Бозтоби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, дар меҳвари матолиби бештари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.
«Фараж» дар матлаби «Президент бо чӣ бармегардад?» навиштааст, ки «қабл аз сафари Э. Раҳмон, президенти гурӯҳи байнипарламентии Аврупо Струан Стивенсон ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамроҳи Э. Раҳмон аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард. Зимни ин сафар ба яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои ҷаҳон, намояндаи парламенти Аврупо эълон дошт, ки мехоҳад иттилооти бештареро ба даст орад. Стивенсон бо сароҳат эълон дошт, ки сарфи назар аз нигаронии Тошканд, ӯ шахсан бовар дорад, ки нерӯгоҳи Роғун барои минтақа аз ягон лиҳоз хатар надорад.»
Аммо ба таъкиди муаллифи матлаб, ин суол боз мемонад, ки «оё ҷонибдории Струан Стивенсон метавонад андешаи маҳофили сиёсии Аврупоро нисбат ба Роғун тағйир диҳад? Ва нашрия меафзояд, «санади парламенти Аврупо гувоҳӣ медиҳад, ки ин кор то ҳол ба ӯ муяссар нагардидааст. Аз санади коршиносони парламенти Аврупо бармеояд, ки онҳо аз вазъи на танҳо Афғонистону Қирғизистон, балки аз вазъи худи Тоҷикистон чандон хушоянд нестанд.»
Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, муаллифи матлаб хулоса кардааст, «дар ҳоле, ки парламенти Аврупо ба ояндаи Тоҷикистону минтақа бо шубҳа менигарад, президент Раҳмон ба кадом дастоварде метавонад, зимни сафари худ ба ин қитъа умед бандад? Ба назари ман натиҷаҳои сафар аз қабл маълум мебошанд.Эътирофи дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон ва як қатор кӯмакҳои молии Аврупо ба кишвари мо.»
«Имрӯз нюс» низ зимни бозтоби сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, «натиҷаҳои муколамаи дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсонро, ки аз соли 2008 шурӯъ гардида, дар заминаи он тавсияҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ мешаванд, боиси қаноатмандӣ унвон кардааст.
Нашрия ба нақл аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳамкориҳои минтақаӣ навиштааст, ки «дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад!».
Аммо ба ақидаи президент Раҳмон «ин мавқеъ қабл аз ҳама ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дахл дорад, ки вақтҳои ахир вирди забонҳо гардидааст. Роҳи ҳалли ягонаи ин масъала танҳо дар ҳамкорӣ аст ва ягон иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон низ бар зиёни ягон давлат фаъолият нахоҳад кард.»
"ЧАРО Э. РАҲМОН БО ЖУРНАЛИСТОН МУЛОҚОТ НАМЕКУНАД?"
«Озодагон» ба мавзӯи ҳамкории президенти Тоҷикистон бо журналистон, дақиқтар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони «ҳокимияти чаҳорум» пардохта ва сарлавҳаи матлаби нашркардаашро суоломез «Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон мулоқот намекунад?» ном гузоштааст.
Муаллифи матлаб мӯътақид аст, ки президент Раҳмон аз замони дар курсии президентӣ нишастанаш ҳамагӣ як бор ва он ҳам 7-уми декабри соли 2009 мулоқоти рӯ ба рӯ бо журналистони тоҷикро доштааст. Нашрия навиштааст: «бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, нишасти хабарии аввалини Раҳмон имтиҳоне барои рӯзноманигорони тоҷик буд, ки аз он нагузаштанд. Аз дидори таърихӣ инак як солу панҷ моҳ сипарӣ мешавад, вале аз тасмими баргузории нишасти навбатии Эмомалӣ Раҳмон хабаре нест.»
Аммо ба навиштаи нашрия ахиран миш- мишҳое баланд шуд, ки дар арафаи ҷашни 20 солагии истиқлолияти давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар рӯ ба рӯи журналистони тоҷик нишаста ба суолҳои сершумори онҳо ҷавоб хоҳад гуфт.»
