Маҳкумияти муассиси радиои "Ватан" ба 9-соли зиндон

Далер Амонов, муассиси радиои «Ватан»-ро додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт барои нӯҳ сол равонаи зиндон кардааст.
Додгоҳ оқои Амоновро барои аз худкунии амвол, тақаллуб ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ айдор медонад.

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод Далер Амоновро ҳанӯз дар моҳи октябри соли гузашта бо ҷурми қаллобӣ боздошт карда буд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод он замон гуфта буд, Далер Амонов бо шаҳрванди Русия Иззатулло Тошмуҳаммадов ба хотири ворид кардани телефонҳои дастии «Нокиа» ва пуштибонии радиои «Ватан» созишномаи шифоҳӣ баста, ба ҳисоби бонкии ширкати «Арзон мобайл» ва «ТРК Ватан» 805 ҳазор доллар ворид намудааст. Аммо шартҳои ҳамкориро иҷро накардааст ва ин маблағҳоро барои ширкатҳояш харҷ намудааст.

Як муомилаи дигари оқои Амонов бо муассисаи “Маркази ҳамсолони Турсунзода” будааст, ки ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 150 ҳазор доллари амрикоиро ба соҳибони маблағ барнагардондааст. Далели дигар муомилаи пулӣ бо як шаҳрванд бо исми рамзии “К” аст, ки оқои Амонов аз ӯ гӯё 21,500 евро пули нақд гирифта, “ба манфиати худ” истифода кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, маблағи даъвоӣ аз 1,5 то 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Манобеъи додгоҳӣ гуфтаанд, ки қонуни ҷазои кишвар ин имконро фароҳам кардааст, ки Далер Амонов бо пардохти ҷарима ва ғаромат аз зиндон озод шавад. Вале бар асоси қонунҳои марбутаи кишвар, шахси айдоршуда бояд зиёни расида ба афродро пардохт намояд.

«Ватан» аз радиоҳои мустақил аст, ки бо тавозуни назар иттилоъ пешниҳод мекунад ва аз радиоҳои беҳтарин дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аммо қазияи Далер ба радиои «Ватан» ва фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ рабте надорад. Шояд ин мушкили моливу соҳибкории ӯ бошад, зеро Далер Амонов ҳамчун соҳибкор шинохта шудааст.