Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи мавқеи вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар бораи нерӯгоҳи Роғун худдорӣ карданд.
Танҳо як манбаъ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, посух ба даъвои Узбакистон қаблан фиристода шуда буд.
УЗБАКИСТОН ҲАМОНО МУХОЛИФАТ МЕКУНАД
Сомонаи «Ҷаҳон», мансуб ба вазорати хориҷии Узбакистон зимни пахши матлабе бо унвони «Сохтмони НБО-и Роғун новобаста аз натиҷаҳои экспертизаи байнулмилалӣ қобили қабул нест» овардааст, ки изҳороти
Шералӣ Гул, вазири саноату энержии Тоҷикистон дар мавриди тағйир наёфтани нишондиҳандаҳои Роғун амалан натиҷаҳои ин ташхисро рад мекунад.
Дар ин матлаб бо иқтибос аз рӯзномаи мисрии "Асия ал-Вуста" омадааст, вазири саноату энержии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки баландии сарбанд ва иқтидори нерӯгоҳи Роғун новобаста аз натоиҷи экспертизаи байнулмилалӣ тағйир нахоҳад ёфт ва «ҳама чиз ҳамон тавре боқӣ хоҳад монд, ки буд.»
Манбаъи мо дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, зимни посух ба ҷониби Узбакистон гуфта шудааст, ки суханони вазир таҳриф шудаанд. Вай афзуд, аммо барои ӯ суол ин аст, ки чаро Узбакистон имрӯз ин мавзӯъро дар ҳоли доштани посух дигарбора доман мезанад.
Матлаби сомонаи «Ҷаҳон» рӯзи 18-уми май дуруст рӯзи дуввуми баррасиҳои минтақавии натоиҷи аввалияи ташхиси байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ дар Алмаато нашр шуд. Дар он дигарбора таъкид мешавад, ки Узбакистон ҳамоно дар мавқеи рӯшан ва фаҳмои худ- қобили қабул набудани сохтмони ҳама гуна иншооти бузурги энержии обӣ рӯи дарёҳои фаромарзӣ устувор аст ва ин гуна иншоотҳо бояд бо ризоияти тамоми тарафҳо бояд сохта шаванд.
"МАВҚЕИ УЗБАКИСТОНРО НОДИДА БОЯД ГИРИФТ"
Коршиносон мегӯянд, дигарбора аз мавқеи расмии худ дарак додани Узбекистон тариқи як сомонаи расмӣ ба ҷуз фишор ворид кардан ба раванди баррасиҳо чизи дигаре нест.
Георгий Кошлаков, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло устоди иқтисоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, аз ширкатдорони нишасти Алмаато гуфт, хуб мешавад, ки ин баромадҳои Тошканд нодида гирифта шавад: «Ба назари ман, онҳо аз фикри худ нахоҳанд гашт. Аммо ин ба раванди сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ таъсире дошта наметавонад. Дигар тарафи масъала ин аст, ки экспертиза чӣ хулоса мебарорад, ки нав сар шуд. Мо дар Алмато бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ошно шудем ва ростӣ, ҳирфаияти онҳо маро дар ҳайрат гузошт. Ба назари ман, онҳо хулосаи боадолатона мебароранд. Узбакҳо мегӯянд, ки новобаста аз натиҷаҳои экспертиза онро қабул нахоҳанд дошт, пас суол мешавад, ки чӣ қобили қабул аст? Магар фақат фикри онҳо қобили қабул аст? Дар ин бора чӣ ҳам мешавад гуфт. Ин як баромади ғайриҳирфаӣ аст.»
Зимнан, дар нишасти Алмаато ҳайати ҳукуматии Узбакистон ширкат накард. Оқои Кошлаков гуфт, созмони ҷамъиятии ин кишвар ҳам ҳарфи наве дар ин нишаст гуфта натавонистанд.
"...ИН ҶУЗ БАҲОНАСОЗӢ ЧИЗЕ БЕШ НЕСТ"
Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, экспертизаи байнулмилалӣ бо тақозои худи Узбакистон сурат мегирад ва баҳонасозиҳои ин кишвар бар асоси суханони таъйиднашудаи вазири саноату энержии Тоҷикистон бозгӯи ҳадафи аслии ин кишвар, дар кул сохта нашудани нерӯгоҳи Роғун аст.
Рафиқа Мӯсоева, собиқ вазири энержӣ ва ҳоло раиси Анҷумани энергетикҳои Тоҷикистон, низ аз ширкатдорони нишасти Алмато мегӯяд, баъд аз замони шӯравӣ ва соли 2009, тарҳи Роғун дафъаи саввум аст, ки экспертиза мешавад ва ин дафъа маҳз ба хотири қаноат додани Узбакистон аст.
Вай афзуд, аз ин хотир, то анҷом ёфтани экспертизаи байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун, ҳар гуна баҳс бемаънӣ хоҳад буд: «Биёед, мунтазир шавем. Ҳусни тафоҳуми байнулмилалӣ ҳамин аст. Гуфтанд, ки экспертиза кунед, мекунем. Чӣ зарурат аст ба ин гуна сӯҳбатҳо? Бояд мунтазир шуд. Маҳз ин нишонаи дар сатҳи байнулмилал бурда тавонистани музокироту зиста тавонистан аз рӯи қавонини байнулмилалӣ аст, на гузоштани ягон ултиматуму шарту шароит пеши якдигар. Дар ин сатҳ сӯҳбат карданро ман шахсан қабул надорам.»
УЗБАКИСТОН МУХОЛИФИ САРСАХТИ РОҒУН
Баҳсҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз оғоз бидуни тағйири мавқеи ҷонибҳо идома дорад. Ӯзбакистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа мухолифи сарсахти ин тарҳ аст. То ин замон даҳҳо муроҷиат ба созмонҳои байнулмилаливу маводи хилофи ин тарҳ дар расонаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Коршиносон матлаби охирини вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистонро аз ин силсила унвон мекунанд ва меафзоянд, ин охирин матлаб нахоҳад буд.