Нигаронии муҳоҷирони корӣ аз вазъи Рашт

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия хостори дарёфти иттилоъ дар бораи авзоъ дар водии Рашт шудаанд. Фирдавс аз номи гурӯҳи муҳоҷирон аз Маскав бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чун робитаи телефонӣ бо минтақаи Рашт қатъ шудааст, онҳо аз имкони дарёфти иттилоъ дар бораи вазъи зодгоҳашон маҳрум мондаанд.
Ӯ гуфт, “модару падару зану фарзанд ва пайвандони мо дар онҷоянд ва чанд рӯз боз аз ҳоли онҳо хабар надорем”. Фирдавс афзуд, онҳо намедонанд, ки дар ин бора ба кӣ муроҷиат кунанд. “Мо хоб намеравем, ҳама дар ғами онанд. ки дар ватанамон чӣ мегузарад... Ҳеҷ кас намедонад, ки ин ҷанг то кай давом мекунад ва чӣ гапу хабар аст дар он ҷо. Аз деҳаи ҳамсоя як кас кушта шуд, ӯ рафиқу бародари ман буд, ки рӯзи 19 сентябр мурдааст. Онҳоро кӣ мекушад ва оё дар мардуми Ғарм гуноҳкор аст?”.

Фирдавс ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар баъзе сомонаҳои интернетӣ дар ҳаводиси ахир мардуми Раштро айбдор кардаанд.

Шунавандаи дигари Радиои Озодӣ Зиёратшоҳ Қандов ҳам аз Маскав бо мо тамос гирифт ва гуфт, афродеро, ки ҳоло номашон сари забони расонаҳои хабарист, дар Рашт зиёд медиданд. Ӯ афзуд, ки “онҳо гунаҳкор набуданд, дар он ҷо мисли дигар мардум аз пайи ризқу рӯзияшон буданд, ҳам Аловуддин ва ҳам Мирзохуҷа кор мекарданд ва фақат тарафдори халқи камбағал буданд”.

Зиёратшоҳ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки “дар ин ҳодиса чанд кас бегуноҳ кушта шудааст, дар Ғарм, дар қишлоқҳо ҷанг рафта истода бошад, одамҳо кушта мешаванд”. “Мо нигаронем, он ҷо модар дорем, акаву бародар, хоҷагӣ дорем, хонаву дар дорем... Ҳукумат он ҷо 6-7 ҳазор аскар бурдааст, мисли солҳои 1992-1993 боз дуздӣ сар мешавад...” –изҳор намуд муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Маскав.