Дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, форуми тоҷирону соҳибкорони ду кишвар баргузор шуд.
Ин нишаст дар меҳмонсарои “Шератон”-и шаҳри Қарочӣ бо ширкати 350 тоҷиру соҳибкори тоҷику покистонӣ доир шуда, раисҷумҳур тоҷирони покистониро барои ширкат ва сармоягузорӣ дар тарҳҳои иқтисодиии Тоҷикистон даъват кардааст.
Ба гуфтаи дипломати тоҷик, ҳайати кишвар таи ду рӯз дар шаҳри Қарочӣ, ки маркази тиҷоратии Покистон ба ҳисоб меравад, бо раҳбарони ширкатҳои гуногун ва тоҷирони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод ва аз бандари ин шаҳр дидан кард.
Ӯ афзуд, "бандарҳои Қарочӣ ва Гводар барои ворид кардани молу колои дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ва интиқоли тавлидоти Тоҷикистон ба дигар давлатҳо басо муносибанд, зеро наздиктарин бандарҳо барои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд."
ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР ҶОИ АВВАЛ
Зубайдулло Зубайдов гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ ва дигар мансабдорони воломақом мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ авлавият доштааст.
"Дар ин дидору гуфтугӯҳо таъкид шуд, ки ҳарчанд ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар солҳои ахир се карат афоиш ёфтааст, ва аммо он ҷонибҳоро қонеъ гардонида наметавонад, зеро мо нерӯи хело ҳам зиёди иқтисодӣ дорем, корҳои бузургеро метавонем анҷом диҳем ва дар оянда барои истифодаи ин нерӯ имкони хубтар пайдо мешавад”,-изҳор намуд дипломати тоҷик.
Зубайдулло Зубайдов афзуд, ки татбиқи тарҳи CASA-1000, ки ба хотири интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таҳия шудааст, дар меҳвари ҳама гуфтугӯҳои раисҷумҳур бо мақомоти Покистон буд. Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик таҳияи асноди марбут ба ин тарҳ комилан анҷом меёбад ва ба дунболи ин, тендер барои бунёди CASA-1000 эълон хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Зубайдов, татбиқи ин тарҳ имкон медиҳад, ки дар оянда ҳар тобистон аз 2 то 5 миллиард киловатт барқи изофии Тоҷикистон ба Покистон содир карда шавад.
АЗ ТАРҲИ CASA-1000 КИҲО НОРОЗИЯНД?
Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳои Исломобод назари мухолифини тарҳи CASA-1000-ро интишор кардаанд, ки гуфтаанд ҳукумат бояд дар рӯдхонаҳои кишвар нерӯгоҳҳои бунёд ва мардумро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Аммо Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, “Покистон ҳамасола ба 7-8 миллиард мегаватт нерӯи барқ ниёз дорад ва ин мушкил бо бунёди як нерӯгоҳ дар панҷ-даҳ соли оянда ҳал нахоҳад шуд. Аз ин рӯ Покистон ҳатман бояд барқро аз кишварҳои ҳамсоя харидорӣ кунанд."
Тарҳи CASA-1000 бояд аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ шавад. Ахиран Русия ҳам эълом дошт, ки омода аст барои татбиқи ин тарҳ то 500 миллион доллар маблағгузорӣ кунад. Маблағи умумии ин тарҳ аз сӯи ширкати канадагии Лимбверер 700 миллион доллар ҳисоб шудааст. Дар ҷараёни татбиқи тарҳ бояд дар тӯли 750 километр хатти баландшиддати интиқоли барқ сохта шавад.
ПОКИСТОН КОРХОНАИ СЕМЕНТ МЕСОЗАД?
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон тарҳҳои нави иқтисодӣ пешниҳод шудаанд.
Ӯ афзуд, “вазири сармоягузории Покистон Салим Манвелала хостори бунёди корхонаи бузурги сементбарорӣ дар Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони покистонӣ шудаааст. Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди бунёди корхонаҳои зиёди мушатарак, аз ҷумла, тавлиди дорувор ва шарбатбарорӣ ба созиш расидаанд”.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон дар Исломобод
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, ба "Озодӣ" гуфт, дар форум намояндагони ширкатҳои бузурги Амрико, Фаронса, Олмон низ ҳузур доштанд. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, ҳайати кишвар таи ду рӯз дар шаҳри Қарочӣ, ки маркази тиҷоратии Покистон ба ҳисоб меравад, бо раҳбарони ширкатҳои гуногун ва тоҷирони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод ва аз бандари ин шаҳр дидан кард.