Бино ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, 12 корхонаи истеҳсолӣ дар Тоҷикистон рӯ ба муфлисшавӣ ниҳодааст. Бар илова, раиси кумитаи андози ҷумҳурӣ гуфтааст, ки парвандаи 28 корхонаи дигар дар дасти баррасии додгоҳи иқтисодӣ қарор дорад ва агар қарзи андозро насупоранд, муфлис ҳукм карда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи иқтисодӣ шаш ширкатро муфлис эълон кард.
Ба гуфтаи сухангӯи кумитаи андоз, ин шаш ширкат, ба тиҷорат машғул буда маводи сохтмонӣ ва колоҳои мухталифро ворид ва содир мекардаанд. Аз ҷумла ширкати «Бинокор ЛТД», «Сомонелит» ба воридоти масолеҳи сохтмонӣ машғул ҳастанд. Ва ин ширкатҳо танҳо бо пардохти андоз ба будҷаи давлат оидот ворид мекунанд.
Муфлисшавии корхонаҳо афзудааст
Ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод, муфлис эълон шудани ин ширкатҳо маънии қатъ кардани корро надорад, зеро раванди варшикастагӣ ё банкрот шеваҳои дигар дорад, ки бар асоси қонуни Тоҷикистон сурат мегирад. Ва ба ин далел, ин ширкатҳо ҳоло фаъолияти худро идома медиҳанд.
Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, сабаби муфлисшавии корхонаҳоро ин гуна тавзеҳ дод:
«Омили якум бастагӣ дорад ба сатҳи донишу маҳорати идоракунии раҳбари корхона. Дуввум, бархе аз корхонаҳо маҳсулоти тавлидкардаи худро фурӯхта наметавонанд, ки ин гоми аввали муфлисшавӣ аст. Саввум, иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ аст, омилҳои беруна таъсир дорад ва ба ин далел бархе аз корхонаҳо ба рақобат тоб намеоранд».
Вазири рушди иқтисод афзуд, ки муфлисшавӣ дар шароити феълӣ як амри маъмулист.Ҷаноби вазир тадобири вазорат дар ҷилавгирӣ аз муфлисшавии корхонаҳо дар шароити феълиро чунин тавзеҳ дод:
«Вазорати рушди иқтисод дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо як гурӯҳи корӣ ташкил кардааст то барои корхонаҳои ватанӣ, ки мол тавлид мекунанд, имтиёзҳои андозӣ фароҳам созанд то моли тавлидшуда дар бозор рақобат кунад.»
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик аз ин иқдоми вазорат истиқбол кард. Вале гуфт, ба андешаи вай, далели аслии муфлисшавӣ, кӯҳнагии воситаҳои истеҳсолот аст ва хуб мешуд агар вазорат на барои пардохти андоз имтиёз медод, балки кӯмаки молӣ мекард то корхонаҳои рӯ ба муфлисшави ниҳода, фановариҳои ҷадид ворид мекарданд.
Ҷаноби Умаров афзуд: «Корхонаҳои фаъол дар Тоҷикистон на танҳо дар бозори хориҷӣ балки дар бозори дохилӣ низ рақобат карда наметавонанд, ба ин далел, ки 90 дарсади воситаҳои истеҳсолот фарсуда шудаанд ва бо ин дастгоҳҳо моли бозоргир тавлид наметавон кард.»
Фарҳанги носолими рақобат
Ҷаноби Умаров далели дигари муфлисшавии корхонҳоро дар вуҷуди рақобати носолим дар бозори молӣ ва колоҳои дохилӣ хонд.
Вай афзуд: «Рақобати носолим, яъне тавассути фишангҳои зӯроварӣ берун кардани корхонаҳои рақиб аз бозор аст. Дар ҷумҳурии мо ширкатҳое аз ин шева истифода мебаранд, ки дар ҳукумат пуштибон доранд ва ё аз худи мақомдорони ҳукумат ҳастанд. Барои мисол, ширкати «Сомон ейр» монополист аст. Ва агар сиёсати ин ширкат нисбат ба рақибаш ширкати «Тоҷик ейр» ба ҳамин шева идома ёбад, дар ояндаи наздик «Тоҷик ейр» муфлис мешавад ва ширкати «Сомон ейр» ин ширкатро арзон мехарад.»
Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо низ вуҷуди рақобати носолим ба унвони яке аз омилҳои муфлисшавиро рад накард.
Вай афзуд «Рақобати носолим ҳаст, аз ҷумла масъалаҳое, ки нархҳоро ба таври сунъӣ боло мебаранд, аз ҷумлаи рақобати носолим аст. Ба илова, бархе аз ширкатҳо барои воридоту содирот беш аз андоза талош мекунанд. Дар ҳалли ин мушкил, оҷонси зидди инҳисории давлат бояд фаъолтар бошад то рақобати солимро таъмин кунад.»
Аммо Муҳаммадсолеҳ Кабиров, раиси ширкати «Бинокор Сервис» мегӯяд, ки агар 75 дарсади далели аслии муфлисшавӣ надоштани фарҳанги корхонадорӣ ва ба нақшагирии раҳбар бошад, 25 дарсади имкони муфлисшавӣ, ин гаронии андозҳо дар Тоҷикистон аст.
Роҳи бурунрафт аз бӯҳрон чист?
Вай афзуд: «НДС ё андози афзуда бар арзиш дар Тоҷикистон дубора ҳисоб мешавад. Аксари маҳсулоти воридотӣ дар марз андозбандӣ мешавад ва мо, ки ин маҳсулотро аз бозори дохилӣ мехарем, боз дубора андозбандӣ мешавад, ки барои корхонаҳои тавлидӣ, сангин аст.»
Ширкати «Тоҷиктрансгаз»-и ҷумҳурӣ дар қатори 28 ширкатест, ки парвандааш дар додгоҳ иқтисодӣ қарор дорад. Ва кумитаи андоз қарзи ин ширкатро беш аз миллион сомонӣ тахмин задаст. Ва ин қарзро дар ҳолате метавонад пардохт кунад, ки муфлис эълон шавад ва амволашро бифурӯшад.
Мақомоти ин корхона ба иддаоҳои кумитаи андоз розӣ нест. Шафқат Шоҳимов, муовини раиси ин корхона гуфт: «Ҳисоби дурусту нодурусти кумитаи андозро мо намедонем ва ба ин далел ин қазия дар додгоҳ аст, ки бояд рӯшан шавад.»
Корхонаи «Тоҷиказот» аз чанд сол бадин сӯ муфлис аст ва бо фурӯши колоҳои тавлидкардааш низ аз муфлисӣ берун нашуд, вале ҳамасола қарзи андозаш зам мешавад ва ҳоло давлат тасмим дорад ба ин корхона имтиёз бидиҳад. Вале ба қавли коршиносон, ин роҳи ҳали мушкил нест, балки давлатро зарур аст дар сиёсати андозбандии худ ва сиёсати иқтисодӣ, таҷдиди назар кунад.