Талошҳои таъсиси эътилоф дар порлумони Қирғизистон

Дар Қирғизистон пас аз баргузории интихобот, талошҳо барои таъсиси эътилоф миёни аҳзоби шомилшуда ба порлумон шурӯъ шудааст. Зеро аз панҷ ҳизби сиёсӣ, ки сади панҷдарсадиро убур кардаанд, ҳеҷ кадом мизони кофии раъйҳоро ба даст наовардааст.

Аҳзоби мухолиф ва «русиягароҳо»


Таҳлилгарон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки аҳзоби ба порлумон воридшуда ду гурӯҳ, яъне аҳзоби мухолиф ва дигаре Русиягаро ҳастанд, ташкили эътилоф дар порлумони Қирғизистон ба сахтӣ даст хоҳад дод. Бархе аз сиёсатшиносон дар Қирғизистон мегӯянд, порлумони ояндаро аҳзобе шакл хоҳад дод, ки моил ба Русия ҳастанд.

Талошҳо барои ташкили эътилоф миёни аҳзоби сиёсӣ дар порлумони Қирғизистон пас аз он шурӯъ шуд, ки ин аҳзоб танҳо дар ҳудуди то 9 дарсади раъйҳоро дар интихоботи рӯзи якшанбе ба даст оварданд. Дар ҳоле, ки барои ташкили аксарият дар порлумон ва дар ниҳоят барои ташкили ҳукумати оянда бештар аз 50 дарсади раъй лозим аст.

Ин вазъ панҷ ҳизби роҳёфта ба ҳайати порлумони Қирғизистонро ночор ба ҷустуҷӯи муттаҳидин дар байни рақибони собиқи интихоботӣ мекунад.

Ҳизбҳои пешсаф

Аммо дар интихоботи рӯзи 10 октябр аз 29 ҳизби сиёсӣ танҳо 5 ҳизб тавонист садди 5-дарсадиро убур кунад ва ба парлумон роҳ биёбад. Ҳизби мухолифи "Оту Журт" бо ҳудуди нӯҳ дарсади раъйҳо дар мақоми аввал қарор гирифта, ба дунбол ҳизбҳои Сотсиал– демократ бо 8, «Ору номус» ва Республика - бо беш аз 7-дарсадӣ ва «Ота Макон» - бо 5,6 дарсад ҷой гирифтаанд.

Айданбек Тошкенбоев, хабарнигори қирғиз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз рӯзи чоршанбе музокирот миёни ин панҷ ҳизб барои таъсиси эътилофи ҳоким оғоз шудааст, вале қазовати он ҳанӯз хеле мушкил аст, ки чӣ натиҷа ба бор хоҳад овард:

«Эътилоф миёни аҳзоб ҳатман таъсис хоҳад ёфт, зеро ҳизбҳо дар интихобот раъйи лозимро ба даст наоварданд. Аммо чӣ гуна эътилоф ва бо ширкати кадом ҳизбҳо, қазоват кардан хеле мушкил аст. Албатта вариантҳои таъсиси эътилоф ҳадс зада мешавад. Имкон дорад эътилофҳо миёни аҳзоби сотсиал–демократ, «Ота Макон» ва «Республика», ё «Ору номус» ва «Республика» ва ё «Ота Журт», Сосиал – демократ ва «Республика» сурат бигирад. Вариантҳои мухталиф тахмин зада мешавад».

Тошкенбоев мӯътақид аст, ки мавзӯи таъсиси эътилоф кори як ё ду рӯза нест. Аммо бархе аз таҳлилгарон яқиқан ба тӯл кашидани музокироти байни аҳзоби қирғизро ба сангарҳои мухталифе, ки онҳо қарор доранд, рабт медиҳанд. Ба гуфтаи ин таҳлилгарон, агар ҳизби пешсафи интихоботи порлумонии Қирғизистон «Ота Журт», ҳизби мухолиф ва аз ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи барканоршуда бошад, пас «Ору номус», ки дар раъси он Феликс Қулов, нахуствазири пешин қарор дорад, ҳизби моил ба Русия аст. Се ҳизби дигарро сиёсатшиносону таҳлилгарон ба ҳукумати муваққат марбут медонанд.

Мавқеи аҳзоби русиягаро

Бо ин ҳама Марат Қазоқбоев, сиёсатшиноси қирғиз бар ин бовар аст, ки дар таъсиси эътилофи порлумонӣ, ҳизбҳои моил ба Русия муваффақ хоҳанд шуд. Вай мегӯяд, «ба эҳтимоли зиёд, порлумони Қирғизистон дар дасти ҳизбҳои тарафдори Русия хоҳад буд. Зеро ҳизбҳои «Ору номус» ва «Республика» ҷонибдори ашадии Русия мебошанд ва имкон дорад Ҳизби сотсиал–демократ бо онҳо бипайвандад. Дар он сурат, Русия тавони таъсир ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Қирғизистонро аз тариқи порлумон хоҳад дошт».

Аммо Муқар Чолпонбоев, спикери собиқи порлумони Қирғизистон мегӯяд, дар масъалаи таъсиси эътилоф миёни аҳзоби сиёсӣ мавзӯи мансаб бештар матраҳ аст. Ба ин далел, вай танҳо имкони пайвастани се ҳизби сиёсии Қирғизистон - Сотсиал–демократ, «Ота Макон» ва «Республика» - дар як эътилофро воқеӣ медонад:

«Ман бар ин назарам, ки раҳбари ҳизби "Ота Макон" довталаби курсии нахуствазир нест, балки барои даст ёфтан ба ин мақом бештар раҳбарони аҳзоби Сотсиал–демократ ва Республика талош хоҳанд кард. Аммо аз ин сегона барои симмати президентӣ раҳбари Ҳизби сотсиал – демократ муддаист. Агар вай худро барои оянда омода кунад ва мақоми нахуствазириро ба раҳбари ҳизби Республика вогузор кунад, дар он сурат эътилоф миёни ин аҳзоб ҳосил мешавад».

Ҳамзамон Муқар Чолпонбоев, эътилоф бо ширкати ду ҳизбро, ки бархе аз таҳлилгарон матраҳ мекунад, рад мекунад. Зеро бар иловаи он, ки раҳбарони бархе аз ҳизбҳои вориди порлумон шуда, аз таъсиси як эътилофи бузург бо ширкати ҳамагии ҳизбҳо ҳимоят кардаанд, аммо таъсиси эътилоф миёни ду ҳизби пешсафи интихобот, "Оту Журт" ва "Ору Номус" низ дар бархе аз доираҳо садо медиҳад.

Вале соҳибназарон мегӯянд, ин аҳзоб наметавонанд дар порлумон аксариятро ташкил бидиҳанд. Дар ҳар сурат, тибқи қонуни Қирғизистон, ҳизбҳои Ота Журт, Ору Номус, Сотсиал – Демократ, Республика ва Ота Макон ду ҳафта дар ихтиёр доранд то бо роҳи ташкили эътилоф, аксарияти порлумонӣ ва ба ин васила кобинаи эътилофии вазиронро ташкил бидиҳанд.