Узбакистон дар ростои Форуми ҷаҳонии об масъалаи Роғунро доғтар мекунад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Сироҷиддин Аслов, дар номае ба унвони Дабири кулли Созмони Милал, дурустии як санади марбут ба истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказиро, ки аз тарафи ҳайати Узбакисатон дар Маҷмаи умумии СММ паҳн шудааст, зери суол гузошт ва дар муқобили он хост, далелҳои тарафи Тоҷикистон низ ба аъзои Маҷмаи Умумии Созмони Милал расонда шавад.
Ин санади тарафи Узбакистон бо номи “Захираҳои об – асоси рушди пойдор ва пешрафти оянда” ба намояндагии кишварҳои узви Созмони Милал тавзеъ шудааст. Дар номаи намояндаи Тоҷикистон гуфта мешавад, дар санади интишордодаи намояндагии Узбакистон вазъи истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба таври нодуруст қаламдод шуда, дар баёни натиҷаҳои конфаронси Тошканд, ки 12-ум ва 13-уми май баргузор шудааст, таҳриф ва пешдоварӣ роҳ ёфтааст. Дар номаи ҷавобӣ, ки намояндаи Тоҷикистон нашр ва баррасии онро дар Созмони Милал тақозо мекунад, шарҳи мавзӯъ аз нигоҳи Тоҷикистон қаламдод шудааст.
Бо имзои намояндаи доимии Узбакистон дар Созмони Милал, Мурод Аскаров, рӯзи 17-уми июн ба ҳамаи 192 намояндагии кишварҳо дар СММ санаде тақдим шуд, ки дар он Узбакистон бори дигар эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро хамирмояи фоҷиаи нави зистмуҳитии Осиёи Марказӣ номидааст.
Дар нома гуфта мешавад, ки рӯзҳои 12 ва 13-уми май дар Тошканд бо ширкати густардаи намояндагони ниҳодҳои байнулмилалӣ ҳамоише баргузор гашт, ки як зинаи омодагӣ ба Форуми ҷаҳонии об дар моҳи марти соли 2012 дар Марсели Фаронса унвон гаштааст. "Дар конфаронс 350 коршинос, олимони машҳур, экологҳо ва мутахассисони риштаи обу энержӣ аз 32 кишвар ва ба намояндагӣ аз 30 созмони байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молияӣ, ба ҷумлаи СММ ва бунгоҳҳои он ширкат карданд."
Муаллифони нома, сипас афзудаанд, ки ширкаткунандагони ҳамоиш аз мавзеъгирии Узбакистон дар масъалаи истифода аз захираҳои оби миинтақа ҳимоят кардаанд. Дар идома аз нав коҳиши об дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва ҳақ надоштани кишварҳои болооб ба тағйири маҷро, фоҷиаи Арал ва ниҳоят сохтмони нерӯгоҳи Роғун зикр ёфтааст, ки ба ақидаи муаллифон, ҳам аз лиҳози зистмуҳитӣ ва ҳам ба иллати эҳтимоли зилзилаҳои шадид дар минтақа як меҳвари офат шумурда шудааст.
Дар хотима гуфта шудааст, ки ширкаткунандагони конфаронси Тошканд дар Эъломияи ниҳоии худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ширкаткунандагони Форуми ҷаҳонии об дар соли оянда даъват кардаанд, то барои ҳифзи мувозанати экологӣ дар Осиёи Марказӣ мусоадат кунанд.
Дар ин номаи ҷавобии Намояндагии Тоҷикистон дар СММ, аз ҷумла зикр шудааст, ки бо дар назардошти тағйири иқлими ҷаҳонӣ ва коҳиши захоири об, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба ин мавзӯъ аҳамияти бештар медиҳад ва дар ин росто кишвари Тоҷикистон як идда аз қатъномаҳои СММ, аз ҷумла қатъномаи «Об барои ҳаёт-2005-2015»-ро поягузорӣ намудааст, ки ба таври дастаҷамъи дар ин ниҳоди бонуфуз ба тасвиб расидаанд.
Дар банди дигари ин нома бо ишора бо сарчашмаҳои об дар саросари ҷаҳон зикр шудааст, беш аз 260 рӯдхона аз қаламрави ду ё аз ин бештари кишварҳои убур мекунанд ки масоҳати 45 дарсади заминҳои қобили кишт ва 40 дарсади аҳолӣ дар он ҳавза зиндагӣ мекунанд. 145 кишвари дунё рӯдхонаҳои фаромарзиро доро ҳастанд ва ниёз ба танзмими дурусти захоири об доранд, ки дар ҳолати адами риояти он, паёмадҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт. Суботу ороми дар бисёре аз кишварҳо ба истифода ва тақсими дурусти захоири об вобастагӣ дорад ва дар бисёре аз кишвар ҳамкориҳои судманд ба нафъи тарафайн ва рушди онҳо тамом шудааст.
