Беш аз 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҳузур ва ширкати дини Ислом дар муҳити сиёсии кишварро қабул доранд.
Ин омор натиҷаи таҳқиқоти анҷомдодаи маркази таҳлилии мавсум ба “Шарқ” дар Душанбе аст, ки тайи панҷ соли ахир ва дар саросари кишвар доир кардааст.
Музаффар Олимов, раиси маркази таҳлилии “Шарқ” дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши афкори ҷомеа чунин натиҷа ба бор овардааст, ки ҷомеаи тоҷик сол то сол бештар ба дини мубини Ислом, аз ҷумла исломи сиёсӣ майл мекунад.
Ҷаноби Олимов афзуд, аз як сӯ фаъолияти ҲНИТ ба унвони як созмони расмии мазҳабӣ - сиёсӣ ба ин амр боис шуда бошад аз тарафи дигар баъзе аз иқдомоти ҳукумат, аз ҷумла эътирофи мазҳаби ҳанафӣ ба ҳайси мазҳаби расмӣ ва эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам боиси таваҷҷӯҳи бештар шудааст.
ҲНИТ – ЯККАТОЗ?
Музаффар ОЛИМОВ: “Ман тасдиқ мекунам, ки дар давоми панҷ-шаш соли охир тамоюли бештар ба исломи сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ин ҷо чанд омил боис шудааст. Масалан, нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ маълум аст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ чашмрас ҳам ҳаст. Зеро онҳо рӯзнома, ячейкаҳои ибтидоӣ дар саросари кишвар, шумори муайяни тарафдорҳо доранд. Аз ин рӯ, ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ мекунанд. Он арқоме, ки ҲНИТ дар ин замина гоҳ-гоҳ баён медорад, боварибахш ҳам ҳаст. Ҳатто ду намоянда дар порлумон ҳам доранд. Ин ҳизб дар нисбати бақия аҳзоб ҷои дуввум ва сеюмро мегирад. Омили дигар, яъне ғайрифаъол будани аҳзоби дигари кишвар аст, ки саҳнаро барои ҲНИТ бештар додаанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки ҲНИТ яккатоз аст, вале аз тозандагони пешсаф дар баробари Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби коммунист, ки таҷрибаи тӯлонии фаъолият доранд, ба ҳисоб меравад.”
АЗ ИМОМИ АЪЗАМ ТО БУЗУРГТАРИН МАСҶИД
Масҷид ба ҳайси яке аз институтҳои динӣ аз ҳама бештар таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кардааст ва мардум маҳз ба он ҷо мераванд...
Музаффар Олимов, раиси маркази таҳлилии “Шарқ” дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши афкори ҷомеа чунин натиҷа ба бор овардааст, ки ҷомеаи тоҷик сол то сол бештар ба дини мубини Ислом, аз ҷумла исломи сиёсӣ майл мекунад.
Ҷаноби Олимов афзуд, аз як сӯ фаъолияти ҲНИТ ба унвони як созмони расмии мазҳабӣ - сиёсӣ ба ин амр боис шуда бошад аз тарафи дигар баъзе аз иқдомоти ҳукумат, аз ҷумла эътирофи мазҳаби ҳанафӣ ба ҳайси мазҳаби расмӣ ва эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам боиси таваҷҷӯҳи бештар шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ҲНИТ – ЯККАТОЗ?
Музаффар ОЛИМОВ: “Ман тасдиқ мекунам, ки дар давоми панҷ-шаш соли охир тамоюли бештар ба исломи сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ин ҷо чанд омил боис шудааст. Масалан, нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ маълум аст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ чашмрас ҳам ҳаст. Зеро онҳо рӯзнома, ячейкаҳои ибтидоӣ дар саросари кишвар, шумори муайяни тарафдорҳо доранд. Аз ин рӯ, ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ мекунанд. Он арқоме, ки ҲНИТ дар ин замина гоҳ-гоҳ баён медорад, боварибахш ҳам ҳаст. Ҳатто ду намоянда дар порлумон ҳам доранд. Ин ҳизб дар нисбати бақия аҳзоб ҷои дуввум ва сеюмро мегирад. Омили дигар, яъне ғайрифаъол будани аҳзоби дигари кишвар аст, ки саҳнаро барои ҲНИТ бештар додаанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки ҲНИТ яккатоз аст, вале аз тозандагони пешсаф дар баробари Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби коммунист, ки таҷрибаи тӯлонии фаъолият доранд, ба ҳисоб меравад.”
АЗ ИМОМИ АЪЗАМ ТО БУЗУРГТАРИН МАСҶИД
Радиои Озодӣ: Оё фаъолияти ҳукумат ҳам ба афзоиши таваҷҷӯҳи мардум ба исломи сиёсӣ мусоидат кардааст?
Музаффар ОЛИМОВ: “Баъзе аз иқдомоти ҳукумат ҳам ба ин вазъият боис шудааст. Дар чанд соли ахир он тағйироту қарорҳое, ки аз ҷониби ҳукумат ба амал бароварда шуданд, аз ҷумла дар бораи эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам ва эътирофи расмии ҳанафия ба унвони мазҳаби расмӣ ва ахиран сохтани бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон, албатта, бетаъсир набудаанд.”
Радиои Озодӣ: Яъне, бо ин иқдомот ҳукумат талош дорад, ки исломи сиёсиро зери назорат бигирад?
Музаффар ОЛИМОВ: “Баъзе аз амалҳои ҳукумат ба ин кор гувоҳӣ медиҳад. Аммо ман гуфтанӣ нестам, ки ин ба ҳукумат барои исломи сиёсиро ба даст гирифтан мусоидат мекунад. Агар сухан танҳо дар бораи ҲНИТ равад, ҳамкори ҳукумат аст, узви порлумон, дар қарору қонунҳое, ки порлумон қабул мекунад, онҳо ҳам ҳисса доранд. Аз ин ҷиҳат худ аз худ маълум аст, ки он масъулияте, ки ҳукумат дорад, ба дӯши ҲНИТ ҳам ҳаст, ҳамчун ҳизби порлумонӣ.”
“САФИ МАСҶИДРАВҲО АФЗУДААСТ”
Радиои Озодӣ: Оё чанд дарсади аҳолии кишвар барои рафъи мушкилот ва ҳалли масоил такя ба Худо мекунанд?
Музаффар ОЛИМОВ: “Албатта, вазъияти сахти зиндагӣ мардумро водор мекунад, ки ҳамаро ба тақдир ҳавола кунад. Дар ин таҳқиқоти анҷомдодаи мо масҷид ба ҳайси яке аз институтҳои динӣ аз ҳама бештар таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кардааст ва мардум маҳз ба он ҷо мераванд. Солҳои ахир рафтани мардум ба масҷид зиёд шудааст.”
Радиои Озодӣ: Муносибати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо дин чӣ гуна аст?
Музаффар ОЛИМОВ: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар Узбакистон нисбат ба дини мубини ислом як муносибати сахтгирона татбиқ мешавад. Дар мо ҳамкорӣ ба назар мерасад, бо вуҷуде, ки зиддиятҳо ва ихтилофи назарҳо низ ба назар мерасанд.