Шарбатҳои қирғизӣ ҷои "сок"-ҳои ватаниро танг мекунанд

Бархе аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи шарбат аз шадид шудани рақобат дар бозори дохилӣ пас аз шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат изҳори нигаронӣ кардаанд.
Узвияти кишвар ба ин созмон пардохтҳои гумрукӣ ва таъруфаҳои воридотиро коҳиш дода, роҳро барои молу колои кишварҳои дигари Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат бозтар кард.

Олимҷон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, бархе аз намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи шарбат аз ҳуҷуми якбораи маҳсулоти истеҳсоли Қирғизистон нигаронанд: «Ҳоло ба гуфтаи истеҳсолотчиён аз Қирғизистон сокҳое ворид шуда истодаанд, ки 2 сомонӣ арзиш доранд. Ҳол он, ки истеҳсолкунандаҳои мо мегӯянд, танҳо арзиши истеҳсоли як қуттӣ шарбати онҳо 4 сомонӣ будааст.»

Ҷаноби Сафаров афзуд, пас аз ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ, мизони боҷҳои гумрукӣ барои як қатор маҳсулотҳо поин карда шудааст ва бинобар ин, ширкатҳои Қирғизистон ба бозори дохилӣ дастрасии бештар пайдо мекунанд. Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки ҷиҳати боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти дохилӣ, гурӯҳи вакилон ба навиштани лоиҳаи қонуни «Хоҷагидории биологӣ» машғуланд. Ҳадаф ин аст, ки сифати маҳсулоти дохилӣ то андозае боло равад, ки натанҳо дар дохили кишвар, балки дар берун аз он ҳам рақобат карда тавонад.

Дар суҳбат ба РО як масъули ширкати «Оби зуллол» гуфт, арзиши истеҳсоли як қутии шарбати онҳо 4 сомонӣ аст ва яклухт ба қиммати панҷ сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи вай, шарбатҳои истеҳсолнамудаи ин ширкат пурра аз меваҳои кишвар ҷабида гирифта шудааст ва таркибаш моеъҳои ивазкунандаи сунъии шарбат надорад. Ба гуфтаи вай, истеҳсолкунандагони Қазоқистону Қирғизистон аз моеъҳои ивазкунандаи сунъии шарбат истифода мекунанд ва дар ин кишварҳо шароити пешбурди бизнес осонтар аст. Бинобар ин, арзиши маҳсулоти ширкатҳои ин ду давлат поинтар буда дар бозори Тоҷикистон бартарӣ пайдо мекунанд.

Тибқи иттилои маркази маркетологҳо, дар Душанбе шарбатҳои истеҳсолкардаи ширкати «Оби зулол» дар ду соли охир ҷойгоҳи худро дар бозори дохилӣ пайдо кардаанд. Ба гуфтаи бозоршиносон, то ин замон шарбатҳои конбинати консерваи Исфара бинобар бозоргир набудани қуттӣ ва сифати маҳсулоташ, бо шарбатҳои машҳури «Добрый» рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ дар Тоҷикистони пур аз мева, мардум шарбатҳои Русияро менӯшиданд. Ҳарчанд истеҳсолкунандагони шарбат ҳамакнун дар бозори дохилӣ «ҷойи по» пайдо карданд бо мушкили дигар, яъне рақобати шадид аз хориҷи наздик рӯ ба рӯ шуданд.

Аммо Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, давлати Тоҷикистон дар назди СҶТ як қатор ӯҳдадориҳо дорад ва наметавонад онро сарфи назар кунад: «Тоҷикистон мустақилон пеши роҳи маҳсулоти арзони Қирғизистонро гирифта наметавонад. Чун Қирғизистон ҳам узви СҶТ аст ва ҳамаи масъалаҳоро мо бояд дар доираи СҶТ акнун ҳаллу фасл кунем.»

Дар ҳамин ҳол, иқтисодонҳои тоҷик мегӯянд, ширкатҳои дохилӣ дар ростои ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ нарх ва сифати маҳсулоташонро аз дигар таҳлил карда рақобатпазирии худро қавитар кунанд.

Собир Самиев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, вай асосеро дар гарон афтидани арзиши шарбатҳои ширкатҳои Тоҷикистон намебинад: «Бубинед дар мо нисбати Қирғизистон нархи барқ арзонтар аст. Қувваи корӣ ҳам нисбати онҳо арзонтар ҳасту гарон не. Ашёи хомро низ аз дохили кишвар мегиранд. Пас дар кадом асос арзиши аслии маҳсулоти онҳо гаронтар меафтад?»

Ҷаноби Самиев афзуд, агар сабаби гаронии маҳсулоти ширкатҳои дохилӣ аз андоз бошад, пас масъулони ин ширкатҳоро мебояд ин нуктаро асоснок кунанд, то ин ки давлати Тоҷикистон ба онҳо дар мавриди андоз сабукиҳо диҳад, зеро беҳтар аз ин роҳи ҳалле барои мушкили нави тавридкунандагони дохилӣ вуҷуд надорад.