Имрӯз нишасти матбуотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баргузор шуд.
Давлат Назриев, сарвари раёсати таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин нишасти хабарӣ гуфт, дар бетартибиҳои Миср ягон шаҳрванди ин кишвар ширкат накардааст: “Диаспораи тоҷик дар воқеаҳо ва дигаргуниҳои кишвари иқомат иштирок накардааст ва ҳеҷ касе аз онҳо осеб ҳам надидааст. Диаспораи тоҷик дар Миср асосан аз донишҷӯён иборат аст. Ҳолати будубош ва таҳсили диаспора дар зери назорати сафорати Тоҷикистон дар Миср мебошад.”
Дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия оқои Назриев гуфт, омори мушаххас вуҷуд надорад, аммо аз рӯи иттилои дақиқе, ки дар даст ҳаст, аксари онҳо ин кишварро тарк кардаанд.
Оқои Назриев ҳамчунин ба қазияи ду ронандаи эронӣ, ки дар Тоҷикистон 10 моҳ банд монда буданд, рӯшанӣ андохт. Вай гуфт, ин ду ронанда, яке Сулаймон Бекӣ ва дигаре, Абдулло Карбалоии Ҳусейнӣ ба Тоҷикистон барои се ширкати тоҷикӣ –Милитсер энд Мюнх, Истфилд, Синон – 2010 мол оварда буданд. Аммо ин ҷо сари нархгузории мол ҳусни тафоҳум ҳосил намешавад ва ин ду ронандаи эронӣ дар Тоҷикистон мемонанд. Ба қавли ӯ, масъала шахсан бо ширкати Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҳал шуд.
Вай гуфт: «Мувофиқа шуд, ки вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон масъалаи додани раводид ва дастрасии иҷозати хориҷ шуданро аз қаламрави Тоҷикистон ба ронандагон мусоидат карда, ширкатҳои Милитсер энд Мюнх, Истфилд, Синон – 2010 ба ронандагон маблағи хароҷоти сафарро то Эрон пардохт намуданд.»
Ба қавли Давлат Назриев, ронандагони эронӣ чанд рӯзи пеш Тоҷикистонро ба азми Эрон тарк карданд.
Сарвари раёсати таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 20-солагии равобити ин кишвар бо САҲА низ сӯҳбат кард. Вай гуфт, САҲА дар рушди равандҳои демократӣ дар Тоҷикистонро нақши махсус дошт ва ҷонибҳо на фақат ба ислоҳи вазъ дар равобиташон муваффақ шуданд, балки САҲА тавонист симои мусбати Тоҷикистонро дар Аврупо ва созмонҳои байнулмилалӣ нишон диҳад.
Ҷаноби Назриев дар бораи 20-соли ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон, гуфт, ки пас аз 11-уми сентябри соли 2001, сатҳи ин равобит ба марҳалаи рӯ ба рушд ворид шудаанд ва ҳоло тиҷорати дуҷониба соли 2011 аз 93 миллион доллари соли 2010 ба 119 миллион доллар расидааст.