Хулосаи нашрияҳои ин ҳафта, 17-уми март

Номаълум боқӣ мондани фармоишгари қатли Отахон Латифӣ яке аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои Душанбест.
"Имрӯз нюс" дар матлабе зери сарлавҳаи "CASA-1000 - кайк дар пӯстини узбекӣ" мухолифати Тошканд ба тарҳҳои энержии Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.

Ин нашрия менависад, "ба назар чунин мерасад, ки Узбакистон ҳеҷ намехоҳад аз мухолифатҳояш ба тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон даст кашад ва ин бор ба иҷрои лоиҳаи CАSА -1000, ки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистонро фароҳам месозад, ташвиш кардааст."

ИСЛОҲОТ Ё ИНҚИЛОБ?

“Азия-Плюс”
дар гузориши таҳлилие зери номи "Ислоҳот ба ҷои инқилоб?" дар пасманзари таҳаввулоти ҷаҳони араб навиштааст, ки "барои Тоҷикистон ҳоло ислоҳот зарур аст, на инқилоб. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ бояд нисбат ба масоил ва мушкилоти мардум боадолатона бошанд, онҳо набояд зулмро ба аҳолӣ раво бинанд."

"Наҷот" дар робита ба фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон навиштааст, ки "омбудсмен аз ваколатҳое, ки қонун ба ӯ додааст, пурра истифода бурда наметавонад. Яъне, ниҳоди мазкур вақте ба масъалаи ҳуқуқии шаҳрвандон дахл менамояд, ки аллакай ҳуқуқи шаҳрванд аз ҷониби мақомоти давлатӣ поймол шудааст. Омбудсмени мо интизор дорад, ки кай ба ӯ муроҷиат менамоянд, ки ин тарзи фаъолият комилан нодуруст аст."

"ҲОКИМИЯТИ ВЕРТИКАЛӢ"

"Озодагон"
мусоҳибаеро бо Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби состсиал-демократи Тоҷикистон нашр кардааст. Вай гуфта, ки "имсол ҳукумат ба ягон риски сиёсӣ даст намезанад" ва ҳамзамон афзудааст, "то имрӯз бовар ба ҳукумат қариб дар тамоми самтҳо боқӣ мондааст. Ҳатто дар сафи оппозитсияи тоҷик боварии аз ҳад зиёд ба ҳукумат дар сатҳи баланд аст ва ҳатто ба ҳукумат такя мекунанд."



Ҷаноби Зойиров ҳамчунин гуфтааст, ки "дар Тоҷикистон ҳамаи масъаларо ба номи як нафар, яъне президент марбут медонанд. Аз соли 2003 инҷониб дар Тоҷикистон ҳокимияти горизонталӣ вуҷуд надорад. Мо ҳокимияти вертикалӣ дорем. Яъне вақте, ки низоми додгоҳӣ ва қонунгузорӣ ба ҳокимияти иҷроия мутобиқ шуда, Шӯрои адлияву амният ҳам танҳо ба як нафар хизмат мекунанд, далели он аст, ки дар Тоҷикистон тақсимоти ҳокимият риоя намешавад."

ҲНИТ: БОШАД Ё НАБОШАД?

"Миллат"
дар идомаи баҳси марбут ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ аз қавли Сайидумар Ҳусайнӣ навиштааст, ки "ҲНИТ агар баста шавад, мо иқдоми қонунӣ мекунем. Меравем додгоҳ, иддао мекунем, агар муваффақ шавем бисёр хуб, нашудем боз як гурӯҳи ташаббускори дигар ташкил карда меравем то номнавис шавем...бе номи исломӣ. Агар ин ҳам нашуд, пас меравем дохили ҳизбҳои мавҷуда, масалан, ҳизби ҳоким ва ё ҳизби сотсиал-демократ. Муборизаи сиёсиро идома медиҳем. Ҳар кас чизи дигар аз мо интизор бошад, он пилтаро аз гӯшаш берун кунад ва бидонад, ки мо ҳеҷ гоҳ ҷанг намекунем, вазъияти сиёсӣ ва суботи ҷомеаро вайрон нахоҳем кард. Инро бояд ҳама бифаҳмад."

