Азсаргирии муҳокимаи зиндониёни Гуантанамо

Барои авввалин бор дар даврони маъмурияти Барак Обама, комиссияи низомии ин кишвар муҳокимаи маҳбусони зиндони Гуантанаморо аз сар хоҳад гирифт.
Дар матлабе, ки рӯзи чоршанбе рӯзномаи "Нюйорк Таймс" ба табъ расонд, гуфта мешавад, эҳтимол ҳафтаҳои оянда вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс қарори манъи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии маҳбусони зиндони низомии ИМА дар Гуантанамои Кубаро лағв мекунад.

Барак Обама Гуантанаморо бастанӣ буд...

Ҷои ёдоварист, ки аз рӯзи савгандёдкунии Барак Обама дар моҳи январи соли 2009, муҳокимаи маҳбусони Гуантанамо аз тарафи комиссияи низомии ИМА манъ шуда буд. Ибтидо Барак Обама пешниҳод кард, ки муҳокимаи парвандаҳои зиндониёни Гуантанамо дар додгоҳҳои мулкии ИМА доир гашта, дар давоми як соли маъмурияти ӯ, зиндони Гуантанамо баста шавад.

Вале моҳи гузашта Конгресс тахсиси сармоя барои интиқоли маҳбусони Гуантанамо ба зиндони давлатии ИМА-ро тасдиқ накард ва имкони муҳокима дар додгоҳҳои ИМА-ро аз байн бурд.

“Нюйорк Таймс” аз нақли мансабдорони амрикоӣ овардааст, ки шояд дар давоми чанд ҳафтаи оянда муҳокимаи айбномаҳои беш аз 30 маҳбуси Гуантанамо оғоз ёбад. Дар ҳамин гузориш тахмин зада шудааст, ки шояд дар навбати аввал, трибунали низомӣ муҳокимаи Абдураҳим Ношириро барпо намояд. Ин шаҳрванди Арабистони Саудӣ бо тарҳрезӣ дар бомбгузории киштии “Коул”-и ИМА дар соли 2000-ум муттаҳам мешавад. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки дар соҳилҳои Яман раҳандозӣ шуда буд, 17 маллоҳи амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.

Истифода аз шеваи "вотербординг"

Агар ҷурми Ноширӣ собит шавад, ӯ аввалин фарди муттаҳам ба терроризм хоҳад буд, ки дар додгоҳи низомии ИМА муҷозот мешавад. Таваҷҷӯҳ ба муҳокимаи Ноширӣ аз он сабаб ҳам зиёд хоҳад буд, ки ӯ ҳамроҳ бо ду нафари дигар мавриди “вотербординг” ва ё техникаи махсуси бозпурсӣ қарор гирифтааст, ки дар ҷараёни он чашмони фарди муттаҳам баста мешаванд ва рӯяш зери об қарор мегирад.

Феълан истифодаи “вотербординг” манъ шудааст ва муфаттишони Лаҳистон, ки мавҷудияти зиндони махфии хадамоти кашфи ИМА дар ин кишварро таҳқиқ мекунанд, ба Ноширӣ мақоми "қурбонӣ" тақдим кардаанд.

"Нюйорк Таймс" ҳамчунон ҳадс мезанад, ки эҳтимол додгоҳи низомӣ ба муҳокимаи Аҳмад Дарбӣ даст занад. Ӯ ҳам шаҳрванди Арабистони Саудӣ буда, бо кӯшиши нокоми ҳамла ба киштиҳои нафткашон дар гулӯгоҳи Ҳурмузи Халиҷи Форс муттаҳам мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар Гуантанамо наздик ба 170 маҳбус ва аз ҷумла панҷ фарди муттаҳам дар тарҳрезиву иҷрои ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои ИМА нигаҳ дошта мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар борҳо муомилаи бад ва таҳқиру шиканҷаи маҳбусон дар зиндони Гуантанаморо танқид кардаанд.