Додситонии ноҳияи Файзобод алайҳи Атовулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ҳамин ноҳия ва ҳамсару фарзандони ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Додситонӣ ӯро бо пайвандонаш ба авбошӣ муттаҳам кардааст, зеро ӯ ва беш аз 300 сокини деҳаи Заркамар, ба иддаои муфаттишон, як моҳ қабл дар баробари ҳайати ҳукумати ноҳия, ки мехостанд хонаашро тавассути булдозер хароб кунанд, истодагарӣ ва муқовимат кардааст.
Гумонбарони 6 ва 8-сола
Атовулло Рақибов дар тамосе бо радиои Озодӣ гуфт, кормандони милиса ва додситонӣ кӯдакони 6 ва 8-солаи ӯро ҳам ба ҳайси «гумонбар» шомили парвандаи ҷиноӣ кардаанд:
«14-уми сентябри ҳамин сол прокурори Файзобод, кормандони милиса, ҳукумати ноҳия ва теъдоде аз сарбозон бо экскалатор боз омаданд, то хонаи моро чаппа кунанд. 300-400 нафар сокинони деҳаи Заркамар, аз ҷумла кӯдакону наврасон, тайи чанд соат дар назди манзили зисти мо нагузоштанд, ки манзили моро хароб кунанд. Баъзе кӯдакон, шояд аз беақлӣ бошад, ки шишаи булдозерро бо санг шикастанд. Барои ҳамин, ки мо манзили худро ҳифозат кардем, нисбат ба оилаи мо парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Ин парванда нисбат ба ман, ҳамсарам, 4 фарзанди ноболиғам, ки хурдиашон 6 ва 8-сола мебошанд, ҳамчунин нисбат ба апаам ва хоҳарам ифтитоҳ шудааст».
Ба гуфтаи ҷаноби Рақибов, вай ва аҳли оилааш танҳо аз моликияти худ дифоъ кардаанд ва бо кормандони мақомоти ҳукуматӣ дастбагиребон нашудаанд. Вай афзуд, ҳайати ҳукуматӣ дар даст ҳеҷ ҳалнома ё ҳукми додгоҳро барои тахриби манзили зисти ӯ надоштааст, ягона санадеро, ки ба хароб кардани хонааш иҷоза медиҳад.
Мақомот: Рақибов заминро худсарона ишғол кардааст
Мақомоти ноҳияи Файзобод сабаби хароб кардани ин хонаро аз сӯйи Атовулло Рақибов худсарона ишғол шудани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ бунёд кардани манзили зист меноманд.
Ва аммо худи Атовулло Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд кардааст ва дорои сертификати ҳуқуқи истифода замин мебошад.
Намояндагони ҳукумати ноҳия қасд доштаанд, ки манзили Рақибовҳоро ҳамвор намуда, роҳи мошин боз кунанд. Дар ивази тахриби ин хона, ба Рақибовҳо як порча замин ваъда шудааст, аммо Атовулло Рақибов мегӯяд, ки маблағи сохтмони бинои хонаро надорад ва фарзандонаш дар пешорӯи зимистони сард бесарпаноҳ хоҳанд монд.
Вай афзуд, соли 2009-ум низ мақомоти ноҳия 7 ҳуҷраи хонаи 8-ҳуҷраии ӯро бидуни огаҳӣ хароб карданд. Он замон худи ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Ҳоло оилаи 7-нафараи Рақибовҳо танҳо дар як ҳуҷраи бозмонда аз манзилашон ба сар мебурдаанд.
Шикояти Гулрӯ Ибодова аз бархӯрди мақомот
Гулрӯ Ибодова, ҳамсари Атовулло мегӯяд, хонаи ӯ дар соли гузашта аз сӯйи мақомот бо як шеваи бераҳмона хароб шуд ва худи ӯ мавриди латукӯб қарор гирифт, аммо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ ба шикоятҳои батакрораш расидагӣ накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳукумати ноҳияи Файзобод ҳозир нашуданд, дар робита ба ин қазия, ки дар як соли ахир таваҷҷӯҳи бисёре аз расонаҳои хабариро ба худ кашидааст, изҳори назар кунанд.
Аҳлиддин Мирзоев, муфаттиши парвандаи мазкур аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия, ҳам бо ҳар баҳона аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Аммо як корманди шӯъбаи корҳои дохилии Файзобод гуфт, ҳоло ин парванда барои таҳқиқ ба ихтиёри раёсати тафтишотии вазорати умури дохилӣ супурда шудааст.
Атовулло Рақибов парвандаи алайҳи ӯ ва пайвандонаш бозшударо ғайриқонунӣ хонда мегӯяд, ахиран ба додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдааст. Аммо аз номи муовини сардори яке аз раёсатҳои додситонии кулли кишвар М. Х. Алиев посух гирифтааст, ки додситони ноҳия ба оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Рақибов ва пайвандонаш манфиатдор нест. Он гуна ки дар ин нома омадааст, парвандаи мазкур «танҳо барои зӯроварӣ ба комиссияи ҳукумати ноҳияи Файзобод ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ» нисбат ба оилаи Рақибовҳо боз шудааст.
Банди марбут ба «авбошӣ» дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои то панҷ соли маҳрумият аз озодиро барои нафари муттаҳам пешбинӣ мекунад. Ҷазои ҳадди ақал барои ин ҷинояте, ки оилаи Рақибовҳоро ба он муттаҳам медонанд, пардохти аз 35 то 70 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Атовулло Рақибов мегӯяд, дар пайи ин кашмакашиҳо ва талошҳояш барои ҳифзи манзили зист, ҳоло пайсае барои рӯзгузаронӣ ва таъмини лавозимоти таълимӣ ба фарзандонаш, ки аз мактаб канор мондаанд, надорад.