Таҷлили Наврӯз, таҳаввулоти ҷаҳони араб ва сафари қарибулвуқӯи президент Раҳмон ба Аврупо, меҳвари матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафта мебошад.
«Ҷавонони Тоҷикистон» шумораи навбатии хешро ба муносибати таҷлили байналмилалии Наврӯз бахшида ва дар матлабе навиштааст, ки «ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои чуқури фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он далолат дода, далели эътирофи тамаддуни куҳанбунёди ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад».
Ба навиштаи нашрия, «Наврӯз васлкунандаи тамаддунҳо аст ва акнун садои Тоҷикистонро дар тамоми гӯшаҳои дунё шунида онро ба ҳисоб мегиранд».
ҚАҲРАМОНИ ФАРОМӮШШУДАИ НАВРӮЗ
«Фараж» дар матлаби «Қаҳрамони наврӯз чаро имрӯз фаромӯш шудааст?» бо ёдоварӣ аз кору пайкори ҷасуронаи Бӯриниссо Бердиева, қаламкаши барҷастаи тоҷик ва аз сардабирони нашрияи «Маориф ва маданият» дар замони шӯравӣ навиштаст, ки «Наврӯзро маҳз Бердиева ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бо муборизаҳои худ расмӣ гардонида буд. Имрӯз қаҳрамони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз Наврӯз лоф мезанад. Вале дигар касе Бердиеваро намедонад, ки маҳз ин корҳоро ӯ карда буд. Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст».
"ЧАРО СОЛИ КАДУ ДОШТА БОШЕМУ СОЛИ ҚАНОАТ НЕ"
«Миллат» дар пасманзари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён, пешниҳод кардааст, ки «соли 2012 Соли Мӯъмин Қаноат эълон шавад».
Ба навиштаи нашрия «агар чунин иқдом аз ҷониби Сардори давлати Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 20 -солагии Истиқлоли тоҷик сурат бигирад, бешак ба имиҷи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари шеърпарвару фарҳангдӯст хоҳад афзуд. Эълон шудани соли 2012 ҳамчун соли Мӯъмин Қаноат ба ҳангоми зиндагӣ гиромӣ доштани эҳтироми як шоири саршиноси миллат ва нишони арҷгузорӣ ба аҳли адаб, эҳтиром гузоштан ба миллати тоҷик аст». Нашрия ба ин маънӣ сарлавҳаи ин матлабро чунин ном гузоштааст, «чаро ҷашни каду дошта бошему соли Қаноат не?».
ИСЁНИ АРАБҲО ИДОМА ДОРАД
«Пажвок» дар матлаби «Идомаи силсилаинқилобҳои арабӣ ё табаддулоти навбатӣ дар куҷо сар мезанад?» навиштааст, ки «режимҳои арабӣ замоне, каму беш бошад ҳам сайъу кӯшиш мекарданд, ки мардуми худро ба сӯи тамаддуни пешрафта бо истифода аз маблағҳои аз фурӯши нафт ба даст омада, бурда, коршоямии худро собит созанд. Вале тайи 30-40 соли ҳокимияти худхоҳона ва комилан яккасолорӣ, режими онҳо дар натиҷаи фасод ё коррупсия пӯсид ва ба дили аҳли ҷомеаи кишвар зад».
«Дунё» бошад дар таҳлили «Исёни арабҳо дар асри 21: Баъд чӣ?» навиштааст, ки «агар дар Либия ва ё Яман экстремистҳои динӣ ба сари ҳокимият оянд, ба сарчашмаи экстремизми динӣ табдил ёфтани ин кишварҳо аз эҳтимол дур нест, ки ин барои Шарқи Арабӣ, барои Ғарб ва ҳатто барои Русия метавонад оқибатҳои ногувор орад».
РАҲМОН БА АВРУПО МЕРАВАД
«Имрӯз нюс» аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо дар моҳҳои апрел -май хабар дода ва аз қавли таҳлилгарон навиштааст, ки «бештари маврид сафарҳои президенти Тоҷикистон ба Аврупо дар пасманзари сард шудани равобити Душанбе бо Маскав ва Тошканд сурат мегирад. Бо ин вуҷуд таъкид мегардад, ки далели таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба Аврупо танҳо ин «сардшуданҳо» нест, балки Душанбе ҳамеша талош дорад, бо Аврупо равобити наздиктарро ба роҳ монад».
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи нашрия, «бузургтарин бахши кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ, ба Тоҷикистон рост меояд. Дар солҳои 2007 -2010 ин кӯмакҳо ба 66 миллион евро расиданд, ки барои беҳбуди ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ, сектори хусусӣ ва ислоҳоти низоми моливу барномаҳои баланд бардоштани мизони некуаҳволии мардуми Тоҷикистон масраф шуданд».
УЗБАКИСТОН ҲАМОНО БАХИЛӢ МЕКУНАД
«Истиқлол» мухолифати ахири Узбакистон ба иҷрои тарҳи «КАСА -1000» -ро ба баррасӣ гирифта ва дар матлабе зери сарлавҳаи «Бахилӣ куҷо мебарад?» навиштааст, ки «ҳисси нотавонбинии бародарони узбак, яъне роҳбарияти сиёсии Узбакистон ба ҳадде боло гирифтааст, ки одобу таҳаммули дипломатиро нодида гирифта, ба тасмими пешгирифтаи дигар кишварҳои мустақил «норозият» баён медоранд. Узбакистон кӯшиш дорад, ки бо ҳар роҳе набошад, монеи иҷрои амалии тарҳи КАСА- 1000 гардад. Зеро ба ҳеҷ минвол рушди иқтисодии ҳамсояро таҳаммул карда наметавонад. Тошкандро ҳисси бахилӣ ончунон ноором сохтааст, ки дигар маърифату назокати маъмулии дипломатиро сарфи назар намуда, мантиқан аз Ҷумҳурии исломии Покистон тақозо дорад, ки созишномаи бо Тоҷикистон бастаашро бекор кунад. Роҳбарияти сиёсии имрӯзаи Тошканд бо ин иқдомаш бори дигар собит сохт, ки нисбати Тоҷикистон дар қалбаш танҳо бадбиниро мепарварад».
«Наҷот» дар ин мавзӯъ ба соҳибназарону таҳлилгарон бо суоли «Чаро Узбакистон нисбат ба сохтмони «КАСА -1000» мухолиф аст?» муроҷиат карда, ки дар посухи ин суол Акоша Кабирӣ, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ гуфтааст, ки «ин гуна мавқеъгириҳои Узбакистон аввалан сиёсӣ буда , баъдан иқтисодӣ мебошад. Узбакистон намехоҳад, ки дар атрофи он як давлати ихроҷкунандаи нерӯи барқ истода бошад».
Дигар аз таҳлилгарон дар ин мавзӯъ бар ин назар ҳастанд, ки «Узбакистон мехоҳад ба ҳайси як абарқудрат дар минтқаи Осиёи Марказӣ боқӣ монад».