Оқилбек Сариев, раиси комиссияи марказии интихобот ва баргузории ҳамапурсиҳои Қирғизистон, гуфт, ки панҷ ҳизби сиёсӣ дар раъйдиҳии 10-уми октябр пирӯз шуданд, вале онҳо маълумоти ниҳоиро расман эълон накардаанд.
Ба гуфтаи Оқилбек Сариев, комиссияи марказии интихобот баъди дастрасии нусхаҳои аслии протоколҳои ҳавзаҳои раъйдиҳӣ, натиҷаи ниҳоиро эълон хоҳанд кард. Вай гуфт, дар мақоми аввал бо ба даст овардани дастикам нӯҳ дарсади раъйҳо, ҳизби «Оту Журт» қарор дорад.
Панҷ ҳизби пирӯз ҳукуматро ташкил мекунанд
Оқилбек Сариев мегӯяд, аҳзоби сиёсие, ки садди панҷдарсадиро нагузаштаанд, унвонии комиссияи марказии интихобот муроҷиат накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати муроҷиати ин аҳзоб, комиссияи марказии интихобот ба дархости онҳо посух муносиб хоҳад дод.
Ба ин тартиб интизор меравад, ки панҷ ҳизби ғолиб ҳайати нави ҳукумати Қирғизистонро таъсис хоҳанд дод.
Қамчибек Ташиев, пешвои ҳизби «Оту журт», дар изҳороти ахири худ гуфтааст, ки Роза Отунбоеваро ба ҳайси президент эътироф мекунад ва ҳизби «Ота Журт» барои ҳамкорӣ бо ӯ омодааст.
Адахон Мадумаров, раиси ҳизби «Қирғизистони воҳид», ки садди панҷдарсадиро убур карда натавонист, мегӯяд, ҳукумати Роза Отунбаева дар ҳарос афтодааст, ки агар ҳизби ӯ ба парлумон роҳ ёбад, бо ҳизби «Ота Журт» ва «Ору Номус» эътилоф мебандад ва як ҷо алайҳи низоми парлумонӣ мубориза мебаранд.
Ба иддаои оқои Мадумаров, ҳукумат бо дасти комиссияи марказии интихобот нагузоштааст, ки ҳизби онҳо ба парлумон роҳ ёбад. Ба таъкиди Адахон Мадумаров, ҳизби «Қирғизистони воҳид» расман комиссияи марказии интихоботро аз вайрон кардани Кодекс дар бораи интихобот воқиф хоҳад кард, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Аммо Ӯмурбек Бабанов, раиси ҳизби «Республика» гуфт, ки бозгашт ба низоми кӯҳна муқобили манфиатҳои мардуми қирғиз аст. Ба гуфтаи Ӯмурбек Бабанов, ҳизби «Республика» ба бозгашти хонаводаи Боқиев ба кишвараш ҳаргиз роҳ нахоҳад дод. Вай гуфт, низоми президенти барканоршуда фақат ба ҳайси як саҳифаи таърихи кишвараш боқӣ мемонад ва аз ин ба баъд Қирғизистонро шахсиятҳои нав раҳбарӣ хоҳанд кард.
Ба таъкиди Ӯмурбек Бабанов, ҳизби «Республика» дар парлумон барои амалӣ шудани ғояи аҳзобе низ талош мекунад, ки натавонистанд сади панҷдарсадиро убур кунанд. Вай афзуд, ҳамчунин ин ҳизб равобити дӯстонаи Қирғизистон бо Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро таъмин хоҳад кард.
Бозгашт ба гузашта ногузир аст
Қубан Абдумен, яке аз коршиносони қирғиз, ба радиои Озодӣ гуфт, ки президенти кишвараш ҳаққи аввали таъсиси ҳукуматро ба аҳзобе медиҳад, ки дар интихобот раъйҳои бештари мардумро ба даст овардаанд.
Ба гуфтаи ин коршинос, эҳтимол дорад миёни ҳизбҳои сотсиал-демократ ва «Ота Мекен» ва шояд «Республика» як эътилоф ба вуҷуд ояд. Вай афзуд, ба ҳар сурат бо вуҷуди талошҳои ҳизбҳои «Ота Журт» ва «Ору Номус», Қирғизистон ба низоми президентӣ барнамегардад ва худи раҳбарони ин аҳзоб низ дарк кардаанд, ки бозгашт ба ақиб ғайриимкон аст.
Ба ақидаи иддае аз ҳамсӯҳбатони мо, барои пирӯзии ҳизби «Ору номус»-и Феликс Қулов, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешавад, ақалиятҳои миллии Қирғизистон низ саҳми хос гузоштаанд. Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол наздикону пайвандони ҳазорҳо сокини Қирғизистон, ки маҳз ба ақалиятҳои миллӣ мансубанд, дар Русия ба мардикорӣ машғуланд.
Ин қишри ҷомеаи қирғиз мӯътақиданд, ки наздик шудани Қирғизистон бо Русия аз манфиатҳои онҳо ҳимоят хоҳад кард. Як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аксарияти хонаводаи ақалиятҳои миллии кишвараш ба пул эҳтиёҷ доранд ва маҳз аъзои ин хонаводаҳо ба пули ночиз овозҳои худро фурӯхтанд. Вай гуфт, ҳодисаи овозфурӯшии раъйдиҳандагон қобили маҳкум кардан нест ва авзои иқтисодиву иҷтимоии мардум беҳбуди куллӣ мехоҳад.