Мирҳусейн Назриев мегӯяд, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки бо ҷиноҳи расмии Ҳизби сотсиалист бипайванданд.
Ҷиноҳи расмии Ҳизби сотсиалисти Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кардааст, ки ҷиноҳи сотсиалистҳои Мирҳусейн Назриев ба сафи онҳо бипайванданд.
Мирҳусейн Назриев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда, аммо гуфт, "то замоне ки посухи номаи худ аз Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар мавриди ғайриқонунӣ пора кардани ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро дарёфт накунем, ба ҳам нахоҳем омад."
Ҷиноҳи ҳизби сотсиалисти Мирҳусейн Назриев 7 соли пеш, ба дунболи ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро ҳизби қонунии сотсиалист шинохтани вазорати адлия ба ҳукумати кишвар ва додгоҳҳо шикоят бурд, аммо ба натиҷае нарасид. Ҷаноби Назриев мегӯяд, баъдан дар ин робита ба кумитаи ҳуқуқи башари СММ номае ирсол карданд.
Вай афзуд, дар ин шикоят аз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ хоста мешуд, ки ба куштори собиқ раиси порлумони Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Маҷлиси Олӣ ва асосгузори ҲСТ Сафаралӣ Кенҷаев дар соли 1999-ум, нақзи ҳуқуқи номзадони ҲСТ ба вакилии Маҷлиси Олӣ дар интихоботи порлумонии соли 2000-ум баъд аз мавқегирӣ алайҳи райъпурсии умумихалқии соли 2003-юм (бахусус додани ду мӯҳлати идоракунии ҳафтсола ба президент, аз миён бурдани таълиму табобати ройгон) расидагӣ кунад.
Мирҳусейн Назриев гуфт, дар охири соли 2011-ум Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ин номаи ҷиноҳи Назриевро баррасӣ карда ва посухи ба ин кумита пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷиноҳи Назриев баргардонд. Аммо ҷаноби Назриев гуфт, ҷиноҳи ӯ номаи дигаре ба кумитаи ҳуқуқи башари СММ навишта ва интизори посух аст.