Афроди алоҳида дар соли 2011 аз Русия ба кишварҳои СНГ 16 миллиарду 744 миллион доллар фиристодаанд. Ин дар муқоиса бо соли 2010 беш аз 3,2 миллиард доллар ё 20 фоиз бештар будааст. Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, соли гузашта аз Русия бештар аз ҳама муҳоҷирони узбак – 4,9 миллиард доллар – пул фиристода, Тоҷикистон бо 2 миллиарду 752 миллион доллар дар мақоми дувум аст. Камтар аз ҳама дар соли 2011 - ҳамагӣ 22 миллион доллар - аз Русия ба Туркманистон пул рафтааст.