Абдуллоҷоновро чӣ интизор аст: озодӣ ё истирдод?

Абдулмалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, мунтазири посухи расмии додситонии Украина дар мавриди ҳукми ҳабси истирдодии Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири ин кишвар аст.
Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод дар бораи таҳаввулот дар қазияи Абдуллоҷонов ҳанӯз расман огоҳ карда нашудааст: «Аз додситонии кулли Украина то ба ҳол ба мо ягон мактуби расмӣ ворид нашудааст. Дар ин гуна маворид ҷониби дигар ҳатман ба мо ягон мактуб мефиристанд. Сипас мо назари худро хоҳем гуфт.»

15-уми март додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киеви Украина ҳукм баровард, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистон то замони ҳалли масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон ҳадди аксар то 12 моҳ дар ҳабси истирдодӣ бимонад. Ин қарор ҳанӯз истирдоди ҳатмиро дар назар надорад, балки Абдумалик Абдуллоҷонов танҳо то баррасии парвандаи истирдодаш пушти панҷара хоҳад буд.

Зимнан, ин аввалин мавриди дар забонҳо уфтодани ҳабси истирдодӣ ва дар чунин қазияи пурсарусадо бо ширкати шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ба қавли ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов, ин вазъ дар ҳоле ба миён меояд, ки танҳо масъалаи истирдод матраҳ бошад, на дигар ҷузъиёт: «Муттаҳамонро айб эълон мекунанд, сипас ба ҳабс мегиранд, аммо Абдуллоҷоновро танҳо ба хотири он, ки масъалаи истирдодашро бинанд, дар ҳабс нигоҳ медоранд, яъне алайҳи ӯ ягон айб эълон нашудааст.»

Абдуллоҷонов пас аз мурофиа ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Посухҳои Абдуллоҷонов ба суолҳои хабанигорон


Абдумалик Абдуллоҷонов, аввалин сарвазири ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва рақиби ӯ дар интихоботи президентии соли 1994 дар Украина 5-уми феврали соли равон боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, кӯшиши ғасби ҳокимият ва сирқати моликияти давлат айбдор карда, аз Украина истирдоди ӯро хостаанд. Аммо худи Абдуллоҷонов мегӯяд, ин иттиҳомот ангезаи сиёсӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар инанд, ки чархиши нав дар қазияи Абдуллоҷонов ба сафари раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ба Тоҷикистон вобаста аст ва гумонҳоеро ба вуҷуд овард, ки шояд Янукович бо чунин “дастовез” ба дидори ҳамтои тоҷикаш хоҳад рафт. Ин сафар бояд 17-уми март сурат мегирифт, аммо бино ба хабарҳо, то моҳи апрел мавқуф гузошта шудааст.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, қазияи Абдуллоҷонов Украинаро, ки раҳбарии САҲА-ро дар соли равон ба зимма дорад, пешорӯи интихоби вазнин қарор додааст: «Онҳо мехоҳанд дар даврони раёсат худро ба 56 кишвари дигари САҲА ҳамчун кишвари рӯ ба демократияву мардумсолорӣ муаррифӣ кунанд. Аз ҷониби дигар, равобити иқтисодии Украина бо Тоҷикистон содда нест. Тоҷикистон дар дурнамо бузургтарин харидори тавлидоти корхонаи Харков аст, ки ба истеҳсоли таҷҳизот барои нерӯгоҳҳо машғул аст ва ин кишвар тасмим дорад барои даҳҳо тарҳи бузурги миёнааш маҳз маҳсулоти ин корхонаро харидорӣ кунад».

Аммо иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки ҳифзи Абдуллоҷонов дар ҳабс дар Украина шояд як гуна муомилаи дуҷониба барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои ӯ дар арафаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бошад. Ба назари бисёриҳо, худи Абдуллоҷонов ҳамчун шахсияти сиёсӣ дигар чандон матраҳ нест, вале метавонад дигар мухолифини эҳтимолии ҳукуматро таъмини молӣ кунад.

Ба бовари таҳлилгарон, баъид нест, агар ӯро дар Украина то анҷоми интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурӣ нигоҳ доранд. Хоса дар ҳоле, ки ҳукми додгоҳи Киев ҳабси истирдодии Абдуллоҷоновро ба муддати то як сол иҷозат медиҳад. Ба ин тартиб, ба таъбири маъруфи тоҷикӣ, «ҳам ганҷ ба даст меояд ва ҳам ёр намеранҷад».