Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба хотири пешбурди хатти машши ягонаи сиёсати хориҷӣ, ба ҳукумат пешниҳодҳоеро омода кардааст.
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ниҳодҳои дигари ҳукумат бояд фаъолиятҳои хориҷии худро бо Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоҳанг кунанд, аммо қазияи халабонҳо заъфи ин ҳамкориҳоро ошкор кард.
Вай афзуд: «Ҳамон низоме, ки алъон вуҷуд дорад, бояд такмил ёбад ва пешниҳодоти вазорати хориҷӣ дар ин маврид омода шудааст ва онро мо ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Дар он пешниҳодот афзудани сатҳи ҳамоҳангсозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди табиқи сиёсати хориҷӣ инъикоси худашро хоҳад ёфт.»
Тибқи иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар асоси низомнома ва як қарори ҳукумат аз соли 2003, ки дигар сохторҳои давлатиро барои ҳамоҳангии фаъолият бо ин ниҳоди умури хориҷӣ масъул мекунад, фаъолият мекунад.
Аммо Абдунабӣ Сатторзода, сарвари раёсати сиёсат ва равобити иқтисоди хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳур ва муовини пешини вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи санадҳои мавҷуд, вазорат аз ҳуқуқи танзими сиёсати хориҷии кишвар комилан бархӯрдор аст: «Ҳар он чӣ вобаста ба сиёсати хориҷӣ аст, ниҳоди аслӣ ва асосӣ Вазорати корҳои хориҷӣ мебошад. Аз ин хотир, вазорат бояд салоҳиятҳои худро донад ва ҳамонро амалӣ кунад. Ба фикрам, ягон зарурати дигар барои боло бурдани масъулиятҳояш дар ҳамоҳангсозӣ нест.»
Аммо бино ба гуфтаи масъулин, қарори ҳукумат аз соли 2003 танҳо ҳузури намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ дар ҷаласаҳои ниҳодҳо бо намояндагони кишвару созмонҳои хориҷиро пешбинӣ кардааст.
Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ниҳодҳои дигар дар ҳоле ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд, ки сухан дар бораи ягон дипломат ё нафари расмии хориҷӣ дар Тоҷикистон равад, аммо бо шаҳрвандони оддии хориҷӣ худи ниҳодҳо метавонанд бар асоси ваколатҳои худ муносибат кунанд:
«Вазорати корҳои хориҷӣ аз рӯи ваколатҳои худ бояд бо муносибатҳои Тоҷикистону дигар кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ машғул шавад. Ба фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ,
аз ҷумла дастгир кардани ягон шаҳрванди хориҷӣ новобаста аз шаҳрванди кадом кишвар будан, вазорат дахолат карда наметавонад.»
Аммо ба иттилои мо, дар вазорати корҳои хориҷӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки қазияи халабонҳо ба далели таҷрибаи аввалин барои Тоҷикистон будан, бетаҷрибагии ниҳодҳои додситонӣ ва додгоҳиро бармало кард. Ба назари онҳо, дар чунин ҳол то баровардани ҳукм, ниҳодҳои масъул бояд бо Вазорати корҳои хориҷӣ машварат мекарданд, ки накарданд ва дар натиҷа қазияи халабонҳо аз сӯи ҳукумату сиёсатмадорони Русия алайҳи Тоҷикистону муҳоҷиринаш истифода шуд.
Онҳо мегӯянд, афзудани сатҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маҳдуд кардани фаъолияти ниҳодҳои дигар нест, балки пешбурди мавқегирӣ ё хатти машши ягонаи ниҳодҳои Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ тариқи машварат аст.
Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон ду халабони русу эстонро дар оғоз ба 8,5 сол равонаи зиндон кард, аммо пас аз фишорҳои мақомоти Русия, онҳоро бар асоси қонуни авф озод намуд, ки ба назари коршиносон, боиси хиҷолатзадагии Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилал шуд.
Вай афзуд: «Ҳамон низоме, ки алъон вуҷуд дорад, бояд такмил ёбад ва пешниҳодоти вазорати хориҷӣ дар ин маврид омода шудааст ва онро мо ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Дар он пешниҳодот афзудани сатҳи ҳамоҳангсозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди табиқи сиёсати хориҷӣ инъикоси худашро хоҳад ёфт.»
Тибқи иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар асоси низомнома ва як қарори ҳукумат аз соли 2003, ки дигар сохторҳои давлатиро барои ҳамоҳангии фаъолият бо ин ниҳоди умури хориҷӣ масъул мекунад, фаъолият мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад