Изҳороти ахири мақомот суолҳо дар бораи боздошти С. Рустамов, раиси "Ориёнбонк" дар Мӯъминободро бештар кардааст.
Боздошти ӯ баъд аз ду ҳафтаи беназмиҳои Кӯлоб, ки дар пайи бозии "Равшан" ва "Истиқлол" сурат гирифт, ба вуқӯъ пайваст. Вазорати корҳои дохилӣ ин иддаоро, ки боздошти ин соҳибкор маҳз ба ин ҳамин беназмихо рабт дорад, рад кард.
САФАРМАД ДАР ПУШТИ БЕНАЗМИҲОИ КӮЛОБ?
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафармад Рустамов бо иттиҳоми авбошӣ дастгир шудааст: «Ӯ 1-уми майи соли 2011 дар майдони «Авиатор»-и шаҳри Душанбе ҳангоми бозии футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб нисбати доварони ФФТ - Каримов Қурбонмаҳмад
Холович, соли тавалудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон ва Сайдуллоев Баҳром Абдуллоҷонович, соли тавалудаш 1974, истиқоматкунандаи шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Чапаев дашномҳои кабеҳ гуфта, дар муддати 20-25 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, мухлисонро ба тарафи майдон даъват кард, то, ки доваронро беасос латукӯб намоянд.»
Дар изҳороти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омадааст, ки Сафармад Рустамов қаблан аз рӯи моддаи 185 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар пайгарди қонун қарор дошт.
Бино ба иттилоъи як сомона, ки гӯё ба иттилои ФБР, бюрои федеролии таҳқиқотии Амрико такя мекунад, 5 октябри соли 2000 раёсати панҷуми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Сафармад Рустамов дархост кардааст. Он замон мавсуф дар Русия паноҳ бурда буд. Аммо баъдтар, ба қавли як дӯсташ, бегуноҳии худро собит карда, ба Тоҷикистон баргашт ва раиси шӯъбаи "Ориёнбонк" дар Мӯъминобод таъйин мешавад.
АВБОШӢ Ё ЧИЗЕ ДИГАР?
Дар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ низ гуфт, сабаби боздошти Рустамов авбошӣ аст, аммо аз ин пеш алайҳи ӯ парвандаи ҷиноие вуҷуд дошт, ки мутаваққиф шуда, то ҳол сари он қароре қабул нашудааст. Оқои Салимзода афзуд, ба хотири рӯшан кардани ин масъалаҳо, Рустамовро боздошт
кардаанд. Вай афзуд: «Биёед, аз ин парвандаи ҷиноӣ ҳангома барпо накунем. Сафармад Рустамов ҳам як шаҳрванди оддӣ аст ва агар қонунҳоро нақз карда бошад, ӯ бояд барои корҳои кардааш ҷавоб гӯяд. Ба хотири тафтишот ҳоло ман наметавонам ҳолатҳои мушаххаси парвандаро ошкор кунам. Бале, дар парвандаи қаблиаш моддаи 104-куштор ҳаст, аммо парвандаи ҳозира фақат авбошӣ аст.»
Ишораи мақомот бар парвандаҳои қаблии Сафармад Рустамов суолеро ба миён меорад, ки агар ӯ вокеъан ҳам гунаҳкор буд, чӣ тавр раиси шӯъбаи "Ориёнбонк" дар Мӯъминобод таъйин шуд ва мақомот аз сар гирифтани қазияи қаблиро бо чӣ тавҷеҳ хоҳанд кард? Аз сӯи дигар, сару кор гирифтани Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ниҳоде, ки умдатан парвандаҳои махсусан муҳим, аз қабили терроризмро баррасӣ мекунад, ба масоили авбошӣ низ суолест, ки посух мехоҳад.
РУСТАМОВ ЧӢ ГУНА ДАСТГИР ШУД?
Дар ҳамин ҳол, наздикони Сафармад Рустамов мегӯянд, то ба ҳол дар бораи сарнавишти ӯ ва сабабҳои боздошташ хабаре надоранд. Ниҳолбӣ Ашӯрова, ҳамсари ӯ мегӯяд, рӯзи 1-уми июл онҳо бо аҳли оила аз Душанбе ба Кӯлоб барои ширкат дар маъракаи бародари шавҳараш рафта буданд, аммо ҳамон бегоҳ Сафармадро ба раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват мекунанд ва ӯ дигар барнамегардад: «Соати 8 буд, ки духтарчам ба ӯ занг зада, гуфт, ки «ота, биё моро ба хонаи амакиам бар», гуфт, ки
«ҳозир меоям». Дигар дер кард. Чанд бор занг задем, ки куҷо шуд. Ҳамроҳаш бачаи апаш буд. Бачаи апаш гуфт, ки ҳамин ҷо пеши дари КГБ ҳастам, мумкин ҳозир барояд. Аммо то соати 11 нигоҳ мекунад. Мегӯянд, ки меҳмон омадааст, бо ӯ кор дорем, ту бирав, мо зарур шавад туро даъват мекунем, ё худамон мебаремаш. Дигар то саҳар занг задем, телефонашро набардошт.»
