Бозиҳои даври 23-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Бозии муддаиёни унвони қаҳрамонӣ - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки бозии марказии ин давр маҳсуб мешуд, бо натиҷаи мусовии 1-1 ба анҷом расид.
Ин бозӣ пешакӣ, 9-уми сентябр, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Фаррух Чориев, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Ҷаҳонгир Ҷалилов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 64-ум ҳисобро баробар намуд.
Дар бозии дигари даври гузашта дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки барои ҷои севум талош дорад, 11-уми сентябр дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 6-1 шикаст дод. Голҳоро аз дастаи мизбон Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Мирзобек Мирзоев, Ҷамолиддин Оев, Обидҷон Исмоилов (аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра) ва Далер Шарифов ба самар расонданд. Голи шашуми «Хайр»-ро меҳмонон ба дарвозаи дастаи худ заданд. Як голи «Равшан» ба Тоҳир Рустамов мутааллиқ аст.
Ду бозии дигари даври 23-юми мусобиқот 12-уми сентябр баргузор шуд. Бозии рақибони аслӣ барои ба даст овардани медали биринҷӣ - «Вахш» ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки 12-уми сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Воқеъан, дар ин бозӣ нимҳимоятгар Рустам Хоҷаев, капитани «Вахш», дар дақиқаи 85-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Баъди зарбаи ӯ тӯб ба тири дарвозаи меҳмонон зад. Бояд гуфт, ки дар ин дидор нимҳимоятгар Давид Давидсони 24-сола, легионер аз Гана, барои аввалин бор дар ҳайати дастаи «Вахш» ҳунарнамоӣ кард.
Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд.
Дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин «Истиқлол» бо 50 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 49 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 36 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/T | И |
1. | «Истиқлол» (Душанбе) | 20 | 15 | 5 | 0 | 43-10 | 50 |
2. | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
| 21 | 15 | 4 | 2 | 59-13 | 49 |
3. | «Хайр» (Ваҳдат) | 20 | 11 | 3 | 6 | 38-24 | 36 |
4. | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 20 | 9 | 6 | 5 | 24-19 | 33 |
5. | ССКА«Помир» (Душанбе) | 21 | 7 | 7 | 7 | 22-30 | 28 |
6. | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 21 | 6 | 5 | 10 | 29-38 | 23 |
7. | «Энергетик» (Душанбе) | 20 | 5 | 3 | 12 | 24-35 | 18 |
8. | «Парвоз» (Б.Ғафуров) | 20 | 4 | 3 | 13 | 21-41 | 15 |
9. | «Равшан» (Кӯлоб) | 21 | 1 | 2 | 18 | 15-65 | 5 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10, Нӯъмонҷон Ҳакимов «Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9-голӣ.
Даври 24-ум
18 сентябр (панҷшанбе)
«Истиқлол» – «Вахш»
«Энергетик» – «Регар-ТадАЗ»
19 сентябр (якшанбе)
ССКА «Помир» – «Хайр»
»Парвоз» – «Хуҷанд»