Тошканд хостори бозгашт ба созишномаи ҳавопаймоӣ шуд

Узбакистон бо ироаи пешниҳод дар мавриди танзими парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар ҳарими ҳавоии худ алоқаманди баргаштан ба созишномаи даврони даҳ соли ахир шуда, аммо ҳамзамон имтиёзотеро талаб кардааст. Ин созишномаро Тошканд шаш моҳ қабл бекор карда буд.
Бар асоси созишномаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз соли 1994, назорати парвози ҳавопаймоҳо дар қисмати шимоли Тоҷикистон бар ӯҳдаи Узбакистон ва дар қисмати ҷануби ин кишвар дар ихтиёри Тоҷикистон буд. Аммо ҷониби Узбакистон тобистони соли ҷорӣ ин созишномаро бекор кард ва барои гузаштани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон аз ҳарими ҳавоиаш андоз ҷорӣ кард.

Тасмими Узбакистон чӣ ҳадафе дорад?

Ҳамакнун баргашти ҷониби Узбакистон барои назорат бар ҳарими ҳавоии шимоли Тоҷикистон ба чӣ маънист ва чаро Тошканд чунин бархӯрдеро дар заминаи ҳавопаймоӣ бо Тоҷикистон рӯи даст гирифт? Ва пайомади ин муносибот чӣ хоҳад шуд?

Мақомоти ҳавонавардии Узбакистон тасҳеҳ ва пешниҳодоти хешро барои такмили созишномаи танзими хадамоти парвозҳо ба мақомоти Тоҷикистон пас аз шаш моҳ аз замони бекор кардани мувофиқатномаи қаблӣ фиристоданд. Дар ин муддат ҳамкориҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Узбакистон бар асоси муваққатии пулакӣ, ки ҷониби Тошканд онро таҳия карда буд, сурат мегирад.

Тибқи ин созишномаи муваққатӣ, ҳар кишвар масъулияти назорат бар ҳарими ҳавоии худро дорад. Ин дар ҳолест, ки то 26 июни соли ҷорӣ назорати ҳаракат ва таъмини амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳо дар фазои вилоятии Сурхондарёи Узбакистон бар ӯҳдаи Душанбе ва ҳамин тавр ҳарими ҳавоӣ дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон ба дӯши Тошканд вогузор шуда буд.

Ҳам назорати ҳарими ҳавоӣ ва ҳам талаби пул...


Азиз Набиев, сардори раёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон, гуфт, ҳамакнун ҷониби Узбакистон мехоҳад то ҷое дубора ба чунин шеваи хадамот баргардад, аммо бо имтиёзоти бештар. Ба ин маънӣ, ки ҳам назорати қисмати шимоли Тоҷикистонро дошта бошад ва барои парвозҳои ҳавопаймоҳо пул напардозад ва ҳам қисмати ҷанубии кишварашро худаш назорат кунад. Аммо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯянд, ба ин пешҳниҳоди ҳамтоёни узбакашон розӣ шуда наметавонанд ва онро рад кардаанд.

Азиз Набиев мегӯяд, шевае, ки ҳоло роиҷ аст, онҳоро қонеъ месозад. Ӯ афзуд: «Ҳар кас дар марзи худаш, Тоҷикистон дар марзи худаш, Узбакистон дар марз худаш. Мо кишвари соҳибистиқлолем ва бояд назорати марзҳои худро дошта бошем».

Ин мақоми ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ танзими хадамоти парвозҳо ба сурати қаблӣ, яъне муддати беш аз 16 соли ахир буд, нахоҳад шуд. Бо вуҷуди он, ки ба гуфтаи вай, барои ҷониби Тоҷикистон танзими хадамоти парвозҳои ҳавопаймоҳо дар қисмати ғарби ин кишвар ва ҷануби Узбакистон то ҷое барои фуруд омадани ҳавопаймоҳо, мушкилот дорад.

Пушаймонии Тошканд

Аммо чаро Узбакистон аз ибтикори худ пушаймон аст ва мехоҳад қисмати шимолро таҳти назорат дошта бошад? Азиз Набиев, сардори раёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон, дар ин робита гуфт, «пас аз он ки ҷониби Узбакистон созишномаро бекор кард, ҳамакнун онҳо фаҳмиданд, ки дигар ҳам назоратро аз даст додаанд ва ҳам пулро».

Тасмими Узбакистон барои бекор кардани созишномаи қаблӣ замоне гирифта шуд, ки Узбакистон нисбати Душанбе, ба истилоҳ, маҳдудиятҳоеро, назири боздошти қаторҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави кишвараш роҳандозӣ намуд.

Коршиноси тоҷик Ҷумъаи Мирзо мӯътақид аст, ки Узбакистон хост дар заминаи танзими парвози ҳавопаймоҳо болои Тоҷикистон фишор орад, аммо дар ниҳоят ҳамакнун иштибоҳашро дарк кардааст.

Ҷаноби Мирзо гуфт: «Ҷониби Узбакистон фикр кард, ки роҳи ҳавоиро танзим кунад ва ба Тоҷикистон фишор орад, шояд Тоҷикистон ба ин тоб наорад. Чун инҷо мавзӯи пул матраҳ аст. Тоҷикистон ба пешниҳоди Узбакистон розӣ шуд ва боз ҳам Узбакистон мехоҳад ба шеваи замони шуравӣ ва 16 соли ахир баргардад, то манфиаташро аз даст надиҳад».

Ҳамакнун ин суол боз мемонад, ки оё ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари танзими хадамоти парвози ҳавопаймоҳо аз тариқи ҳарими ҳавоии кишварҳояшон ба мувофиқа хоҳанд расид ё хайр? Ин дар ҳолест, ки мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистое мегӯянд, онҳо бори дигар бо ҳамтоёни узбакашон аз ширкати «Узбакаэронавигатсия» сари ин масъала гуфтугӯ ва мавқеъҳояшонро рӯшан хоҳанд сохт.