"Болои сӯхта намакоб"-- бензини қимат ҳам дастрас нест

Пас аз як ҳафтаи болоравии қимати бензин ва дигар маводи сӯхтӣ, ҳамакнун камбуди чунин мавод, ба хусус бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ба чашм мерасад.
Вақте мо аз чанд нуқтаи бензинфурӯшӣ дидан кардем, бархе аз онҳо ҳатто баста ва дар пештоқи ҳар кадом навиштаҷоти «Бензин нест» овехта шуда буд. Яке аз нуқтаҳое, ки фаъол буд, навбати зиёди воситаҳои нақлиётро дар пай дошт ва ронандагон аз вазъи пешомада ба шиддат нигаронӣ мекарданд: «Нест бензин. Кам шудааст. Дар заправкаи Қараболо, Варзоб ва дигар ҷо нест. Нархаш низ вазнин, 5 сомониву 20 дирам ва 5 сомониву 30 дирам дар ҳама ҷо. Ҳатто 5 сомониву 60 дирам ҳам фурӯхта истодаанд. Туғрӣ намегирад ба ин нарх».

«О, бензин биоранд! Бензин нест. Худи аз Водонасосний, аз истгоҳи хуҷандравҳо омада истодам, тамоман бензин нест. Раҳ ба раҳ тамоман нест дар ягон ҷо. Ин чӣ мешуда бошад?!»

"БОЛОИ СӮХТА НАМАКОБ"

Дар воқеъ камбуди бензин ва дигар маводи сӯхтӣ ба истилоҳ «болои сӯхта намакоб» -ро мемонад ва ба таъкиди ронандагони ҳамсӯҳбатам, ба дунболи аз 60 то 80 дирам боло рафтани нархи ҳар литри бензин дар як ҳафтаи ахир, камбуди бензин мушкили дигареро эҷод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисории Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз камбуди бензин ва дигар маводи сӯхтӣ аз ширкатҳои воридкунандаи он хост, то ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтиро коҳиш надиҳанд. Ба гуфтаи Акбар Хоҷаев, раиси бахши ҳимоя ва рақобати ин ниҳод, бархе аз ширкатҳо ба дархости онҳо алакай посухи мусбат додаанд: «Имрӯз ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нури Дилшод» ба мо хабар дод, ки аллакай онҳо дар моҳи апрел ба ҳамкоронашон маблағи 1 миллиону 300 ҳазор доллар интиқол додаанд, то дар моҳи май маводи лозимиро ба Тоҷикистон ворид созанд. Ин посухи расмии ин ширкат аст. Ҳамчунин ширкати «Газпром -Тоҷикистон» иттилоъ дод, ки онҳо низ ҳаҷми маводи сӯхтиро коҳиш нахоҳанд дод».

ВОБАСТАГИҲОИ НАФТӢ БА РУСИЯ


Ба ин тартиб масъулони давлатӣ мегӯянд, захираи бензин ва дигар маводи сӯхтӣ барои моҳи май аз сӯи ширкатҳои воридкунандаи он таъмин шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, болоравии қимати бензин ва дигар маводи сӯхтӣ ва ҳамин тавр камбуди ин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон, маҳз натиҷаи афзоиши боҷи содиротӣ аз сӯи Русия аст, ки аз 1-уми май боҷи содиротии бензинро 44 дарсад боло бурд ва ба 408 доллар барои ҳар як тонна расонд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхти худро аз Русия ворид мекунад, ки нисфаш тавассути ширкати «Газпромнефт» ворид мешавад. Ин ширкат дар оғози фаъолияти худ бо пешниҳоди арзонтарин нархҳо вориди бозори Тоҷикистон шуд, аммо мутахассисон мегӯянд, пас аз он, ки бозори сӯхти Тоҷикистонро дар инҳисори худ овард, қиматҳоро афзоиш дод.

АФЗОИШИ РОҲКИРО

Ҳамакнун болоравии қимати бензин ва ҳамзамон камбуди он рӯи қимати роҳкиро низ асар гузоштааст. Вале як ронандаи таксӣ гуфт, ки афзоиши роҳкиро боиси коҳиши муштариёнаш шудааст: «Нархи бензин маъқул нест. Чун плане, ки ман ҳамчун таксист дорам, иҷро намешавад. Пештар барои клентҳо 10 сомонӣ роҳкиро мегуфтем, ҳозир 15 сомонӣ кардем, аммо клентҳо дигар дар таксӣ савор намешаванд.»

Аз ронандагони ҳамсӯҳбатам мепурсам, ки дар сурати идомаи вазъ, чӣ хоҳанд кард? Онҳо чунин посух доданд ки: «Дигар маҷбурем, ки мошин ҳай накунем. Генератор қатӣ меравад». Ва: «Муҳофизати табиат хуб мешавад, ҳама велосипед (дучарха) савор хоҳанд шуд. Мисли Хитой мешавад. Тамом».

Бег Зуҳуров, собиқ муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия ва ҳоло раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қаблан пешниҳод карда буд, то мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз мошинҳои хидматӣ даст кашанд ва ба дучарха гузаранд. Шояд имрӯз ба далели ба осмон дакка хӯрдани нархи бензин замина ва фурсат барои пиёда шудани ин ибтикори Бег Зуҳуров муносибтар шуда бошад?