Вокунишҳои шадиди ҷаҳон ба рӯйдодҳои Либия

Телевизиони Либия аз тазоҳуроти тарафдорони Қаззофӣ гузорииш медиҳад. 22 феврали соли 2011.

Эътилофе иборат аз 70 созмони ҳуқуқи башар хостори ихроҷи Либия аз Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ шуд.
Намояндагони ин иттиҳод аз Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун хостанд, ба хотири ҳимоят аз аҳолии Либия ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ даъват шавад.

Номаи изтирорӣ, ки аз тарафи созмони "UN Watch” дар Женева, Бунёди милли ИМА дар пуштибонӣ аз демократия, “Пизишкони бидуни марз” ва созмонҳои дигаре аз Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Олмон, Покикстон, Судон, Бритониё ва ғайра имзо шудааст, ҳамчунин ба масъулони Иттиҳоди Аврупо низ ирсол гардид.

Ин дар ҳолест, ки бо идомаи бархӯрдҳои хунин дар гӯшаҳои мухталифи Либия наздик ба 400 нафар ба ҳалокат расида, идомаи ҳокимияти Муаммар Қаззофӣ дар ин кишвар ҳар чӣ бештар зери шубҳа қарор мегирад.

Авзоъ сангинтар мешавад


Эътирозгарон дар саросари Либия биноҳои ҳукуматиро ба коми оташ кашидаанду ҳукумат бар зидди онҳо аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ кор гирифтааст. Халабонҳои камаш ду ҳавопаймои ҷангии Либия баъди гирифтани фармони оташборони гирдиҳамоӣ аз Либия ба кишвари Малта фирор намудаанд.

Бар илова чандин муттафиқи раҳбари Либия аз Муаммар Қаззофӣ рӯ гардонда, идомаи ҳукмронии ӯро таҳти суол қарор додаанд. Хабарнигорон аз Либия иттилоъ медиҳанд, ки чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар гирдиҳамоиҳои зиддиҳукуматӣ дар пойтахт Троблус ва ё Триполӣ ва камаш ду шаҳри дигарро бомбаборон карданд.

Низомиёни Миср мегӯянд, фурудгоҳи шаҳри Бенғозӣ мавриди оташи ҳавопаймоҳо қарор гирифтааст, то аз равуои ҳавопаймоҳо дар ин шаҳр ҷилагирӣ ба амал ояд. Эътирозҳои Либия маҳз дар ҳамин шаҳр оғоз ёфта буданд.

Дастурҳои шадиди Қаззофӣ


Тибқи гузориҳшои расида зарбаҳои ҳавоиро худи Қаззофӣ фармон додааст. Ӯ дар телевизиони Либия зуҳур намуда, таъкид кард, ки маълумот дар бораи фирори ӯ ба Венесуэла дурӯғи маҳз аст. Қаззофӣ дар майдони Сабзи Триполи дар назди тарафдоронаш суханронӣ намуд.

Ҳамзамон телевизиони Либия изҳор намуд, ки гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ болои эътирозгарон асоси воқеӣ надоранд.

Аммо гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, дар эътирозҳо бар зидди ҳукми 41-солаи Қаззофӣ камаш 400 нафар ба қатл расидаанд.

Вокунишҳои байнулмилалӣ


Рӯзи душанбе эътилофи иборат 70 созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки масъалаи бозхонди узвияти Либия аз Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ-ро дар миён гузошта, ҷиноятҳои эҳтимолии режими Қаззофӣ бар зидди мардуми ин кишварро мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.

Дабири кулли СММ Бан Ки-мун ҳам бар зидди хушунати режими Қаззофӣ садо баланд кард: “Мақомоти Либия бар зидди эътирозгарон аз оташи ҳавопаймову чархбол истифода бурдаанд. Ин амал ғайри қобили қабул буда, бояд фавран мутаваққиф гардад.”

Баъзе дипломатҳо ба СММ пешниҳод кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз куштори зътирозгарон минтақаҳои мамнуъ барои парвози ҳавопаймоҳои Либия ташкил кунанд. Дар ин байн сафирони Либия дар Лига ё худ Ҷомеаи кишварҳои араб, Ҳиндустон ва СММ эълон карданд, ки онҳо ба мардуми ин кишвар содиқанд, на режими Муаммар Қаззофӣ.

Кишварҳои олам низ таъқиби эътирозҳоро маҳкум кардаанд. Комиссари умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Катрин Аштон мегӯяд: “Мо таъқиби давомдори эътирозгарон дар Либияро маҳкум мекунем ва аз хушунату марги мардуми мулкӣ мутаассиф ҳастем. Мо даъват мекунем, ки истифодаи нерӯ бар зидди эътирозгарон фавран қатъ гардад ва ҷонибҳо аз таҳаммуд кор гиранд.”

Ҷомеаи кишварҳои араб ҳам тасмим гирифтааст, рӯйдодҳои ахири Либияро, ки боиси фирори ҳазорҳо нафар ба Аврупо гардидааст, мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идомаи тазоҳурот дар Либия