Таҳлилгарони тоҷик таҳаввулоти ахири Тунисро як ҳушдор барои раҳбарони худкомаи кишварҳои Осиёи Марказӣ меноманд ва таъкид мекунанд, ки агар онҳо шеваи сиёсати худро тағйир надиҳанд, ба норозигии мардум рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Ҳаводиси сиёсии Тунисро мардуми Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои байналмилалии телевизионӣ ва расонаҳои хориҷӣ дунбол доранд ва яке аз мавзӯъҳои муҳиме, ки дар утоқҳову хиёбонҳо сари забонҳост, ҳамин воқеаҳои Тунис аст.
Тақрибан 10 моҳ қабл мардуми Тоҷикистон айнан дар бораи таҳавулоти сиёсии Бишкек сӯҳбат ва изҳори назар мекарданд.
Таъсири рӯйдодҳои Тунис ба кишварҳои минтақа
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, агар ҳодисаи Қирғизистон чандон ба руҳу ҳуши сарварони кишварҳои ҳамсоя таъсир накард, вале ҳодисаи Тунис ҳарчанд як кишвари дурдаст аст, таъсири бештар ба фазои ин кишварҳо хоҳад кард. Зеро худкомагӣ, яккатозӣ ва ба давраҳои тулонӣ дар курсии президентӣ ҳифз намудани шахси худ, ки ба фасоду хонаводагӣ овардани ҳукумат бин Алӣ боис шудааст, ба шеваи ҳукуматдории аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ шабоҳат дорад.
Саидумар Ҳусайнӣ ба ин бовар аст, ки ҳоло ҳам сарварони ин кишварҳо шонс доранд, бо фаро додани гуш ба садои мардум cабукӣ ба вазъи иҷтимоии ҷомеа аз чунин бархӯрдҳои дастҷамъонаи мардуми худ дар канор монанд.
Дар ҳамин ҳол парлумони Қазоқистон тасмим гирифтаст, ки мавзӯи то соли 2020 тамдид кардани салоҳиятҳои Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистонро ба раъйпурсии сартосарӣ гузошта, ба ин роҳ аз баргузории интихоботи президентии соли 2012 дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад. То соли 2020 Нурсултон Назарбоев ба синни 80-сола хоҳад расид.
Таҳлилгарон дахолати фарзандон ва наздикони президентҳо ба сиёсат ва фазои иқтисодии кишварро як амали худкомагии дигари президент Назарбоев медонанд, ки пеш аз ҳама боиси норозигии мардум мегардад.
Режимҳои осебпазири Осиёи Марказӣ
Ҳануз дар соли 2003 парлумони Тоҷикистон низ бо баргузории як референдум синни номзадӣ ба курсии перзидентиро ки аз 35 то 65 сол мушаххас буд, синни шасутпанҷро ҳазф намуд ва давраи президентиро ба ду навбати ҳафтсола таъйир дод.
Ба қавли Парвиз Муллоҷонов, коршинсои дигари тоҷик, ҳарчанд таҳаввулоти сиёсии Тунис як бонги изтироб барои низомҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, вале ба сурати умум сарварони ин кишварҳо ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати худро дар дохили кишвари худ дигар намекунанд, зеро шикастани низомҳое, ки онҳо барои ҳукумати дарозмуддати худ эҷод кардаанд, мушкил аст.
Ба қавли Парвиз Муллоҷонов, чунин низомҳо дар аксари ҳолат бо хашми мардум дучор мешаванд, чуноне ки дар Тунис ва Қирғизистон рух дод.
Аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳодисаи Тунис аслан ба вазъи Тоҷикистон на ба ҳукумати кишвар ва на ба мардуми ин кишвар таъсир нахоҳад кард, зеро аксари кулли мардум пас аз интихоботҳои сиёсӣ аз натиҷаи раъйҳои худ ноумед шуда, дигар аз паи зиндагии худ мебошанд. Ва аксари онҳо зиндагии худро дар беруни кишвар суроғ доранд ва ба фикри ин нестанд, ки дар дохили кишвар чӣ мегузарад.
Ба қавли онҳое, ки таҳаввулоти Тунисро дунбол доранд, менталитети мардуми Тоҷикистон комилан аз мардуми Тунис фарқ мекунад ва ҳануз дар зеҳни мардуми Тоҷикистон таъсири нооромиҳои солҳои ҷанги дохилӣ муассир аст ва барои нооромие ки боиси буғранҷ гаштани сартосари кишвар шавад, худдорӣ мекунанд.