳизоти наву замонавӣ. Аз фанни биология бошад, муаллима ба мо тариқи манекенҳо узвҳои дохилӣ ва берунаи одамро нишон медиҳанд. Дар дарсҳои экология бошад ба тамошои табиат ва экскурсияҳо меравем, ки хело ҷолиб аст.»
Аммо мактаби 24 шояд дар бобати дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ як намунаи хуб бошад, чун дар бисёре аз мактабҳои дигар чунин шароит вуҷуд надорад. Гурӯҳе аз хонандагони синфи 10-и мактаби рақами 30-и шаҳри Душанбе, ки дар ҳавлии мактаб сӯҳбат доштанд, бо заҳрханд гуфтанд, ки «дарсҳои амалиямон аз фанни физика хелн ҷолиб мегузаранд. Муаллим ҳамаро дар тахта менависаду мо рӯбардор мекунем. Ҳамааш сад фоиз аст!»
Маълум буд, ки онҳо аз ин вазъ розӣ нестанд. Дар давоми ду рӯз дарсҳои амалии кимиё, физика ва биологияро дар 8 мактаби шаҳри Душанбе мушоҳида кардем. Ба сурати умумӣ, ин дарсҳо барои хонандагон шавқангез набуданд. Мудирони ин мактабҳо шикоят мекарданд, ки барои таълими баъзе фанҳо мутахассис надоранд, лабораторияшон куҳна ва фарсуд аст ва ғайра. Дар баъзе ҷойҳо бо баҳонаи надоштани иҷозатномаи мудирони шӯъбаҳои маориф ё ба вақти дигар гузаронида шудани дарс ба мо имкон надоданд аз синфхонаҳои лабараторӣ дидан кунем.
Раҳим Раҳимов, мутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯяд, «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» дар давоми солҳои 2012 ва 2013 аллаккай 50 дарсад иҷро шудааст ва ними боқимондаи он бояд то охири соли ҷорӣ амалӣ гардад. Аз соли 2011 инҷониб дар ҳудуди ноҳия 20 утоқи физика, 14 утоқ аз фаннӣ кимё, 5 утоқӣ аз фанни биология ва барои омӯзиши технологияи информатсионӣ бошад 12 утоқи дигар харидорӣ шудааст: «Асосан ҳаракат мекунем, ки аз ҳисоби грантҳо ва ёриҳои хориҷӣ синфхонаҳои фанниро харидорӣ кунем, аммо мутаассифона, шумораи онҳо хеле кам аст, ки аз ҷониби маблағҳои сарикасӣ мехарем.»
Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2012 дар кишвар 565 синфхонаҳои фаннӣ таъсис ёфта, нархи ҳар кадоми он аз 12 то 45 000 сомонист.
Вазифаи мо санҷиши ин иттилоъ набуд, аммо бо як нигоҳи сарироҳӣ ба 10 мактаби шаҳр метавон, ин арқомро зери шубҳа бурд. Ва чанде аз хонандагону хатмкунандагони макотиби деҳот аз манотиқи гуногуни кишвар гуфтанд, солҳои таҳсили худро ба таҷрибаҳои кимиёӣ ё физикӣ паси сар кардаанд.