Афғонистон парлумони навро интихоб мекунад

Субҳи имрӯз дарҳои ҳудуди 7 ҳазор қитъаи овоздиҳӣ дар Афғонистон ба рӯи раъйдиҳандагон боз шуд. Интизор меравад дувоздаҳ миллион шаҳрванди соҳиби ҳаққи раъй дар дуввумин интихоботи Вулуси Ҷирга, ё маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар пас аз фурӯпошии режими Толибон ширкат кунанд.
Вале таҳлилгарон бовар доранд, ки шумори раъйдиҳандагон дар интихоботи имрӯза ба маротиб камтар хоҳад буд. Ба гуфтаи онҳо, ширкати ҳадди аққал нисфи раъйдиҳандагон далели муваффақ шудани ҳукумати Кобул хоҳад буд.

Барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ё худ Маҷлиси Поёнии Шӯрои Миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон 2500 номзад сабт шудааст. Ҳамчунин барои 33 курсии парлумонӣ аз шаҳри Кобул, ки 3 миллион аҳолӣ дорад, 664 номзад мубориза мебаранд.

Аз курсиҳои порлумон ҳадди ақал 25 дарсад барои номзадҳои зан пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои комиссиюни марказии интихоботи Афғонистон, барои ин курсиҳо беш аз 400 зани афғонистонӣ рақобат мекунанд.

Ширкати занони номзад дар нахустин интихоботи парлумонии Афғонистон дар соли 2005 низ фаъол буд, вале комиссиюни марказии интихоботии ин кишвар мегӯяд, дар интихоботи навбатӣ шумори номзадҳои зан ба таври чашмрас афзудааст.

Тадобири шадиди амниятӣ дар Кобул

Бино ба хабарҳои расида аз Кобул, субҳи имрӯз дар ин шаҳр се инфиҷор рух додааст, вале то ҳол иттилои бештаре дар бораи таркишҳо ва хисороти он нашр нашудааст. Қаблан намояндагони ҳаракати тундрави Толибон эълом карда буданд, ки дар рӯзи интихоботи парлумонӣ ҳамлаҳои даҳшатафканӣ анҷом хоҳанд дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Tight Security For Afghan Elections



Дар рӯзи интихобот тамоми ҳавзаҳои Кобул боз шудаанд, вале мақомоти комиссияи марказии интихоботи Афғонистон қаблан эълом карданд, ки бо сабабҳои амниятӣ аз ҳудуди 7 ҳазор қитъаи интихоботӣ беш аз ҳазор қитъаи овоздиҳӣ фаъол нахоҳанд буд.

Дар ин рӯз афсарони пулису сарбозони артиши ин кишвар дар чорраҳаҳо ва биноҳои муҳими давлатӣ аз халтаҳои хок истеҳком бунёд намуда, посгоҳҳояшонро бо мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшидаву дар кӯчаҳо корвонҳои низомӣ бо сарбозони мусаллаҳ рафту омад мекунанд. Мақомоти Афғонистон исрор меварзанд, ки онҳо ҳозиранд ба ҳар навъ ҳамлаи террористӣ муқовимат нишон диҳанд.