Созиши "Чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир"

Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Русия, Афғонистон, Тоҷикистон ва Покистон бо имзои санаде «Чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир"-ро ташкил карданд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон пайваста таъсиси камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро тақозо мекард.
Масъулони давлати Тоҷикистон аз иқдоми раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир истиқбол карданд. Бобоҷони Шафеъ, як масъули Агенти мубориза бо маводи мухаддир ин тасмимро аз орзуҳои даҳ соли ахири ҷониби Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт: «Ин иттиҳод имкон хоҳад дод, то мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар марзҳои ин кишварҳо ба таври густарда сурат бигирад ва ин кишварҳо бо ҳам дар заминаи решакан кардани қочоқи маводи мухаддир ҳамкории хубе дошта бошанд».

Талошҳои НАТО алайҳи кишти маводи мухаддир

Мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон, ба хусус кишту тавлиди маводи мухаддир, мояи нигаронии на танҳо кишварҳои минтақа, балки тамомии ҷомеаи ҷаҳонист. Талошҳои НАТО барои решакан кардани кишту тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон то ҳол натиҷаи муассир надоштааст.

Ин аст, ки НАТО Русияро низ барои муборизаи муштарак дар ин замина даъват кард ва бар асари як рейди бесобиқаи муштараки нерӯҳои ИМА, Афғонистон ва ҷосусони Русия дар марзи Покистон дар моҳи октябр миқдори зиёди маводи мухаддир кашфу мусодира шуд.

Амнияти Абдуназар, коршиноси масоили амниятӣ, бар ин назар аст, ки талошҳои «чаҳоргона» танҳо дар сурати истифода аз нерӯи Амрико муассир хоҳад буд.

«Ҳамкорӣ бо Амрико зарурист, чун Амрико дар Афғонистон ҳузур дорад. Бе кишварҳои абарқудрат ва ҳукумати Афғонистон решакан кардани маводи мухаддир ғайриимкон аст», -мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Бобоҷони Шафеъ, масъули Оҷони мубориза бо маводи мухаддир, мегӯяд, Амрико ва мутаҳидонаш дар Афғонистон аз ин иқдоми чаҳор кишвари минтақа пуштибонӣ мекунанд. Маҳз гирифтори мубориза бо тероризм будани ин нерӯҳо онҳоро то ҷое аз муқобала бо маводи мухаддир дар Афғонистон дур кардааст.

Тарҳи ҷилавгирӣ аз масири шимолии қочоқгарон

Ҳамакнун иттиҳоди миёни Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар қисмати шимолии Афғонистон мебошад. Зеро тибқи оморҳои СММ, 15 дарсади тамоми тарёки Афғонистон ва 20 дарсади тамоми ҳероини тавлиди Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар интиқол дода мешавад.

Ҳарчанд расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои идораи мубориза бо маводди мухаддири федероли Русия мегӯянд, 90 дарсади маводди мухаддир ба Русия аз Тоҷикистон интиқол меёбад. Аммо гузориши СММ ҳокист, ки то 30 дарсади маводи мухаддири Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид мегардад, ки дар беҳтарин ҳолат фақат 5 дарсад он мусодира мешавад.

Бар асоси ин гузориш, солона беш аз 90 тонна ҳероин тавассути Осиёи Марказӣ асосан ба бузургтарин бозори миллӣ, яъне Русия, интиқол меёбад.

Сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ дар зарфи даҳ соли ахир беш аз 70 тонна маводи мухаддири қочоқии афғониро мусодира кардаанд.
Аммо дар ҳоле, ки ҳадафи «Чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир» танҳо масири шимол аст, пас қисмати ҷануби Афғонистон, ки масири Покистон ва Эрон мебошад, сарфи назар хоҳад шуд?

Коршинос: Ҷалби Эрон ба чаҳоргона зарур аст

Алиризо Хандарӯ, коршиноси амнияти минтақа, бар ин бовар аст, ки бидуни Эрон масъалаи маводи мухаддир ва коқочи он ҳал нахоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: «Беш аз ними маводи мухадири коқочӣ аз Афғонистон ба Аврупо тариқи Эрон сурат мегирад ва бе ширкати Эрон ин кор самар нахоҳад дод. Агар Эрон ҷалб нашавад ва дар нишасти чаҳорҷониба ширкат надошта бошад, боз ҳам маводди мухаддир манобеи молиашро аз тариқи транзит тавассути Эрон пайдо хоҳад кард».

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, дар миёни кишварҳое, ки коқочи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо тариқи кишварҳои ҳамсояи он сурат мегирад, мақоми аввалиро Эрон, дуввумиро - Покистон ва саввумиро - Тоҷикистон ишғол мекунад.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ба далели мухолифати Амрико ба Эрон Русия намехоҳад, ки ин кишварро низ ба «чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир» дар Афғонистон ҷалб созад. Аммо Амрико бо Покистон мушкиле нахоҳад дошт ва соҳибназарон низ мӯътақиданд, ки дар мубориза алайҳи маводи мухаддир Покистон тавассути Амрико ҳимояти молӣ хоҳад шуд.

Зимнан, бар асоси гузоришҳои СММ қаламрави кишти хашхош дар Афғонистон ба беш аз 180 ҳазор ҳектор мерасад. Мизони тавлиди афюн 8200 тоннаро ташкил додааст. Ба гузориши ин созмон, танҳо дар соли гузашта муомилот бо маводи мухаддири Афғонистон солона 65 миллиард доллар фоида овардааст, ки бахши асосии он барои таъмини молии ошӯбҳо масраф шудааст.