Сафари қарибулвуқӯи Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон дар меҳвари матолиби бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе қарор гирифтааст.
“ИМРӮЗ НЮС”
Дар ин бора мақолаи «Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон меояд. Ҷанг меорад?»-ро чоп кардааст. Нашрия барномаи сафари хонум Клинтон ва мавзӯъоти матруҳа бо мақомоти Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. “Имрӯз нюс” ҳадафи сафари хонум Клинтон ба Тоҷикистонро чунин шарҳ додааст: “Мавзӯи аслии суҳбат таъмини субот дар Афғонистон аст. Зеро имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии Амрико берун шудан аз ботлоқи Афғонистон аст, ки айни ҳол ин кишвар дар он ғӯта задааст. Амрико тасмим дорад, бидуни зарар ва хисорот аз он ҷо барояд. Барои бе осеб баромадан аз Афғонистон барои амрикоиҳо аз ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа низ вобаста аст, аз ҷумла аз Узбакистону Тоҷикистон.”
“АЗИЯ-ПЛЮС”
Дар ҳошияи ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ муносибати мардум ба ин иқдомро мавриди пурсиш қарор додааст. Зеро ба навиштаи нашрия бо фаро расидани фасли зимистон таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аз мавзӯҳои рақами як ва калидӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки нафақахӯр, Хаймагул Эмомназарова, дар посух ба ин суол гуфтааст, «сабаби набуди барқро ба камии захираи об марбут медонанд, ки ин баҳонае беш нест. Фикр мекунам, масъулон ҳақиқатро аз мардум пинҳон медоранд.» Аммо Гулнора Ғозиева, омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе бар ин назар аст, ки «ҳеҷ гуна сабаби қатъи нерӯи барқро намебинам. Чун мақомот дар солҳои пеш мегуфтанд, ки нерӯгоҳҳо сохта нашудаанд. Аммо ҳоло ҳам нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва ҳам «Сангтӯда-2» фаъол шудаанд. Пас, иллат дар дигар ҷост.”
“ОЗОДАГОН”
Дар бораи ширкати «Барқи тоҷик», ниҳоде, ки бештарин эътирозҳо дар фасли сармо ба сӯяш равона мешавад, дар матлабе зери сарлавҳаи «Қарздор» навиштааст, ки «ин ширкат бо эъломи омор дар бораи қарздор будани ин ё он ширкату корхона ва мардум, норасоӣ дар таъмин ва қатъ шуданҳои барқро тавҷеҳ кардан мехост. Чун фасли сармо дар мекӯбад боз нигаронӣ аз қатъ шуданҳои барқ ва имкони эъломи қарздорӣ ба ширкати «Барқи тоҷик» авҷ хоҳад гирифт.» Аммо нашрия аз он изҳори ташвишу нигаронӣ кардааст, ки қарзи берунии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва бар пояи изҳороти масъулони ниҳодҳои молии байнулмилалӣ мизони қарзи берунии Тоҷикистон аз 2 миллирад доллар бештар шуд. Бештарин қарзи берунаи кишвар (беш аз 800 миллион доллар) аз Чин будааст. Нашрия ин суолро мегузорад, ки «оё кафолате ҳаст, ки фардо қарзхоҳии Чин дарди сарҳои зиёде барои фарзандони ин марзу бум ба бор намеорад? Охир аз иддаоҳои марзӣ ва таҳоҷуми молии Чин кишварҳои борҳо аз Тоҷикистон қудратмандтар эҳсоси хатар мекунанд.»
"МИЛЛАТ"
Пиромуни баргузории анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мақолаеро чоп карда ва ба он чунин ном гузоштааст: «Раиси журналистон ҳам бе рақобат интихоб шуд ё дигар аз ҳеҷ интихобу раҳбаре гила надорем.» Муаллифи матлаб Толибшоҳи Сайидзода бо иншои дидаву шунидаҳояш аз анҷумани ахир менависад, «банда чун дидам, ки вакилони Анҷуман ва ҳама аҳли толор мехоҳанд раиси Иттифоқи журналистон бе алтернатива интихоб шавад, ҷиҳати он ки зери танқиду маломат намонда бошем ва принсипҳои интихоботи демократӣ, ки як рукни он мавҷудияти алтернатива ҳаст, риоя шавад, аз ҷой боло шудам ва номзадии журналист Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзномаи «СССР»-ро дар радифи номзадии Акабари Саттор пешниҳод кардам. Албатта, Сайёф ба иллати нохубии саломатӣ номзадиашро бозпас хонд.» Дар идома муаллиф менависад, «мо журналистон ҳамеша раҳбаронеро, ки беалтернатива раис мешаванд, зиёд интиқод мекунем, вале дар анҷумани худ ин нуктаи муҳимро амдан хостем аз ёд бубарем ва ё нодида бигирем.»
