Натоиҷи бозиҳои санҷишии дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон

Бозиҳои санҷишии бошгоҳҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол идома доранд.
Бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар аввалин бозии санҷишӣ таҳти раҳбарии Мубин Эргашев, сармураббии нави даста, бар тими «Эсхата»-и Хуҷанд, ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти вилояти Суғд, бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Голҳои “Хуҷанд”-ро бозигарони нави даста Юсуф Рабиев (собиқ ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе), легионери русиягӣ Руслан Кузнетсов (собиқ бозигари “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров) ва Далер Аҳмадов заданд.

Дастаи “Хуҷанд” рӯзи 16-уми феврал бо тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ҳамин ҳол дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тамрин мекунад, бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Дастаи «Истиқлол» бо роҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович дар бозии санҷишӣ бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (сармураббии даста Муҳаммад Ҷӯраев) бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад. Тӯбҳоро аз дастаи “Истиқлол” Иброҳим Рабимов, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев ва Умедҷон Шарифов ба ҳадаф расонданд. Як голи “Парвоз”-ро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, собиқ бозигари “Истиқлол”, зад.

Дарвоқеъ, ҳайати дастаи “Парвоз”-ро се бозигари нав – ҳимоятгар Алишер Шарифов ва нимҳимоятгар Фарҳод Холбеков, ки мӯҳлати шартномаашон бо бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба анҷом расид, инчунин, собиқ бозигари “Хайр”-и Ваҳдат Далер Шарифов пурра карданд. Ҳамчунин роҳбарони бошгоҳи “Парвоз” бо дарвозабони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев, ки муҳлати шартномаи ӯ бо бошгоҳи “Истиқлол” тамом шудааст, гуфтушунид доранд.

Дар пойтахти кишвар низ як бозии санҷишӣ баргузор шуд. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе (сармураббии даста Тоҳир Муъминов) бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе (сармураббии даста Ҳусейн Шодиев) бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард. Се голи “Энергетик”-ро Шавкати Ҳотам, ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҳадаф расонд ва “хет-трик” кард. Ду голи дигари “Энергетик”-ро Сорбон Карамов ва легионери нави нигериягӣ заданд. Як голи ССКА “Помир”-ро ҳамлагар Низом Раҳимов (собиқ бозигари “Хайр”) ба нишон расонд.