Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби "Қонун дар бораи маориф" дар самти боло бурдани нақш ва обрӯи омӯзгор дар ҷомеъа иқдом кард.
Бар пояи қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорони ҷавон акнун аз хидмати ҳарбӣ озод хоҳанд буд.
Дар қонуни нави маориф ҳамчунин мӯҳлати гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил то соли 2020 мавқуф гузошта шуд ва ба роҳкорҳои боло бурдани эътибори омӯзгор дар ҷомеа ишораҳо сурат гирифт.
Тарҳи мазкурро рӯзи 6-уми март Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонд. Пас аз муаррифии лоиҳаи қонуни маориф дар назди вакилон, Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт:
”Бинобар камбуди муаллимон дар макотиби миёна, омӯзгорони ҷавон аз хидмат дар артиш озод карда шуданд. Чунки ба артиш ҷалб шудани як омӯзгори ҷавон маънои бе муаллим мондани 20-25 нафарро хонандаро дорад. Агар омӯзгори ҷавоне ба артиш даъват шавад, ӯ бояд вазорати маорифро огоҳ созад ва мо ҳатман ба прокуратураи ҳарбӣ ҷиҳати ғайриқонунӣ ба артиш даъват шудани вай нома ирсол хоҳем кард.»
Ҷаноби Саидов дар идомаи сӯҳбаташ иброз дошт, ки сабаби таъхир дар ҷорӣ кардани низоми 12-солаи таҳсил, ба серхарҷии он бастагӣ дорад ва имкониятҳои буҷаи давлатии Тоҷикистон барои иҷрои он то соли 2020 маҳдуд боқӣ хоҳанд монд.
Яке аз нуктаҳои тозаи қонуни нави маориф, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа рабт дорад. Бар пояи ин қонун, шаъну шарафи омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор гирифта, дар сурати таҳқиру иҳонат ба ӯ, афроди гунаҳкор муҷозот хоҳанд шуд.
Қонуни нави маориф ба омӯгорон, ба хусус ба муаллимони ҷавон як зумра имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла барои омӯзгорони ҷавон , ки дар макотиби деҳот фаъолият мекунанд, ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзил, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мувофиқи қонуни мазкур, омӯзгорон бояд ҳамчун саҳҳоми хоҷагии деҳқонии маҳаллӣ пазируфта шуда аз даромади ин хоҷагӣ ҳиссаи худро бигиранд.
Тахсиси иловапулӣ барои омӯзгороне, ки дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва шароити душворӣ табиӣ кор мекунанд, аз ҷумлаи дигар имтиёзҳое мебошад, ки қонуни мазкур пешбинӣ кардааст.
Дар рафти баррасии қонуни мазкур Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон бо ҷонибдорӣ аз қонуни мазкур аз вазири маорифи кишвар чунин суол кард:
“Талаботи қонуни мазкур нисбати сатҳу сифати китобҳои таълимӣ, сифати таълим ва иншооти таълимӣ хеле баланд аст. Аммо оё баъд аз тасвиби ин қонун ва соқит шудани қонуни қаблӣ, мо метавонем фавран талаботи қонуни навро дар амал татбиқ кунем. Боз нашавад, ки баъди қабули ин қонуни нав, доду фарёди кормандони маориф барояд?”
Дар посух ба пурсиши ин намояндаи мардумӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки ҳоло дар кишвар таҳияи китобҳои дарсии насли нав ҷараён дошта, нашри онҳо охири соли 2014 оғоз мегардад.
Қонуни нави маориф аз тарафи гурӯҳи мутахассисон ва ҳуқуқшиносон омода шуда, барои такмили он зиёда аз 1050 пешниҳод ирсол гашта буд, ки гуфта мешавад, бештарашон ба тарҳи ниҳоӣ ворид шудаанд.
Дар қонуни нави маориф ҳамчунин мӯҳлати гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил то соли 2020 мавқуф гузошта шуд ва ба роҳкорҳои боло бурдани эътибори омӯзгор дар ҷомеа ишораҳо сурат гирифт.
Тарҳи мазкурро рӯзи 6-уми март Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонд. Пас аз муаррифии лоиҳаи қонуни маориф дар назди вакилон, Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт:
Ҷаноби Саидов дар идомаи сӯҳбаташ иброз дошт, ки сабаби таъхир дар ҷорӣ кардани низоми 12-солаи таҳсил, ба серхарҷии он бастагӣ дорад ва имкониятҳои буҷаи давлатии Тоҷикистон барои иҷрои он то соли 2020 маҳдуд боқӣ хоҳанд монд.
Яке аз нуктаҳои тозаи қонуни нави маориф, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа рабт дорад. Бар пояи ин қонун, шаъну шарафи омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор гирифта, дар сурати таҳқиру иҳонат ба ӯ, афроди гунаҳкор муҷозот хоҳанд шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад