Боздиди Струан Стивенсон, узви парлумони Аврупо аз Тоҷикистон, мавзӯи меҳварии бештари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе буд.
«Имрӯз нюс» дар матлаби «Ҳомии Роғун» ба САҲА гузориш омода мекунад», сафари ҷаноби Стивенсон ба Тоҷикистон, ба хусус ошноӣ вай аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба баррасӣ гирифта навиштааст, ки «сафари Стивенсон ба Тоҷикистон ба замоне рост меояд, ки дар ҳафтаҳои наздик президенти Тоҷикистон ба Аврупо сафар мекунад. Аз эҳтимол берун намемонад, ки боздид ва баҳои Стивенсон дар сафари Раҳмон ба Аврупо ва бархӯрди мақомдорони аврупоӣ бетаъсир нахоҳад буд.»
Аммо нашрия ба нақл аз Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик навиштааст, «дар Аврупо сохторҳои бонуфуз ва кишварҳои бузурге ҳастанд, ки дар ин маврид мавқеи ягона надоранд, ё дахлнопазиранд, ё дахлнопазириро пеша кардаанд. То куҷо ӯ онҳоро мутақоид мекунад, чизе гуфтан мушкил аст.»
ОЁ ҒАРБ ПУШТИБОНӢ РОҒУН АСТ?
«Дунё» низ дар матлаби «Ғарб пуштибони «Роғун» аст!» навиштааст, ки «Струан Стивенсон, узви порлумони Аврупо ҳам бар ин назар аст, ки мушорикати Тоҷикистон дар равандҳои байнулмилалӣ бар нақши он дар минтақа афзуда ва ба бовари ӯ дар Ғарб ҳам ба ин расидаанд, ки аз ин кишвар пуштибонӣ кунанд.»
«Наҷот» дар «Баҳси Роғун: манфиат ва хатарот» ба дарозо кашида шудани сохтмони Роғунро ангезаи сиёсӣ арзёбӣ карда ва навиштааст, ки «Бародари бузург» то ҳамон лаҳзае онро ба шиддат ҷонибдорӣ кард, ки моли худ шуданашро интизор дошт, зеро дар ба сари қудрат овардани «бародари кӯчак» хешро саҳмдор медид, яъне «агар ман аз ту пуштибонӣ намекардам, дар ин курсӣ наменишастӣ».
Дақиқтар бигӯем, баҳс миёни ду «бародар» аз нигоҳи он, ки аввал кист, шакли усулӣ ба худ гирфт. Инҷо агар моликияти давлат эълон шудани Корхонаи алюминиюмро ба инобат гирем, баҳси Роғун боз сиёситар мешавад. Чун дар дурнамо «бародари бузург» ин ҳар ду корхонаи бузургро моли худ кардан мехост».
Ба навиштаи нашрия, «ҳарчанд ҳамакнун зоҳиран «Роғун» зери чатри Бонки Ҷаҳонӣ бунёд хоҳад шуд, аммо боз ҳам «масъалаи муносибати «бародари бузург» ва робитаҳои ҳамсоядорӣ бо Тоҷикистон, яке аз авлавиятҳо ба шумор мераванд, чун кишвари моро пайваста имконият ва воқеияту шароити хеле ҳассос дунболгир будааст.»
«ТОҶИКИСТОН ДӮСТИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОД»
«Миллат» матлаберо ба шаҳодати Муҳаммаддовуди Довуд, фармондеҳ низомии афғон бахшида, ки зери сарлавҳаи «Сутуни муқовимат шикаст, Генерал Довуд террор шуд» ном гирифтааст. Муаллифи матлаб навиштааст, ки «терРори Муҳаммаддовуд танҳо аз миён бурдани як тоҷики саркаш, баланболо, доно, қудратманд ва хушсимо набуд. Ин террори як марди ҳадафманд ба манзури осебпазир сохтани мактаби Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва боз кардани роҳи тавсеаталабӣ ба шимол аст. Бо шаҳодати генерал Довуд, Тоҷикистон як ҳамкор ва дӯсти содиқи худ дар муқовимат ба гурӯҳҳои тавсеаталаб ва тундгаро аз даст дод.»
Ба навиштаи муаллифи матлаб «Муҳаммад Довуд як тоҷики ватанпарасти содиқ, ҳадафманд ва сулҳписанд буд. Ӯ як сутуни мӯҳками мактаби Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ муовини вазири умури дохила буд ва ҳадафаш аз омадан ба шимол, таъсиси ҷабҳаи муқовимат ва басиҷ кардани нерӯҳои собиқи Ҷабҳаи шимол бар алайҳи Толибон буд.»
«ПРЕЗИДЕНТҲОРО БА ҲАМ НАШӮРОНЕД?
«СССР» ба мавзӯи муносибот ва равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон пардохта ва дар матлаби «Президентҳои 2 кишварро ба ҳам нашӯронед!», аз қавли як сокини шаҳри Душанбе навиштааст, ки «магар дар давраи ташкилёбии Тоҷикистон аз тамоми гӯшаву канори Узбакистон муҳоҷирон омада дар деҳоту совхозҳои Тоҷикистон ба ободкоркории республика даст назаадаанд? Магар меҳнати шоёни онҳо набуд, ки Тоҷикистон обод шуда буд?. Ҳамаи инро мо барин пирони солхӯрдаю дунёдида медидему мешунидем».