РЕШАДАВОНӢ Ё РЕШАКАНӢ?

"Нигоҳ" бо ишора ба талошҳои бархе аз вакилони Думаи давлатии Русия барои ҷорӣ кардани низоми раводид бо Тоҷикистон, навиштааст, ки "гӯиё сабаби ин иқдом беназоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон будааст. Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик мегӯянд, низоми раводид бо Тоҷикистон барои Русия зараровар асту барои мо муфид, аммо таҳдиду фишорҳои ин кишвар болои ҳукумати кунунии Тоҷикистон реша давондан дар минтақа аст, на решакан кардани кӯкнору нашъамандӣ..."

"Пажвок" ба мавзӯи одамфурӯшӣ дар Тоҷикистон пардохта ва навиштааст, ки "ин падидаи шум дар Тоҷикистон ҳам ба таври густарда доман паҳн кардааст. Ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ, дар солҳои ахир теъдоди зиёди духтарон ва занону мардон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон гирифтори фитнаву найрангҳои одамҷалобон мешаванд ва дар бозори одамфурӯшӣ ба савдо мераванд."

Нашрия дар канори муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ноогоҳии мардумро аз сабабҳои густариши ҷинояти одамфурӯшӣ донистааст.

ДАР ҶУСТУҶӮИ ФАРМОИШГАР

"Фараж"
ба маносибати 75-умин мин солрӯзи шодравон Отахон Латифӣ, устоди журналистони тоҷик, матолиберо нашр карда ва суоли матраҳи ҳафтанома ин аст, ки "чаро ва бо фармони кӣ Устод ҳадафи тир гардид?"

Нашрия навиштааст, "ҳарчанд мақомоти расмӣ дар ин маврид қотилро пайдо карданд, вале ин нафар-қумандони саҳроӣ Равшан Ғафуров баъд аз сӯҳбати телевизионӣ "барои кӯшиши гурехтан" кушта шуд. Яъне, агар тибқи иқрор дар ҳамон сӯҳбати телевизионӣ, Равшан Ғафуров қотил бошад, пас ному насаби кӣ будани фармоишгари қатли Латифиро бо худ бурд."

ҚАРЗИ ХОРИҶӢ ВА 5 СОМОНИИ ТАҚАЛЛУБӢ

"Ҷумҳурият" мавзӯи қарзи берунии Тоҷикистонро, ки ахиран мавриди баҳси матбуот шудааст, ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки "ҳоло маблағи умумии қарзи берунии ҷумҳурӣ 1 миллиарду 943 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ба 34,4 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Нашрия навиштааст, "гирифтани қарз, махсусан қарзи беруна зуҳуроти маъмули ҷаҳонӣ буда, барои рушди босуботи иқтисоди кишвар равона мегардад ва сатҳи баланди зиндагии мардум таъмин мегардад. Баргардондани қарз масъулияти бузурги давлатӣ маҳсуб меёбад."

"Вечёрка" аз пайдо шудани пулҳои тақаллубӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода ва дар матлабе навиштааст, ки "нахустин пулҳои тақаллубиро кормандони марказҳои савдо, бозорҳо ва истгоҳҳои бензинфурӯшӣ ошкор карданд. Ин фикр мавҷуд аст, ки пайдо шудани пулҳои тақаллубӣ, ба хусус "5 сомонӣ" ба паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бастагӣ дорад. Аммо Бонки Миллӣ ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, пулҳои тақаллубӣ ҳеҷ гуна дарҷаҳои муҳофизатӣ надоранд ва танҳо дар коғазҳои типографӣ чоп шудаанд."