Интихоботи парлумонии Қирғизистон, ба гуфтаи коршиносон, шояд муҳимтарин интихобот дар кишвар баъд аз дарёфти истиқлол бигардад. Баъд аз чанд моҳи нооромиҳо, мардуми ин кишвари на он қадар бузург, аммо аз ҷиҳати стратегӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ, рӯзи якшанбе парлумони худро интихоб хоҳад кард.
Охирин имтиҳони сангини Отунбоева
Аз нигоҳи коршиносон, раъйдиҳии рӯзи 10 октябр охирин имтиҳони ҷиддӣ барои ҳукумати раисиҷумҳур Роза Отунбоева хоҳад шуд, ки баъд аз ҳаводиси хунини баҳори соли равон ва аз мақом барканор шудани раиси ҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев сари қудрат омад.
Барои 120 курсии парлумони нав, теъдоди бесобиқаи аҳзоби сиёсӣ - 29 ҳизб талош хоҳанд кард. Ваколатҳои ин парлумон баъд аз ҳамапурсии моҳи июн ва аз низоми президентӣ ба низоми парлумонӣ гузаштани кишвар густариш ёфтааст.
Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ки “бо вуҷуди овозаҳо ва шакку шубҳаҳо интихобот баргузор хоҳад шуд. Мо ба ин маърака муддати тулонӣ омодагӣ гирифтем ва кори зиёдеро анҷом додем, Барои раъйдиҳӣ ҳама чиз омода аст ва мо омодаем, ки бо ҳама гуна мушкилот руёрӯӣ кунем.”
Дар ҳамин ҳол хатари дубора сар задани хушунату низоъ дар Қирғизистон боқӣ мемонад.
Ин ҳафта издиҳоми мардуми бахашмомада ба дафтари ҳизби миллатгарои “Ота-Юрт” дар Бишкек ҳамла карда ҳама варақаҳои таблиғотии ин ҳизбро ба коми оташ андохтанд.
Низоъи қавмӣ интихоботро пешгӯинашаванда сохт
Аз нигоҳи таҳлилгарон, чанд ҳизбе, ки дар барканории Боқиев аз мақом саҳм доштанд, яъне ҳизби “Ота-Макон”-и раиси пешини парлумон Омурбек Текебоев ва ҳизби сотсиал-демократи сарвазири собиқ Алмосбек Отамбоев шонсҳои бештари пирӯзӣ дар интихоботи парлумониро доранд.
Ҳадс зада мешавад, ки ҳизби “Оқ-Шумқор”-и Темир Сариев, номзад ба мақоми раисиҷумҳур дар интихоботи соли 2009 низ, аз курсиҳои парлумон бенасиб нахоҳад монд.
Ва аммо Тинчтикбек Чороев, коршиноси масоили сиёсӣ аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки низоъи қавмӣ дар ҷануби кишвар ва тафриқа миёни манотиқи шимол ва ҷануби Қирғизистон интихоботро пешгӯинашаванда сохтааст.
Ба гуфтаи ӯ “аҳзоби аслие, ки баъди инқилоби 7-уми апрел сари қудрат омаданд, ҳизби “Ота-Макон”-и Омурбек Текебоев ва ҳизби сотсиал-демократии Алмосбек Отамбоев мебошанд. Ва аммо баъди нооромиҳои моҳи июн, авзоъи сиёсӣ дар Қирғизистон тағйир ёфт ва ин ду ҳизб метавонанд вориди парлумон шаванд ва аммо на бо он тавоне, ки то моҳи июн доштанд”.
Мухолифин ба ҳамлаи ҷавобӣ омодагӣ мегиранд
Як назарпурсии 1500 интихобкунанда, ки аз сӯи СММ анҷом дода шуд, ҳокист, ки аз ҳизби “Ота-Макон” сездаҳуним дар сад ва аз ҳизби сотсиал-демократ ёздаҳуним дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол аҳзоби мухолифи ҳукумат аз пуштибонии онҳое бархурдор хоҳад шуд, ки талоши ноком сохтани ислоҳоти Қонуни асосӣ ва бозгашт ба низоми президентиро доранд.
Нерӯмандтарини онҳо ҳизби миллатгарои “Ота-Юрт”-и вазири пешини вазъи изтирории Қирғизистон Қамчибек Тошиев аст, ки аз пуштибонии мардуми манотиқи ҷануби кишвар бархурдор аст.
Дигар ҳизби нерӯманди мухолифи ҳукумат – Ҳизби “Оруномус”-и сарвазири пешин Феликс Қулов аст, ки аз сӯи Русия пуштибонӣ мешавад.
Қулов, ки дар нерӯҳои интизомӣ ҷонибдорони зиёд дорад ва лавҳаҳои интихоботӣ ӯро чун “сипари оҳанини қонун” муаррифӣ мекунанд, ваъдаи эҳёи низоми президентӣ дар кишварро кардааст.
Эрика Марат, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, бисёриҳо умед надоштанд, ки Қулов тавони дигарбора ба ҳаёти сиёсии кишвар баргаштанро хоҳад дошт, зеро ӯ замони раёсати Боқиев нуфузи худро аз даст дода буд.
Ба гуфтаи хонум Эрика, Ҳизби “Республика”-и муовини пешини сарвазир Омурбек Бабанов ҳанӯз дар мавриди бо кадом нерӯ пайвастан тасмим нагирифтааст. Ин ҳизб, ки низ тавони вуруд ба парлумонро дорад, шояд дар ташкили эътилофи ҳукмрон нақши муҳим бигирад.
Ситоиши САҲА аз интихоботи Қирғизистон
Ахиран Ҷенс Наген Эшенбахер, намояндаи Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек аз маъракаи интихоботи парлумонии Қирғизистон ситоиш кард ва гуфт, ки “ҳамаи аҳзоби сиёсӣ тавонистанд бидуни мушкил ва эҷоди монеъаҳо маъракаи таблиғотиии худро анҷом диҳанд”.