"НИГОҲ"
Аз бидуни алтернатива интихоб шудани Акбари Саттор истиқбол карда ва ӯро «Журналисти даврони мо» ном бурдааст. Нашрия навиштааст, «ӯ ҳам рӯзноманигор аст, ҳам тоҷир, яъне бархе расмиётро, ки иттиҳод ниёз дорад ва хазина пул мехоҳад, бидуни мушкил анҷом дода метавонад. Дигар ин ки Акбари Саттор бо ҳама робитаи хуб дорад - ҳам бо ҳукумат ва ҳам бо рӯзноманигорони мустақил. Гоҳҳо ба нафъи ҳукумат ҳам сӯҳбат мекунад, гоҳо аз расонаҳои мустақил.»
"СССР"
Мавзӯи даъвати ҷавонон, ба хусус писарони ашхоси мансабдор ба хидмат дар сафи Артишро ба чолиш кашидааст. Дар ин навишта «Чаро писари вазир бояд ба аскарӣ равад?» оварда шудааст, ки «бигзор писарони вазирон аскарӣ нараванд! Аммо барои хидмати бомуваффақияти фарзандони камбизоат ин вазирону сарватмандон шароит муҳайё созанд. Манзури мо ин аст, ки мардуми ҳамёнғафс бо ба балоғат расидани фарзандодаш ҳатман ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, барои муҳайё кардани шароити хизмат ба фоидаи писари камбағал маблағи муайяне пардохт кунад.» Ба навиштаи нашрия, дар ин сурат, "гумон дорем, бисёре аз ҷавонон гурехта ба Русия ба мардикорӣ намераванду дар Ватани худ ҳам хидмати модар - ватанро адо мекунанд. Муҳимтар аз ин, бовар кунед, облава ҳам барҳам мехӯрад."
"ТОҶИКИСТОН"
Дар ин робита мусоҳибаи генерал Саидамир Розиқов, сардори раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон анҷом додааст. Генерал Розиқов иддаоҳо дар бораи он ки дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо фарзандони хонаводаҳои камбизоат хидмат мекунанд, рад карда ва гуфтааст, «аз рӯи маълумоте, ки мо дорем, дар сафи Артиши миллӣ тамоми табақаҳои аҳолии кишвар, аз вазир сар карда то коргару деҳқон адои хизмати ҳарбиро сарбаландона адо менамоянд.» Ин мақоми вазорати мудофиа ба унвони мисол гуфтааст, «ду фарзанди вазири мудофиаи мамлакат, Шералӣ Хайруллоев, фарзанди котиби пешини Шӯрои амният Амирқул Азимов ва ҳамчунин даҳҳо нафари дигарро метавон мисол овард, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат менамоянд.»
"ФАРАЖ"
Дар матлаби «Зартушт Ҳазрати Иброҳим аст», ба ин мавзӯи таърихӣ ва ҳамзамон ирфонӣ пардохтааст. Муаллифи матлаб - Зафари Мирзоён менависад, «гумон меравад, чун «Қуръон»-и карим, ки бо забони қадими арабӣ табйин шудаааст ва бо он забон гӯйиши форсӣ ғайриманъусу мушкилифода менамуд ва шояд бад-ин сабаб номҳои Зардушт ва Куруш ба гунаи забонҳои сомӣ Иброҳим ва Искандар ифода ёфта бошанд.» Муаллиф бо ёдоварӣ аз ояҳои қуръонӣ ва далелҳои илмӣ навиштааст, ки «саранҷом метавон чунин бардошт кард, ки Зартушт ба масобаи яке аз паёмбарони барҷаста, нахустин густаришдиҳандаи тавҳид дар раванди дингустарӣ, рӯи ояҳои китоби муқаддаси «Қуръон» бо номи Иброҳим ёдкард шудааст. Гумон ба яқин аст, эҳтироми вижае, ки дархӯри Иброҳим аст, обишхӯри боварӣ доштан ба Худои ягона мебошад ва Зартушт низ нахустин паёмбаре буд, ки яктову беҳамто будани Худовандро эълом дошта монанди Мӯсову Исо ва Луту Оду Самуд дар ибтидо аз боварии қавми хеш бархӯрдор нагардид.»