Муаллиф афзудааст, ки «Акнун бошад, мо бо туркону арабҳою эронию афғонҳо дӯст шудем. Ба ҳамаи ин кадом шӯрандозҳо гунаҳкор бошанд?»
ПАХТА ДАР НИШОНИ ТОҶИКИСТОН БОШАД Ё НАБОШАД?
"Фараж" ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, мувофиқ омадани ин рӯз бо пешниҳоди зумрае аз зиёиён барои бардоштани тасвири пахта аз нишони давлатиро рамзӣ донистааст. Ба навиштаи нашрия, «пахта нишонаи қомати хами модар, чеҳраи лоғари додар, дастони пуробилаи падар, ангуштони хуншори хоҳар дар пахтазорон буду бас. Пас агар пешниҳод дастгирӣ ёбад, метавон бовар кард, ки воқеан ҳам имсол соли муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон буд. Яъне онҳо баъди ба камолот расидан, бо дидани тасвири пахта дар нишони миллӣ, аз азияти даруни пахта ва таънаву маломати нарафтан ба пахтачинӣ ёд намекунанд.»
МАГАР ИНТИХОБОТ ШАФФОФ ГУЗАШТ?
«Вечерний Душанбе» мусоҳибаи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистонро зери сарлавҳаи «Натоиҷи интихобот танҳо аз райъдиҳандагон вобаста аст» чоп кардааст, ки ҷаноби Шоҳиён зимни ибрози ризоят аз натиҷаи интихоботи 15 май дар ҳавзаи «Сино» гуфтааст, ки «назари бархе аз афрод, ки интихобот мунсифона сурат нагирифтааст, беасос, нодуруст ва ғайриқобили қабул аст.»
Ба таъкиди ҷаноби Шоҳиён, пас аз интихобот то таърихи 23-юми май ҳеҷ гуна шикояте ба Кумиссиюн нисбати натиҷаи интихобот ворид нашуд. Аммо Шоҳиён мегӯяд, шикояти Толибшоҳи Сайидзода, яке дигар аз номзадҳои интихобот, ки баъд аз як ҳафтаи баргузории интихобот ба ин кумиссиюн ворид шудааст, ба таври қонунӣ ва шаффофу одилона баррасӣ хоҳад шуд.
ВАКИЛОНИ ДИФОИ БЕДИФОЪ
«Азия плюс» мавзӯи ҳуқуқи адвокатҳо ва ё вакилони дифоъро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки «ҳуқуқи адвокатҳо дар сатҳи қонунгузорӣ ба инобат гирифта нашудааст. Қонун дар бораи адвокатура кӯҳна шудааст, аммо талошҳо барои бозбинии он дар солҳои ахир бидуни натиҷа мондааст.»
Аммо нашрия ба нақл аз адвокат Қаюм Юсупов навиштааст, ки «соли ҷорӣ раиси ҷумҳур дар паёмашон ба порлумон аз адвокатҳо пуштибонӣ карданд, ки умедворем вазъ комилан беҳтар хоҳад шуд. Зеро ба таъкиди ҷаноби Юсупов, дар бештари маворид, худи адвокатҳо ба ҳимоя ниёз доранд.»
ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД...
«Нигоҳ» дар мавриди мушкилоти роҳандозии телевизиони муштарак миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон матлаби «Об агар садпора гардад... ё чӣ ҳол дорӣ телевизиони муштараки «Наврӯз»? -ро интишор додааст. Нашрия чанд мушкил, ба хусус, тарс аз рақобат, тарс аз қаробат, яъне наздики бо Эрон, тарс аз русмаобии тоҷик ва русҳо ва тарс аз гапу калочаи рӯҳониёни арабмаоби тоҷикро аз иллатҳои то ҳол фаъол нашудани шабакаи муштараки телевизионии форсизабони «Наврӯз» унвон кардааст. Нашрия навиштааст, ки «маълум аст, ки барномаҳои телевизионии имрӯзаи мо чӣ аз лиҳози мазмуну маҳорат ва чӣ аз лиҳози нутқи равон, яъне забон, тарҷума, бо ҷониби эронӣ рақобат карда наметавонанд.»
"БА UEFA ПАЙВАСТАН КОРИ ЧАНДАҚИҚАИАНА АСТ"
«Тоҷикистон» дар остонаи сафари Мишел Платинӣ, президенти Шӯрои ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи варзишии ҷаҳониро матраҳ кардааст. Ба навиштаи нашрия «идеяи ба UEFA пайвастани футболи Тоҷикистон амалинашаванда аст, зеро фактҳо далели радро медиҳанд. Аммо таҷрибаҳои охир ва як гуфтаи президенти ФФУ умедворкунанда аст, ки гуфта буд: «Ба UEFA пайвастан кори чандақиқаина аст.»