Ҳарчанд ин хабар расман таъйид нашудааст, аммо аз назари нашрия ва таҳлилгарон, кӣ ба ин мулоқот роҳ хоҳад ёфт, суоли матруҳа боқӣ мемонад.»
"ТОҶИКОН ҲАМ МАРШАЛ ДОРАНД"
«Пажвок» зимни шарҳи ҳоли Муҳаммад Қосими Фаҳим бар он таъкид кардааст, ки «Тоҷикон ҳам «Маршал»доранд.»
Албатта ишораи нашрия ба рутбаи Муҳаммад Қосими Фаҳим, аз фармондеҳони варзидаи тоҷик дар Афғонистон аст. Ба навиштаи нашрия, бо он, ки таҳаввулоте дар низоми қудрати Афғонистон дар чанд соли ахир, ба хусус пас аз кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд ба вуқӯъ пайваст, «новобаста аз даст додани вазифаҳои баландмартаба, Маршал Фаҳим минбаъд низ чеҳраи калидие дар раҳбарияти олии сиёсии Афғонистон боқӣ хоҳад монд. Зеро вай солҳои тӯлонии ҳаёти худро дар муборизаву муқовимат бо нерӯҳои шӯравӣ, Толибон ва гумоштагони «Ал- Қоида» сарф намудааст».
Ҳатто нашрия порае аз мусоҳибаи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар соли 2006 - ро овардаст, ки гуфта буд, «Маршал Фаҳим яке аз фармондеҳони содиқи ватан ва муҷоҳиди асил буда, аз ашхоси олирутбаи беназиру бебадали низомӣ маҳсуб мешавад. Ӯ метавонад ба тариқи мустақилона ва мукамалан аз Афғонистон намояндагӣ кунад.»
«СССР» дар гӯшаи «сухани рӯз ба масъалаи номгӯзорӣ низ пардохта ва навиштааст, ки «душманони миллат имрӯз рӯирост по рӯи Ифтихороти Миллӣ, Тоҷикияти Ту мегузоранд ва мо хомӯшем. Ин бор низ чанд аъзои Ихвон- Ал-СССР навиштаанд, ки муллоҳои адамулхирад, вале ҳадафдор писаронашонро ҷойҳое манъ кардаву гуфтанд, ки номатро дигар кун; номҳои Шоҳномавиатон куфранд. Яъне боз сар карданд! Мусалмонӣ ба Тоҷикият ва баракс чӣ дахле дорад? Моро тарс медиҳанд; ҳу , хап кун, ки кофир шудӣ. 1 нафаре ҳам нест, ки гӯядашон, харро 1000 бор мулло фалониву ҳазрати бисмадонӣ хонӣ ҳам хар мемонад. Шояд пир шуду умр вафо кард...» пирхар шавад!».
Нашрия афзудааст, ки « ин муллобачаҳо ҳамон террористонеанд, ки президенти кишвар ҳам аз мавҷудияташон огаҳӣ медод. Ва инҳо ҳадаф доранд. Зеро ба маҳзи таъкиди сарвари давлат, ки ба атфол номҳо аз Шоҳнома гиред, ун номҳоро куфр хонданд. Соате дур нест, ки Шоҳномаро ҳам куфр хонанд. Ва Миллатро ҳам...»
"ВАҚТЕ АРОБАРО ПЕШ АЗ АСПҲО МЕБАНДАНД..."
