Хуршеди Атовулло ҳамларо ба худ авбошие номид, ки ба фаъолияти журналистии ӯ рабт надорад.
Дар мусоҳиба бо хабаргузории “Азия-Плюс”, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” Хуршеди Атовулло гуфтааст, наврасоне, ки ӯ ва наздиконашро рӯзи 31-уми август латукӯб карданд, бо гумони бад даст ба ин амал задаанд.
Вай афзудааст: “Он рӯзи ид ва истироҳат ману бародарам ва язнаам аз маҳаллаи 102 ба самти Зарафшон рафтем, то идро ба хешовандони худ табрик гӯем. Пешопеши мо як мошини “Жигулӣ”-и 06”, рангаш сафед мерафт, ки пайваста роҳи моро мебурид ва ба ҳаракати мо мумониат мекард. Тасодуфан он мошин ҳам ба ҷое мерафт, ки мо мерафтем, ҳатто ба ҳамон тангкӯчае, ки ба мо даркор буд. Дар мошин се ҷавон ва се духтар нишаста буданд. Шояд онҳо фикр карданд, ки мо онҳоро дунболагирӣ дорем. Ҷавонон аз мошин баромаданд, чаҳор ҷавони дигар, ки зоҳиран, онҳо бо телефон ба кӯмак хоста буданд, низ расиданд ва онҳо ба задани мо бо калтакҳои бейсбол шурӯъ карданд.”
Атовулло мегӯяд, ҳеҷ гуна сухану фаҳмондан ба онҳо таъсир надошт, онҳо баъд аз латукӯб фирор карданд ва ӯву ду ҳамороҳаш захмӣ шуданд. Худи ҳамон рӯз Хуршеди Атовулло ва ҳамроҳонаш ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ариза доданд.
Кормандони умури дохилӣ аз рӯи шумораи мошин ҳамон шаб чаҳор тан аз ҳамлаваронро бозошт карданд. “Инҳо асосан наврсаони 17-солаанд, ки бисёрияшон ба сари худанд, зеро ҳарду ё яке аз волидонашон дар Русия мардикорӣ мекунад. Хешу наздикони онҳо назди ман меомаданд ва хоҳиш мекарданд, ки арзизаамро бозпас гирам. Худи боздоштшудаҳо ҳам пушаймон гашта, узрхоҳӣ карданд,”—гуфтааст Атовулло ба хабаргузории “Азия-Плюс”.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳамлаварони асосӣ бо номи Азамат дар маҳалла ҳамчун ҷавони худсар ва арбадаҷӯ шӯҳрат дошта, ҳоло бо иттиҳоми як авбошии дигар мавриди пайгард аст. “Ман фикр кардам, агар ин ҷавонакҳо бо калтак ба одамони бегуноҳ ҳамла карданд, фардо метавонанд, айни корро бо силоҳ анҷом диҳанд. Аммо аз сӯи дигар, бино бар модаи авбошии қонуни ҷиноӣ метавонанд ба 2 соли ҳабс маҳкум шаванд ё ҷаримае бояд диҳанд, ки барои волидонир онҳо сангин хоҳад буд. Онҳо ним умр аз ман ҷавонтаранд, ҳанӯз имкони ислоҳи хештанро бе доғи судӣ доранд. Ба фикрам, бояд онҳоро тарбия кард. Биноан, ман аризаи худро бозпас гирифтам.”
Ёдовар мешавем, ки хабари латукӯби журналисти саршинос ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж” Хуршеди Атовулло дафъатан сару садоеро дар байни созмонҳои журналистӣ, кормандони нашрияҳои мустақил ва хонандагон ба вуҷуд овард. Созмонҳои асосии журналистии Тоҷикистон ин ҳамларо маҳкум карданд ва хостори муҷозоти омилони он шуданд.