Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи бӯҳрони бензин?

Дар шаҳри Душанбе даҳҳои ситоди бензинфурӯшӣ баста шудаанд ва садҳо ронанда дар марказҳои маводи сӯхти ширкати русии "Газпромнефт-Тоҷикистон" навбат мепоянд.
Як назар ба ҳисобкунакҳо нишон медиҳад, ки ронандаҳо мехоҳанд ҳарчи бештар маводи сӯхт, бахусус бензин харидорӣ кунанд.

Азиз, як ронанда мегӯяд, дар пойтахт дари чандин нуқтаи бензинфурӯшӣ баста буд ва дар бархе, ки баста набуданд, қимати як литри бензини навъи 92 то 5
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар остонаи як бӯҳрони энержӣ қарор дорад, ки авоқибаш ҳам пешбинишаванда нест...
сомониву 60 дирам арзиш дошт: "Ман ҳамеша мекӯшам, ки аз "Газпром" бензин харидорӣ кунам. Ин ҷо 1 литри бензини 92 чор сомониву ҳаштод дирам аст. Гарон аст, аммо илоҷи дигар ҳам надорем."

Қаблан, ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" эълон дошта буд, ки захираҳои ин ширкат барои моҳи май кифоят мекунанд. Собит, фурӯшандаи ширкат мегӯяд, бо захираҳое, ки нуқтаи фурӯши ӯ дорад, вай то ҳоло бӯҳронро эҳсос накардааст.

"Ҳоло дигар ширкатҳо нархро то 5 сомониву 70 дирам боло бурдаанд. Мо ҳанӯз захира дорем ва то 20 рӯзи дигар мерасад. Умед дорем, ки пас аз 20 рӯз бензинамон меояд ва нарх ҳам боло намешавад"
,-афзуд ӯ.

"НАРХ АЗ БОҶИ ГУМРУКӢ ВОБАСТА АСТ"

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз ширкати "Газпромнефт- Тоҷикистон" тақозо карда буд, ки нархи 1 литр бензини арзонтарин - навъи 92-ро аз 4 сомониву 80 дирам ва сӯзишвории дизелиро аз 5 сомониву 60 дирам боло накунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ҳам итминон надоранд, ки ба ин васила болоравии нархи сӯзишвориро дар кишвар назорат карда тавонанд. Бахтиёр Назирмадов, сарвари раёсати омӯзиши вазъи бозорҳо ва бахши тиҷорати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, бо тамом шудани захираҳо назорати нархҳо низ имконнопазир мешавад.

Вай гуфт, "нархи сӯзишворӣ боло мешавад. Нарх ҳам аз боҷи гумрукии содиротӣ вобаста аст. Вақте ҳукумати Русия боҷро зиёд мекунад, нархи фурӯш ҳам зиёд мешавад."



КОРШИНОС: "НАМЕФАҲМАМ, ЧӢ ГАП АСТ"

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар остонаи як бӯҳрони энержӣ қарор дорад, ки авоқибаш ҳам пешбинишаванда нест. Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, ҳарҷу марҷе, ки рӯз ба рӯз дар кишвар бештар мешавад, ба таври стихиявӣ сурат мегирад.

Ӯ афзуд, дар ҳеҷ як кишвар ин гуна равандҳо аз идораи давлат берун буда наметавонанд: "Ҳоло намефаҳмам дар кишвар чӣ гап аст. Ин як бозии сиёсии Русия аст ё забоняккунии монополистони соҳа. Қонун ҳаст, ки ин гуна забоняккуниҳоро муҷозот мекунад. Аммо масъулини мо чӣ кор мекунанд, маълум нест. Дар оянда чӣ мешавад, барои ман рӯшан нест, зеро болоравии бензину сӯзишвории дизелӣ ба нарху навои бозорҳо таъсири манфӣ расонда, ба як ташаннуҷи шадид иҷтимоӣ меорад."



"ДЕФИТСИТИ СУНЪӢ"

Ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмадҳои ногувори бӯҳрони маводи нафтӣ ахиран аз ҳисоби захираҳои давлатӣ, ки ба иддаои мақомот, барои моҳи май кофист, барои кишоварзон 3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ бо қиммати 4 сомониву 90 ва 5 сомонӣ ба фурӯш баровард.

Мақомот ҳамчунин аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт, ба шумули "Газпромнефт-Тоҷикистон" хоҳиш карданд, ки дефитсити сунъӣ эҷод накунанд ва ҳаҷми воридоташонро мӯътадил нигоҳ доранд.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз болоравии роҳкиро дар кишвар, бахусус Душанбе, ронандагони мусофиркашонӣ огоҳ карда шудаанд, ки қимматҳояшонро боло набаранд. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, иддае барои чунин худсарӣ муҷозот шудаанд.