"КАБУД" КИСТ?
Сафармад Рустамов кист ва чаро «Кабуд» лақаб гирифтааст? Ӯ соли 1964 дар кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб, дар оилаи коргари оддӣ таваллуд шудааст. Мактаби рақами 6- уми шаҳрро хатм карда, корманди барқи як корхона буд. Пас Донишгоҳи технологии шаҳри Ярославлро хатм кард. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Фронти халқиро сармоягузорӣ кардааст.
Аҳмади Иброҳим, аз коршиносони маҳаллӣ дар Кӯлоб мегӯяд, оилаи Рустамовҳо мустақим дар амалиёти ҷангӣ ширкат надоштанд, аммо кӯмаки молиявӣ мекарданд:
«Инҳо нафароне буданд, ки бо молу бо чизу бо пул ҷанговаронро таъмин мекарданд. Роҳи дигар ҳам надоштанд. Агар ҳамин тавр намекарданд, инҳоро ҳатман мекуштанд.»
Баъди ба қудрат расидани ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон, Сафармад ду сол раҳбари корхонаи орди шаҳри Ваҳдат буд. Пас ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ машғул шуд. Ҳамзамон ғоибона факултаи иқтисодии Донишгоҳи Кӯлобро хатм кард. Панҷ соли ахир раиси шӯъбаи "Ориёнбонк" дар Мӯъминобод буд.
"КАБУД"- САХОВАТПЕШАЕ ДАР КӮЛОБ
Нурулло Рустамов, бародари ӯ мегӯяд, фаъолиятҳои ӯ барои мардуму мақомот рӯшан буд, коре пӯшида намекард: «Вақте ба Кӯлоб сел омада буд, аз раиси шаҳр то болоҳо ҳама медонанд, ки техникаҳои мо шабурӯз дар хизмати мардум буд. Инро халқи Кӯлоб ҳам медонад. Рафиқ Алимардонов шахсан дасташро гирифта, ба бародарам изҳори сипос кард. То ҳатто суратҳояшро гирифта, изҳори сипос карданд, ки хайрият раҳи селро гирифтед, вагарна вазъ аз ин бад мешуд.»
Сафармад Рустамов, ба қавли сокинони Кӯлоб, сармояи ибтидоиашро бо меҳнат ҷамъ кардааст. Замоне, ки корманди барқ буд, як дастгоҳи видео дошт ва дар хонаҳо ё ягон ҷои дигар мардумро гирд оварда, филмҳои нави он давраро нишон медод.
Дар бораи «Кабуд» лақаб гирифтани бародараш Нурулло Рустамов гуфт, ин ба чашмони кабуди ӯ рабт дорад: «Бачаи аз ҳама хурди оилаамон буд. Чашмонаш каб-кабуд буд.
Он қадар кабуд буд, ки ба ин хел кабудӣ чашм набуд. Рӯи дастонамон мегардондем. Худораҳматии модарам аз ҳамон яксолагиаш ӯро «Кабуд аст! Кабуд аст!» - гӯён садо мекард. Аз ҳамон вақт ин лақаб ба номаш илова шуд.»
Дар бораи обрӯву эътибори Сафармад Рустамов дар Кӯлоб Аҳмади Иброҳим мегӯяд, оилаи Рустамовҳо ҳамагӣ тоҷир ҳастанд ва мардум онҳоро эҳтиром мекунанд: «Обрӯ дорад, аммо на ба ҳадде, ки ба командаи «Равшан» -у мухлисонаш фармон диҳад, ки касеро латукӯб кунанд. Ин гуна фармонро ҳам оилаи Рустамовҳо дода наметавонанд. Онҳо тоҷиранд ва ба коре, ки манфиат надорад, даст намезананд. Агар мухлиси футбол аст, ин шавқи шахсии ӯст.»
Ҳамчунин чанд бародар ва наздики ӯ дар тими «Равшан» футболбоз ҳастанд, ки ба қавли сокинони Кӯлоб, Сафармад гоҳ-гоҳ ба тамошои бозии онҳо меомад.