Аз ҷумла зикр шудаааст, ки минтақаи Осиёи Миёна низ дар ин росто истисно нест ва кишварҳои минтақа дар истифодаи оби рӯдхонаҳои Омударё ва Сирдарё ва якчанда рӯдхонаҳои фаромарзӣ шарик ҳастанд ва онро бо ҳам истифода мебаранд ва бидуни ҳамкориҳои муносиб дар ин замина пешравие ҳосил нахоҳад шуд ва хусусан агар дар тақсими ин захираҳо каму бешиҳое вуҷуд дошта бошад.Дар ин замина ҳанӯз 18-уми феврали соли 1992, чаҳор кишвари ҳавзаи дарёчаи Арал санадеро ҷиҳати тақсими дурусти захоири об дар Алмато- пойтахти Қазоқистон ба имзо расонида буданд. Ҳамзамон дар соли 1993 тавассути сарони кишварҳои минтақа барои наҷоти Бунёди байналмилалӣ ҳифзи Арал таъсис ёфт.
Дар ин нома омадааст, ки кишварҳои минтақа дар нимаи дуввуми садаи бистум бо хушкшавии дарёчаи Арал, шоҳиди бӯҳронҳои зистуҳитӣ будааст. Бар асари коҳиши об дар рӯдхонаҳои Омӯдарё ва Сирдарё, баҳри Арал қисман хушк шудааст.
Дар раддияи намояндагии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Узбакистон беш аз нисфи заминҳои корами минтақаро дорост ва 60 дарсади захоири оби минтақаро истифода мебарад. Дар замони шӯравӣ солона ҷиҳати ҳифзи Арал, ҳаққи ҷудогонаи об аз ҳисоби ин ду рӯдхонаи бузург ҷудо шуда буд, ки ба ин баҳр мерехт.
Дар нома гуфта мешавад, ки тақсими об дар ҳавзаи баҳри Арал ҳанӯз ба ҳамин асос сурат мегирад. Ба маълумоти Комиссияи ҳамоҳангии тақсими обҳои Осиёи Марказӣ, аз соли 1992 то соли 2010 миқдори 258 миллиард мукааб метр ё миқдори 14,3 миллиард мукааб метр ба баҳри Арал ва минтақаҳои атрофи он дода шудааст. Ба гузориши ин комиссиюн, ин миқдори оби сарозершуда, ду баробар аз нақшаи пешбинишудаи оби Тоҷикистон ба баҳри Арал мебошад.
Дар нома зикр шудааст, бинобар ҳамин Тоҷикистон аз ҳаққи худ кам нахоҳад омад. Чун баҳри Арал бинобар истифодаи номуассир об кишзорҳои дар иддае аз кишварҳои поёноб, хусусан Узбакистон миқдори зиёди обро дастрас намекунад.
Дар се соли ахир нисбат ба замони шӯравӣ рехтани об ба баҳри Арал коҳиш ёфтааст. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки танҳо 20 дарсади об самаранок истифода шуда ва боқӣ 80 дарсади он нопадид мешавад.
Дар ин нома ишора ба баъзе обанборҳои бузург дар Узбакистон чун Айдаркул-Арсанай ва Сариқамиш мешавад, ки миқдори оби мавҷудаи онҳо бо оби дар ҳоли ҳозир вуҷуд дошта дар баҳри Арал баробар мебошад.
Дар бахши дигари ин нома ишора ба паёмадҳои зистмуҳитии хушкшавии баҳри Арал ишора шудааст, ки бар он солона ҳазорҳо тонна намак бар асари шамолу бод ба атроф пароканда мешавад. Ин амр паёмадҳои ногувори зистмуҳитиро дар пай хоҳад дошт.
Дар номаи ҷавобии ҷониби Тоҷикистон аз он тааҷҷуб карда шудааст, ки мутаассифона ин ҳама ба тарҳҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рабт дода мешавад.
Ҷониби Тоҷикистон зимни ин нома барои бурунрафт аз бӯҳрони Арал, ки тобиши сиёсӣ гирифтааст, пешниҳод кардааст, ки баъзе аз кишварҳо бояд на танҳо истифодаи обро дар заминҳои коҳиш диҳанд, балки хоҳиши сиёсии ҳалли ин мушкилро дошта бошанд. Тоҷикистон дар ин росто пешниҳод кардааст дар зери чатри Созмони Миллал тақсими мантиқии захоири об дар минтақа сурат бигирад.