Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода пас аз пирӯзӣ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 дар ҷадвали сабқати лигаи олӣ боз пешсаф шуд.
Ин бозии мавқуфмондаи даври 29-уми мусобиқот 26-уми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 3000 мухлис баргузор шуд.
Алишер Қосимов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 21-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зада, ҳисобро боз кард. Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, дар дақиқаи 60-ум ҳисобро баробар намуд.
Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаҳои 76-ум ва 88-ум ду тӯб ба дарвозаи меҳмонон ворид кард ва ба дастааш пирӯзӣ овард.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1. | "Регар-ТадАЗ" | 27 | 20 | 3 | 4 | 67-21 | 63 | ||
2. | "Равшан" | 27 | 20 | 2 | 5 | 50-23 | 62 | ||
3. | “Истиқлол” | 21 | 18 | 1 | 2 | 59-12 | 55 | ||
4. | "Хайр" | 27 | 15 | 3 | 9 | 54-27 | 48 | ||
5. | “Энергетик” | 27 | 13 | 3 | 11 | 49-42 | 42 | ||
6. | ССКА “Помир” | 26 | 13 | 1 | 12 | 48-45 | 40 | ||
7. | "Хуҷанд" | 27 | 10 | 4 | 13 | 37-49 | 34 | ||
8. | "Вахш" | 26 | 9 | 2 | 15 | 25-32 | 29 | ||
9. | “Парвоз” | 27 | 7 | 4 | 16 | 28-52 | 25 | ||
10. | “Шодмон” | 28 | 5 | 2 | 21 | 27-71 | 17 | ||
11. | "Гвардия" | 28 | 2 | 3 | 23 | 23-91 | 9 | ||
Даври 32-юм 9-уми октябр (якшанбе) «Истиқлол» - «Гвардия» «Регар-ТадАЗ» - «Хайр» «Энергетик» - ССКА «Помир» «Хуҷанд» - «Вахш» 10-уми октябр (душанбе) «Парвоз» - «Равшан» Оғози бозиҳо – соати 15:00 |