Дар шашумин рӯзи тазоҳурот дар Миср ҳам ҳазорон нафар дар Қоҳира ҷамъ омада, хостори истеъфои Муборак шуданд.
Мисри бостонӣ бо аҳолии 80-миллионафариаш ҳанӯз ҳам дар гирдоби нооромӣ ва тазоҳурот аст. Агарчӣ рӯзи якшанбе дар Миср рӯзи корӣ буд, аммо ба бонкҳо ва макотиб фармон додаанд, то масдуд боқӣ бимонанд.
Дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Миср то кунун бештар аз 100 тан кушта ва бештар аз 1000 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тазоҳурот, ки аз Қоҳира оғоз шуд, ба шаҳрҳои Искандария ва Суетс ҳам густариш ёфт. Дар Искандария дуввумин шаҳри бузурги Миср, тазоҳургарон бо нерӯҳои амниятӣ бархӯрд карданд.
Тазоҳурот шаби гузашта ба хушунату ғоратгариву харобкорӣ омехт, ки ин ҳама босуръат дар саросари Миср густариш ёфт ва умедвории мисриҳо аз тағйири демократиро бо тарс аз бебандубориҳои иҷтимоӣ омехта кард.
Шаҳри Қоҳира дирӯз ғоратгариву харобкории зиёдеро шоҳид шуд ва ҳамингуна шаҳрҳои дигари Миср. Ғоратгарон фурӯшгоҳҳо, бонкҳо ва мағозаҳои ҷавоҳиротро ғорат карданд. Дуздон ба Осорхонаи маъруфи Миср низ ворид шуда, ба ду мумиёни бостонӣ осеб расониданд ва нодираҳои таърихиро ҳам дуздиданд.
Ҳазорон зиндонӣ ҳам баъди тирандозӣ ва даргирӣ бо посбонҳо аз зиндонҳо гурехтаанд. Нооромиҳо дар Миср, ба думболи ошӯбҳои монанд дар Тунис ва Яман ба вуқӯъ пайваст, ки ин нигаронии кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳониро барангехтааст.
Фаластиниён марзи худ бо Мисрро бастаанд ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, имрӯз гуфт, бо ҳадафи ҳифзи субот ва амният дар минтақа таҳаввулоти Мисрро бодиққат мушоҳида мекунад.
Бан Ки-мун, Дабири кулли Созмони Милал, имрӯз дар ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди Африқо дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон аз мисриҳо хост хушунат накунанд ва гуфт, рӯйдодҳои Миср бояд ба раҳбарони кишварҳои дигари ҷаҳон як дарс бошад: "Мо, раҳбарони саросари ҷаҳон, бояд ба садои мардум, хостаҳои онон ва мушкилоти онон, умедвориҳояшон ба ояндаи беҳтар, ҷиддитару амиқтар гӯш диҳем."
Дар дохили Миср, Ҳуснӣ Муборак, ки 30 сол боз раиси ҷумҳур аст, барои ҳифзи ҳукумат ва ба даст гирифтани назорати авзоъ даступо мезанад. Агарчӣ ҳукумати Миср рӯзи шанбе расман истеъфо дод, аммо ин тағйир зоҳиран ба гӯши тазоҳургарон нарасидааст, ки ҳамчунон ба тазоҳурот идома медиҳанд ва хоҳони истеъфои худи Ҳуснӣ Муборак ҳастанд.
Баъд аз шаби беназмиҳову ғорат ва харобкорӣ нерӯҳои артиши Миср имрӯз барои ҳифозати иншооти муҳим сафарбар шуданд.