Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба таҳаввулоти Либия

Таҳлилгарони тоҷик муборизаи оштинопазири Муаммар Қаззофӣ алайҳи мардумашро "мояи таассуф" хонданд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, мӯътақид аст, ки маҳз дахолати артиш Либияро ба "майдони хун" табдил додааст.

Ҷаноби Абдулло сиёсати зӯр алайҳи мардум тавассути Муаммар Қаззофиро бархоста аз ақидаи вай арзёбӣ кард: "Одатан мардуми инқилобгар мардуми ақидатӣ мебошанд ва барои онҳо умри инсон аҳамияте надорад. Амалӣ гаштани ақидааш муҳимтар аз теъдоди кушташудагон аст. Худо нигаҳ дорад он кишвареро, ки сарвараш ақидатӣ аст."



Ин дар ҳолест, ки ба эътирофи режими худи Қаззофӣ дар эътирозҳои ахир дастикам 300 нафар кушта шудаанд. Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар теъдоди кушташудагон дар Либияро беш аз 600 нафар хондаанд.

Аз назари Худойбердӣ Холиқназаров, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоте, ки имрӯз дар рӯбарӯи Либия аст, мушкилоти қавму қабилавии ин кишвар аст.

Вай афзуд, агар раванди воқеаҳо ба ин шакл идома пайдо кунад, тақсим шудани Либия ба эҳтимоли зиёд пеш хоҳад омад: "Дар сурате, ки артиш Троблусро дар даст бигирад, дигар минтақаҳо дар дасти тазоҳуркунандагон хоҳад буд, ки оқибаташ ба тақсим шудани Либия меорад. Ин кишвар метавонад ба ноҳияҳо ва вилоятҳои гуногун тақсим шавад."



Аммо Ниёз Мирзоев, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ, мегӯяд, Қаззофиро сарнавишти Муборак ва дигар сарони кишварҳое, ки беш аз 30 сол дар сари қудрат будаанд, интизор аст.

"Он иқдомоте, ки ҳукумати Қаззофӣ пеш гирифтааст, фақат эътирозро зиёд мекунад ва ин алангаи ҷангро бештар хоҳад кард. Дар ҳоле ки Қаззофӣ бояд аз мусолиҳа ва музокирот кор мегирфт, алайҳи мардумаш аз силоҳҳои вазнин ва бомбаҳо кор гирифт, ки ғазаби мардум зиёдтар шуд. Он ҷое, ки хун рехта шуд, дигар ба мусолиҳа расидан хеле мушкил аст"
,-афзуд ӯ.



Ба ин тартиб, иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, Муаммар Қаззофӣ, заҳамоти беш аз 40-солаашро, ки тавонист Либияро як кишвари ғанӣ ва мустақил кунад, дар ниҳоят ба дасти худ барбод хоҳад дод.

Вале аз сӯи дигар бархе аз коршиносон бар инанд, ки шояд бо рафтани Қаззофӣ, мардуми ин кишвар, бахусус насли нав аз озодиҳои бештаре бархӯрдор гарданд, аммо ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки онҳо аз имтиёзоте, ки дар ин даврон доштанд, маҳрум хоҳанд шуд.