Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, ба сабаби бӯҳрони молиявӣ ва эҷоди монеаҳои сунъӣ аз ҷониби Узбакистон дар амри ворид шудани молу колои Тоҷикистон, қисми даромади буҷаи давлатӣ иҷро нашуд ва, 366 миллион сомонӣ ба буҷаи давлатии Тоҷикистон ворид нагардид.
Танҳо аз ҳисоби манъ шудани вагонҳои ҳомили молу коло дар қаламрави Узбакистон, иқтисоди Тоҷикистон дар бахши даромад аз воридот 65 миллион доллари амрикоӣ зиён дидааст.
Оқои наҷмуддинов мегӯяд: «Давомнокии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва инчунин аз ҷониби кишвари Узбакистон эҷод намудани монеаҳои сохта ба иқтисоди давлати мо, ба иҷроиши буҷаи давлатии ҷумҳурӣ таъсири бевосита расонида истодааст. Аз ин лиҳоз, иҷрои нақшаи даромади буҷа дар ин давра 93,5% ва буҷаи ҷумҳуриявӣ бошад, 84% таъмин гардиду халос. Яъне ба буҷа мутаносибан 147 миллион сомонӣ ва 219 миллион сомонӣ ворид нагардид...»
Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон шарҳи вазорати молияи кишварро дар робита ба камомад дар буҷаи давлатӣ, зери суол мебаранд.
"Ин даъво чандон мантиқӣ нест"
Қаландар Садурдинзода, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ин далел, ки гӯё манъи вагонҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар Узбакистон ва эҷоди монеаҳо ба рушди иқтисоди кишвар аз ҷониби давлати ҳамсоя, сабаби камомад дар буҷаи Тоҷикистон будааст, чандон мантиқи қавӣ надорад.
Ба андешаи ҷаноби Садурдинзода, ҷамъоварии садҳо миллион сомонӣ маблағи шаҳрвандон ва соҳибкорон барои саҳмияи нерӯгоҳи Роғун (то 20-уми июл аз ҳисоби фурӯши саҳмия ва сертификатҳо беш аз 819 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ба суратҳисобҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ворид шудааст), камбуди маблағи нақд дар гардиши иқтисодӣ сабаби аслии заъфи иқтисоди миллӣ мебошад:
«Пеш аз саҳмия ғундоштан ҳам назарияҳо гуфта мешуд, ки пуле, ки ҷамъ мешавад, агар ин маблағ «хоб» равад ё он гардиш нахурад, ба буҷаи Тоҷикистон албатта хисороте ба бор меорад. Баъд ҳам ҳамин тавр шуд. Маблағе, ки имрӯз аз тариқи саҳмия аз шаҳрвандон ҷамъоварӣ шуд, ин пул дар бонкҳо истодааст. Бисёре аз соҳибкоронро водор карданд, ки ба миллионҳо сомонӣ саҳмия харанд, пули нақд дар дасти мардум намонд. Акнун соҳибкорон аввал ин ки пули кофӣ надоранд, ва сониян, онҳо метарсанд, ки ба воридоти молу коло машғул шаванд...»
Аммо як роҳҳалли мушкили мавҷударо вазорати молияи Тоҷикистон дар дарёфти қарзи боимтиёзи Бунёди зиддибӯҳронии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АврОсиё маънидод мекунад.
Қарзи АврОсиё - роҳи ҳалли мушкил?
Ба гуфтаи вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов, ахиран ҳукумати Тоҷикистон ба созмони мазкур бо далелҳо собит кард, ки бӯҳрони сартосарии молиявӣ ва эҷоди монеаҳо аз ҷониби кишвари ҳамсоя, ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонид ва барои якумин бор ба дарёфти 70 миллион доллари амрикоӣ қарзи молиявии ин созмон комёб шуд:
«Мо барномаи махсус таҳия карда, ба шӯрои директорони Фонди зиддибӯҳронии АврОсиё пешниҳод намудем. Дар ин барнома пеш аз ҳама коҳиш ёфтани даромадҳои давлатӣ аз таъсири бӯҳрони молиявӣ ва инчунин кам шудани қудрати воридотии иқтисодиёти мамлакат ва он сабабҳое, ки имрӯз монеасозиҳои сунъӣ шуда истодаанд оид ба транзити молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додем. Ҳамаи ҳамин мушкилотро ба назар гирифта, Шӯро барномаи Тоҷикистонро дастгирӣ кард. Тоҷикистон якумин давлати узви АврОсиё аст, ки ба дарёфти қарз аз Фонди зиддибӯҳронӣ ноил шудааст...»
Ба гуфтаи вазири молия, маблағи қарзи дарёфтшуда асосан барои пӯшиш додани касри буҷа ва маблағгузории бахши иҷтимоии кишвар равона карда мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бинобар дарёфти қарзҳои молиявӣ, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба иттилои вазорати молия, феълан қарзи давлатии кишвар аз марзи як миллиарду 775 миллион доллари амрикоӣ гузаштааст, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ чизе беш аз 31 фисад мебошад.
Беш аз як миллиард доллар қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҷумҳурии мардумии Чин, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд рост меояд.