ЧАРО "КАБУД"-РО ДАСТГИР КАРДАНД?
Дар ҳамин ҳол, суоле пайдо мешавад, ки чаро боздошти Сафармад Рустамов дар пайи беназмиҳои Кӯлоб пас аз бозии «Истиқлол» ва «Равшан» ва ҳам ду моҳи расо баъд аз «авбошиаш» дар Душанбе сурат мегирад? Мақомот мегӯянд, исми ӯ дар қатори боздоштшудагони рӯзи 14 июн дар Кӯлоб нест, аммо иттиҳом алайҳи ӯ - «авбошӣ» ба бозии «Истиқлол» ва «Равшан» дар Душанбе рабт дорад. Ӯ гӯё мухлисонро даъват кардааст, ки доваронро лату кӯб кунанд. Суоли аслӣ ин аст, ки чаро на ҳамон рӯзу ҳамон лаҳза, балки баъд аз расо ду моҳ боздошт шуд? Ва оё ин гумон дуруст аст, ки ӯ мухлисони «Равшан» - ро сармоягузорӣ мекард,
ҳамон мухлисонеро, ки мақомот барои беназмиҳои рӯзи 14 июн дар Кӯлоб ва 22 июн дар Душанбе гунаҳкор медонанд?
Аҳмади Иброҳим мегӯяд, овозаҳо дар бораи сармоягузори тими «Равшан» будани Сафармад Рустамов воқеан дар Кӯлоб чанде боз сайр доранд: «Шояд кӯмак мекард, ҳамчун як ҷавонмард, мисли дигар ҷавонмардони Кӯлоб. Аммо ман гумон надорам, ки даҳҳо ҳазор сомонӣ медод. Шояд дар ҳаҷми 500 -1000 сомонӣ кӯмак мекард. Аз ин зиёд не. Зеро ин оила аз он тоифае нестанд, ки пулашонро беҳудаву баҳуда ба чор тараф партоянд. Онҳо соҳибкорони асиланд. Қадри пулро медонанд. Ин оила аз қабл ба ин сӯ бо сиёсат кор надошту ҳоло ҳам надорад.»
НОКОМӢ ДАР СИЁСАТ
Сафармад Рустамов танҳо як маротиба кӯшидааст, ки ба сиёсат ворид шавад. Соли 2005 ӯ аз ҳавзаи Кӯлоб номзадиашро дар интихоботи парлумонӣ гузошт, аммо ноком шуд. Ба гуфтаи таҳлилгарони маҳаллӣ сабаби аслии боз шудани парванда аввал алайҳи ӯ низ дар ин буд, ки ба талаби мақомот барои даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ сарпечӣ кард.
Яке аз дӯстони Сафармад Рустамов, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ӯ намехост дар бозии рӯзи 14 июни «Равшан» ва «Истиқлол» дар Кӯлоб ширкат кунад. Ба қавли ӯ, мақомоти болоӣ аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки биравад, то аз беназмиҳои мухлисон ҷилавгирӣ кунад. Аммо мухлисон ӯро писанд накардаанд ва ҳатто чароғи мошини шахсиашро ҳам шикастаанд. Сафармад то лаҳзаи охир бо Рустами Эмомалӣ будаасту шахсан ӯро гусел кардааст. Вай афзуд, Сафармад ҳамон рӯз ба Душанбе барнагашт, зеро 15-уми июн хост рӯзи таваллудашро бо дӯстонаш ҷашн гирад.
ЭЪТИРОЗ АЗ ДОВАРОН Ё АЗ НОАДОЛАТИҲОИ ИҶТИМОӢ?
Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани дастгирӣ ва рушди соҳибкории Тоҷикистон мегӯяд, рабт додани боздошти ӯ ба бозии «Равшан» ва «Истиқлол» мантиқ надорад, зеро ин эътирози мардум аз ноадолатиҳои иҷтимоӣ буд: «Эътироз — авбошӣ набуда, балки иҷтимоӣ аст. Мушкилоти шаҳри Кӯлоб аз мӯи сари мири шаҳраш ҳам зиёданд. Ин ҳодиса на фақат дар Кӯлоб, балки Душанбе ҳам шуд. Ин як эътирози ҷавонон аз бекорӣ, аз саргардонӣ, аз ноумедиву нобоварӣ ба рӯзи оянда аст. Як шарорае лозим буд, ки ин ҳама кафида барояд. Ин мушкил танҳо хоси Кӯлоб нест, балки хоси тамоми кишвар аст. Яъне ин корро «Кабуд» ташкил карда наметавонист.»
