Эрон ба сездаҳбадари муҳоҷирони афғон иҷоза надод

Урдугоҳи муҳоҷирони афғон дар Эрон.

Ба афғонҳое, ки дар шаҳри Исфаҳон ба сар мебаранд, рӯзи 1-уми апрел, ки дар Эрон рӯзи сездаҳбадар, яке аз суннатҳои Наврӯз буд, иҷозати сайругашт дар боғи шаҳрро надодаанд.
Дар рӯзи сездаҳбадар мардум дар Эрон маъмулан барои сайр ба дашту чаман ва боғҳо мераванд. Вале Ситоди тасҳилоти сафари Исфаҳон ҳанӯз рӯзи 30-уми март қарореро нашр кард, ки ба хотири “таъмини рафоҳи мардум” афғонҳоро аз сайругашт дар боғи кӯҳистонии Сӯфа манъ мекард.

Аҳмадризо Шофеӣ, як мақоми бахши пулиси ин ситод “ҳузури беш аз ҳадди афғонҳо” дар боғ дар солҳои қаблӣ ва “эҷоди фазои ноамнӣ барои хонаводаҳо”-ро далели судури чунин қарор ном бурдааст. Манзури оқои Шофеӣ, албатта, хонаводаҳои эронист.

Аммо ин қарор мояи мавҷи маҳкумиятҳо аз сӯи бархе эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет шудааст. Як нафар дар Facebook навишт, ки “ман ҳам афғонам.”

Эронии дигаре навишт, ки “дар воқеъ, шармам меояд аз чунин тасмим.” Бисёриҳо қарори мақомоти Исфаҳонро “нажодгароёна” ва “таҳқир”-и афғонҳое номидаанд, ки дар Эрон ба сар мебаранд. Эътирози рамзие алайҳи ин тасмим дар боғи Сӯфа низ сурат гирифтааст.

Аммо ин барои бори аввал нест, ки афғонҳо дар Эрон дучори табъиз мешаванд. Ҷамъи афғонҳои паноҳанда дар Эрон беш аз як миллион нафар баровард шуда, ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ низ аз оташи ҷанги Афғонистон ба Ҷумҳурии исломӣ паноҳ овардаанд.

Дар солҳои охир гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ нисбат ба онҳо, бахусус нисбат ба афғонҳое, ки ғайриқонунӣ вориди Эрон шудаанд, зиёд ба гӯш мерасад. Дар Youtube наворе нашр шуда, ки дар он зоҳиран сарбозони эронӣ ба ҷамъе аз афғонҳои боздоштшуда амр мекунанд, ки худро бикӯбанд ва ҳамроҳ ва бо садои баланд қасам бихӯранд ки: “Мо дигар ба Эрон намеоем.” Сарбозон ҳамин тавр, бо лаҳне таҳқиромез издиҳомро ҳар лаҳза амр мекунанд, ки аз ҷо баланд шаванд ва боз бишинанд.

Мақомоти Эрон маъмулан дар посух ба чунин интиқодҳо инро ёдрас мекунанд, ки Ҷумҳурии исломӣ тайи ду даҳсола мизбони беш аз 2 миллион паноҳҷӯи афғон буд ва барои саробонии ин мардум аз ҷомиаи байналмилалӣ кӯмаки андаке мегирифт.

Аммо дар солҳои охир шумори бузурге аз афғонҳоеро, ки ғайриқонунӣ вориди Эрон шудаанд, иҷборан ихроҷ карданд. Онҳое ҳам ки дар Эрон монданд, ҳаққи хеле маҳдуде доранд ва пайваста дучори табъиз мешаванд, ки як намунааш ҳамин қарори манъи сайругашти онҳо дар боғи Сӯфаи Исфаҳон дар рӯзи сездаҳбадар буд.