«Миллат» зимни нашри матлаби «Вақте аробаро пеш аз аспҳо мебанданд.... масоили муҳимтарин ҷомеаи Тоҷикистон, шурӯъ аз илму дониш, саводомӯзӣ, мафкура ва андешаи миллӣ, мушкилоти маҳалгароӣ, ки ин падидаи номатлуб монеъи сохтани миллат аст, ба таҳлил гирифтааст. Ба хусус, муаллифи матлаб Меҳмоншоҳ Шарифов, менависад, «шояд имрӯз тоҷикон дарк карданд, ки дар ин сарзамин бо як маҳал миллат наметавон сохтан ва ҳама маданиятҳои зебои тоҷикии маҳаллии мавҷуда бояд дар атрофи давлати имрӯзаи Тоҷикистон муттаҳид шуда ин назария ва ормонро, ки «миллат» номида мешавад, амалӣ созанд.»
Ҳамзамон муаллифи матлаб меафзояд, «вале афсӯс, ки пинҳонӣ аз давлати марказӣ мардуме, ки ба вазифаҳо соҳиб мешаванд, муассисаҳоро авлодӣ ва ба давлатчаҳои мустақили худ табдил мекунанд. Мафҳуми «миллат» имрӯз барои инсонҳои огоҳ дар ин сарзамин маънии ҳаёти сифатан беҳтари инсонӣ, иқтисодиёти ягонаи дар асоси илм ва технологияи ҷаҳони пешрафта, фарҳанги нави баланди инсонии аз маризиҳои таърихӣ наҷотёфтаро дорад, ҳарчанд, ки барои баъзеҳо он танҳо назарияе барои суханпардозӣ ва барои баъзеҳо ниқобе барои пӯшондани беамалии онҳо гаштааст...»
ПОРСӢ АЗ ҲАР ЗАБОНЕ ФАРОХТАР АСТ
«Нигоҳ» ба мавзӯи хати порсӣ ва баргаштан ба онро пардохта ва дар матлаби «Сирилик ва хати порсӣ ё чаро бояд ба хати порсӣ баргардем?» навиштааст, ки «мову шумо сад соли дигар ҳам ба хатти сириллик матлаб бинависему дар Интернет ҷой диҳем, боз ҳам ба гарди хатти порсӣ намерасем. Ҳатто забони русӣ ба андозаи форсӣ дар Интернет матлаб надорад.»
Ин нашрия дар матлаби дигаре ба иқдоми ахири масъулони зиндонҳои Тоҷикистон дар мавриди боз кардани дари зиндонҳо ба рӯи журналистон пардохта ва дар мақолаи «Гашти асп» -и зиндонбони №1» навиштааст, ки «дар пайи ин «экскурсия хабаре расид, ки ҳафтае пештар як маҳбус дар натиҷаи лату кӯби назоратчиёни зиндон ҷон додааст. Ин аст, ки коршиносон сабаби даъвати журналистон ба маҳбасхонаҳоро аз ҷониби роҳбарияти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон маҳз ба ҳамин ҳодиса рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ин васила роҳбарияти Раёсати мазкур аз интиқоди ВАО ва истеъфои эҳтимолиашон пешгирӣ карданӣ шуда, «экскурсияи» -и журналистонро ташкил кардаанд.»
ФАРЗОНАИ ХУРШЕД: "МАН ВАТАНАМРО ҲАРГИЗ ТАРК КАРДАНӢ НЕСТАМ"
«Тоҷикистон» дар пасманзари боздиди гурӯҳе аз журналистон аз маҳбаси занона дар шаҳри Норак, сӯҳбати Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷикро, ки дар яку ним соли пеш маҳкум ба зиндон шуда буд, нашр кардааст. Хонум Фарзона гуфтааст, ки «баъзан навиштаву овозаҳоро атрофи номам шунида дар ҳайрат мемонам. Чуноне, ки мебинед, қатори дигарон имрӯз дар ин муассиса бо амри тақдир ба гуноҳи кардам адои ҷазо менамоям.»
Вай дар посух ба суоли «Овозаҳое низ ҳаст, ки гӯё Фарзона тарки ватан карданист?» гуфтааст, «Ҳаргиз, ҳаргиз... Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам. Гуноҳро ман кардам, Ватани ман гуноҳ надорад ва ман Ватанамро ҳаргиз тарк карданӣ нестам.»