Ё ШОЯД ЧИЗЕ ДИГАР...
Иддае аз коршиносон мегӯянд, шояд боздошти Сафармад Рустамов ба фаъолиятҳои тиҷоратиаш рабт дорад ва бо баҳонаи «авбошӣ» корхонаву иншоотҳои ӯ, ба монанди моликияти Ғаффор Мирзоев, давлатӣ карда шаванд.
Аммо Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, таърифе, ки дар бораи дороиҳои «Кабуд» дода мешавад, воқеӣ нестанд ва таъсири ӯ дар иқтисоди Кӯлоб хеле кам аст: «Як ресторани қадимтарини маркази Кӯлобро замоне харида буд. Ин ресторан бе таъмир як муддат кор карду ҳоло кор намекунад. Як кинотеатри «Комсомол» буд, ки ӯро
харид, аммо истифода накарда, дигарбора ба ҳукумат дод. Ҳоло он ҷо маркази ҷавонони шаҳр аст. Як иморати дигар дар хамгашти кӯчаи Ҳилоли Аҳмар сохт, аммо сохтмонаш ҳанӯз ҳам ба итмом нарасидааст. Як бозори дигар сохтааст бо номи «Истиқлолият» дар шафати Тоҷикснаби собиқ, ки то ба ҳол кор намекунад. Ба ном бозор аст.»
Оқои Ҷумъаев афзуд, танҳо ширкати сохтмонии «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ», ки низ аз Сафармад Рустамов аст, кор мекунад ва он қадар даромади бузург надорад. Ба ҳамин минвол, сарнавишти як ресторан ва як меҳмонхонаи «Кабуд» дар шаҳри Чкаловск ҳам норӯшан аст. Ба қавле, «Кабуд» онҳоро фурӯхтааст.
"ХУНСО" КАРДАНИ ХОНАВОДАҲОИ МАТРАҲ?
Сафармад Рустамов аз оилаи тоҷирони маъруфи Кӯлоб аст. Боздошти ӯ дар пайи, ба истилоҳ «хунсо» кардани хонадонҳои матраҳи минтақаи Кӯлоб -сафаровҳо, лангариевҳо, мирзоевҳо ва чоловҳо сурат мегирад. Ба ҳар навъ, исми ӯ баъд аз беназмиҳои Кӯлобу Душанбе ва бозиҳои тими «Равшан» - и Кӯлоб дигарбора вирди забонҳо шудааст. Оё мақомот дар ин ҳаводис бурузи чеҳраи навро ҳис кардаанд ва ё дар шахси «Кабуд» оилаи Рустамовҳо низ «хунсо» хоҳад шуд?
Аҳмади Иброҳим мегӯяд, агар ҳукумат воқеан дар шахси Сафармад Рустамов хатареро мебинад, иштибоҳи сахт мекунад. Вай афзуд, бо «хунсо» кардани раҳбарони минтақаи Кӯлоб, рӯҳи мардум низ шикаста намешавад, ин гуна афрод боз ба миён меоянд ва холигоҳро пур мекунанд.
Вай афзуд: «Бо маҳбасӣ кардан ва ҳукми қатл додани ҳамчунин ҷавонони соҳибкор чашми касеро тарсонидан мумкин нест, зеро инҳо аз он тоифа мардуме нестанд, ки бо лағв кардани онҳо мардум тарсад. Масалан, ҳабс кардани Ғаффор Мирзоев ё Ёқуб Салимов шояд чашми чанд нафарро тарсонд. Аммо ба маҳбас кашидани Сафармад як кори қаҳрамонона нест. Ин кори як судяи оддӣ ё прокурори оддии минтақа буд, ки ӯро ба маҳбас кашад. Касе аз ин бим нахоҳад дошт. Агар ба ҳамин ҳадаф ӯро боздошт карда бошанд, чизе беш аз камандешӣ нест.»
"ШИКАСТАН"-И ЛИДЕРШАВАНДАҲО?
Ба ин тартиб ҳоло мақомот, коршиносон ва сокинони Кӯлоб дар заминаи боздошти Сафармад Рустамов, ҳар яке фарзияи худро доранд. Аммо заъфи фарзияи мақомот, чун дар аксари парвандаҳои пур сару садо, дар зидунақизии он аст.
Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди даъватҳои бамаротиб ба соҳиборони тоҷик, ки ватани худро дӯст доранд ва ба мардумаш хизмат кунанд, мақомот талош мекунанд, ки соҳибкорон дар як чаҳорчӯби муайян фаъолият кунанд ва муҳимтар аз ҳама ба «лидер» табдил нашаванд.